wrapper

Хабарҳо

ИОМДОА

ИОМДОА

Дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар дар асоси МҲТБО

   Тоҷикистон Раёсати Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро барои солҳои 2018-2020 бар ӯҳда дорад, ки ҳамоиш панҷумини он 15 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ин маъракаи байналмилалие, ки зиёда аз 27 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ узви он ҳастанд, барои муаррифӣ ва баланд гардидани обрӯю эътибор ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ такони ҷиддӣ бахшид. Аз кишварҳои арабӣ, давлати Қатар, Лубнон, Фаластин, Урдун, Баҳрайн ва Амороти Муттаҳидаи Араб низ ба ин созмони байналмилалӣ шомиланд. Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ низ равобити амиқи фарҳангию дӯстӣ дорад, ки дар он раванди муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, ҷиҳати ҳамкории масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмиву фарҳангӣ як қатор дастовардҳои мондагорро анҷом додаанд. Муфассал ...

Машварати ҳамкории Душанбе ва паёмадҳои он

   15-уми июни соли 2019 пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе ҷойгоҳи вохурии асосии сарони давлатҳои ҳамоиши Саммити 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё буд. Ба ин муносибат Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯчаву хиёбонҳои пойтахтро гулрезу гулбез карда, ба он либоси тозаву зебо пушонид. Симои зебои оростаи шаҳри Душанбе, фаввораҳо ва чароғҳои ранга ҷиҳати осудагии меҳмонони олиқадр дар фазои орому ороста, дубора расму оини қадимии меҳмоннавозии миллати тамаддунофари тоҷикро дар Осиё ба таваҷҷуҳи ҷаҳониён расониданд. Муфассал ...

МАШВАРАТИ ҲАМКОРӢ ВА ТАДБИРҲОИ БОВАРӢ ДАР ОСИЁ

   Мусоҳиба бо директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо оид ба нақши Созмони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар ҷаҳон Муфассал ...

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
Copyright © 2019 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/