wrapper

Хабарҳо

ИОМДОА

ИОМДОА

Нигоҳе ба Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё

  Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ин созмони бонуфузи минтақавиест, бо ташаббуси Қазоқистон дар соли 1992 асос гузошта шуда, мақсади он ҳамкории сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар доираи кишварҳои аъзои созмон буда, амнияти дастаҷамъии Осиёро дар назар дорад. Ҳамзамон моҳи феврали соли 2002 Шоҳигарии Таиланд дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ-Шарқӣ ғояи машварти ҳамкории Осиёро бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории байниминтақавӣ, ки тавонад дар оянда ҳамчун асоси ҳамкориҳои умумиосиёӣ хизмат кунад, пешниҳод кард.
Муфассал ...

Назаре ба геополитикаи Тоҷикистон ва дастовардҳои он

 (Дар ҳошияи баргузории Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё)
  Минтақаи Осиё макони таърихиест, дорои кишварҳои гуногун, ки ҳар яке он пур аз манобеъ ва сарватҳои табии мебошанд. Осиё ба қавли Муҳаммад Иқбол "як пайкар  обу гил" аст, ки ҳамаи кишварҳои аъзои он метавонанд, аз дороиҳои он хуб истифода кунанд ва минтақаро заминаи фарохе барои рушду тавсиаи тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва амн табдил диҳанд. Ҳар узви минтақаи Осиё бояд барои таҳким ва суботи он кушиш намояд ва талош кунад, то ҳамгироии минтақавии он таҳким ёбад.

Ҳунарҳои мардумӣ – муаррификунандаи миллат

   Бо мақсади вусъат бахшидан ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд.
   Дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳамияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омадаанд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд, вале расидан ба ҳадафҳои пешниҳодшуда як сол басанда нест”. Аз ин рӯ, се сол паи ҳам “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид. Муфассал ...

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
Copyright © 2019 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/