wrapper

Хабарҳо

ИОМДОА

ИОМДОА

НАВРӮЗИ ШЕЪР

Комил Бекзода
   Наврӯзи ишқ
   Раҳ ба сӯи ёр дорад ин дили шайдои ман,
   Ҷуръати Мансур дорад ишқи бепарвои ман.
   Назди ӯ розу ниёзи мо надорад эътибор,
   Гарчи ранге заъфаронӣ дид дар симои ман.
   Ахгаре дар синаи имрӯзи худ афкандаам,
   Шӯълаҳо хоҳад дурахшид аз дили фардои ман.
   Як тараф шарҳу баёни ҳикмату илми вуҷуд,
   Як тараф нозу адои дилбари зебои ман.
   Дӯстон гӯянд, Комил, охир ин девонагист,
   Оре, оре, ин бувад пинҳону ҳам пайдои ман.
                                                                 (30-X-1991)
 
   Наврӯзи Зарафшон
   Тоҷи ҳиммат ин заминро Тоҷикистон кардааст,
   Партави Хуршед оламро хуросон кардааст.
   Қимати мулки Зарафшонро ба зар натвон шинохт,
   Оташи суғдӣ Зарафшонро зарафшон кардааст.
   Наварӯсонро, ки мебинӣ чу ахтар беҳиҷоб,
   Шеваи озодагӣ дар ишқ ҷавлон кардааст.
   Гарчи дарди бедавои марг домангири мост,
   Ҷони моро кимиёи ишқ дармон кардааст.
   Хоби хуш бодо ҳалолат, эй зи маънӣ бехабар!
   Хоби моро маънии байте парешон кардааст.
   Кӯҳсорони ҷаҳонро дидаӣ? Санганд, санг!
   Шеъри Комил сангро лаъли Бадахшон кардааст!
                                                                     (V-2000) Муфассал ...

Наврӯз- ҷашни куҳанбунёду ҳамешаҷавон

   Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварест, ки ташаббускори ҷаҳонишавии Наврӯзи байналмилалӣ мебошад. Бо заҳмату талош ва ташаббуси бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иқдом амалӣ гардид. Наврӯзи фархундапайи ормону орзу ва куҳанбунёд аз нав бо тобишҳои рангини тоҷикона эҳё гардид, ки ҳар сол бо шаҳомати хос дар Тоҷикистон таҷлил мегардад. Муфассал ...

Нашри китоби "Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил"

Муаллиф: Оймаҳмадов Маҳмадамин- номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ

 Дар ин китоб муаллиф ҳодисаҳои солҳои охири асри ХХ ва аввали асри ХХI-ро қаламдод намуда, сабабҳо ва зарурияти бунёди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ошкор менамояд. Аз  фурсати муносиби роҳбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин созмон истифода бурда, дар китоб, дар шакли мухтасар робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамаи кишварҳои ИДМ, аъзо ва намояндагони ин созмон  баён  гардидааст. Муфассал ...

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
Copyright © 2019 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/