wrapper

Хабарҳо

ИОМДОА

ИОМДОА

КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: САҲМИ АКАДЕМИК БАРТОЛД В.В. ДАР ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ТАМАДДУНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

   Академияи илмҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо иттилоъ медиҳанд, ки 28 –уми июни соли 2019 Конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Саҳми академик Бартолд В.В. дар омӯзиши таърих ва тамаддуни Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад. Муфассал ...

РАВАНДИ МУҲОҶИРАТ ДАР ОЛМОН

   Муҳоҷират яке аз мушкилотҳои асосии мамолики дунё маҳсуб меёбад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки муҳоҷират бештар дар давлатҳои Ғарб, ба вижа дар Аврупо, Амрико ва Канада ба назар мерасад. То ҷое, ки коршиносони соҳа масъалаи мазкурро дар пажӯҳишҳои худ нишон доданд, зимни муҳоҷират рӯз ба рӯз бархӯрдҳои зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба миён меоянд. Ин масъалаи муҳим ва мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, сайёраи Заминро ба таҳлука андохтааст. Зимнан қайд намудан ба маврид аст, ки ба раванди ин мушкилот ба низоми ҷаҳонишавӣ низ таъсирии худро гузошта метавонад. Роҷеъ ба ин масъала мо паҳлуҳои гуногуни ин масъаларо дар яке аз давлатҳои абарқудрати Аврупо, Ҷумҳурии Федеративии Олмон (ҶФО) таҳлил намудем.
   Имрӯз Олмон дар олам яке аз кишварҳои пешсаф дар масъалаи муҳоҷират буда, пас аз ИМА аз рӯи омори муҳоҷиратӣ, ки ба кишвар ба муддати дароз меоянд, дар мақоми дуюм меистад. Тақрибан 20 % аҳолии Олмон муҳоҷир ё наслҳои онҳо ҳастанд. Муфассал ...

Осиёи ҷанубӣ: Муноқишаҳоро бояд канор гузошт!

   Донишу маърифат, муфоҳимату муросо ва ҳамсоягӣ поя ва сутунҳои устуворе мебошанд, ки суботи минтақа ва афзоиши тиҷорат ва саноату савдоро рушд ва нуму мебахшанд. Ин ҳама васоиле ба шумор мераванд, ки бо воситаи онҳо субот ва оромии минтақавиро пойдор нигоҳ дошта, зиндагии шоистаи мардум ва пешравии иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳоро кафолат медиҳад. Ҳар миллату қавме, ки дорои чунин хусусиятҳо мебошад, дер ё зуд мувафаққиятро ба даст хоҳанд овард. Дар тӯли таърих бисёр миллатҳое буданд, ки зуру тавоноӣ доштанд, аммо ба сабаби набудани хислатҳои мазкур ба шикаст мувоҷеҳ шуданд. Муфассал ...

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
Copyright © 2019 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/