wrapper

Хабарҳо

Мақолаҳо

МЕРОСИ МАВЛОНО ВАСЛГАРИ ФАРҲАНГҲОСТ

   Ба муҳаққиқон ва ҳаводорони осори ирфонӣ маълум аст, ки тасаввуф яке аз равияҳои асосии ирфонӣ дар кишварҳои Шарқ, бахусус Шарқи исломӣ мебошад. Қатъи назар аз ин ки муносибати гурӯҳҳои динӣ илмӣ ва иҷтимоӣ ба тасаввуф чи гуна буда, яъне муносибати мусбат ё манфӣ, таълимоти тасаввуф дар давоми асрҳои X-XIX ва ҳатто асри XX-ум ҳамчун ақидаи фарогир оид ба инсон ва мақоми ӯ дар ҷаҳон ташаккул ёфтааст. Ин равия ақидаи динӣ, идеалистӣ ё пантеистӣ аст, ҷавоби якранг дода наметавонем, зеро тасаввуф дар доираи дини ислом рушду нумӯ ёфтааст ва мутафаккирони бузурги он ҷавҳари асосии таълимоти ислом-ваҳдониятро эътироф кардаанд ва онро ҳамчун меҳвари таълимоти худ қарор додаанд. Аз тарафи дигар он як таълимоти идеалистӣ, зеро ба баҳсҳои фалсафӣ низ даст зада, барои радди акидаҳои моддигароии зурвония, даҳрия, машшоия ва ғайра як силсила ақидаву далелҳоро пешниҳод намудааст.

Муфассал ...
Хондан 325 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Энергетический рынок Центральной Азии

   В советский период существовала Объединенная энергосистема Средней Азии, которая была образована в 80-е годы и соединяющая энергосистемы Узбекистана, Таджикистана, Кыргызстана, Туркменистана и Южного Казахстана. В состав этой системы входили 83 электростанции, которых объединяло линия мощностью 220 и 550 кВ. Узбекистан являлся региональным энергетическим хабом так как только Узбекистан граничил со всеми республиками Средней Азии. 

   Нужно отметить, что энергетическая проблема Центральной Азии появилась после распада Советского Союза. Общая энергосистема и единая система водопользования исчезла вместе с СССР. Водноэнергетический вопрос стал играть важную роль в двусторонних отношениях центрально-азиатских стран в том числе и для Таджикистана с Узбекистаном.

Муфассал ...
Хондан 515 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Мавлоно омӯзгори пиндору гуфтору кирдори нек

   Пешгуфтор

   Андешамандони замонаҳо дар ин ҷаҳони пур аз рамзу роз талош варзидаанд, ки ҳадафи офариниши Одаму Олам ва рисолати инсонро аз рӯзи ба рӯйи Замини ноошно по ниҳоданаш пайдо кунанд. Файласуфони доно, сухангустарони тавоно, диноварони ҷӯё ҳар кадоме андешаи дигаронро гаҳе росту дуруст ва гаҳе норосту нодуруст пиндошта, гумони худро ҳақиқати мутлақ ва ё наздик ба он пиндоштаанд. Дар он рӯзгороне, ки араб ба сарзамини донишсолорони Эрону Хуросон пой ниҳода боварҳои исломро чун ҳақиқати ниҳоӣ қабулонданд, гузаштагони мо пас аз пофишориҳои зиёд дини навро пазируфтанд, аммо пас аз чирамандии тозиён низ андешаҳои давраи пешазисломиро раҳо накарда, дар боварҳояшон  аз онҳо кор гирифтаанд. Ба огаҳони таърихи  истилои араб равшан аст, ки тозиён пас аз чирамандӣ ба марзу буми эронитаборон ба худ бартарии нажодӣ бахшида касонеро ки араб набуданд «маволӣ» (موالی) , мамлук ва кишварҳои ишғолкардаашонро «мамолик» и худ  медонистанд. Дар ҳамон замон тоҷикону эронитаборони озодманиш бар ин нотавонбиниҳо вокунишҳое аз худ нишон медоданд, ки онро арабҳо «ҳаракати шуъубия» унвон карда буданд ва ин ҷунбиши инкорсози бартариҳои нажодӣ, табақотӣ ва ҳатто динӣ, ки хостгори баробарии мутлақ буд, барои дастгоҳи халифаҳои Рошидини ба салтанати  Бани Уммия ва Банни Аббос табдил гашта, хуш наомад. Дар бораи ҷунбиши шуъубия донишманди пуркори тоҷик устод Комил Бекзода асари пурарзишеро ба интишор расондаанд, ки бояд гуфт подоши беҳамтое барои ҷӯяндагони таърихи истодгариҳои тоҷикону эронитаборон дар рӯёрӯи тозиёни бартарипараст мебошад. Унвони асари устод Комил Бекзода, ҳамчун ҳаракати дигарандешон - диссидентҳо, («Шуубия: диссиденты средневекового ислама») ниҳоят гӯёву баҷост. Аз ин ки ҳадафҳо ва паёмадҳои ҳаракати шуъубияро ин донишманди нуктабин бо иқтибос аз пажӯҳишҳои ховаршиносони машриқиву мағрибӣ, пурра китобат кардаанд, мо аз бозгӯии нукоти он худдорӣ мекунем.

Муфассал ...
Хондан 230 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Таҳқиқоте дар бораи тоҷикони Афғонистон

   Оғози таълифи асарҳои таҳқиқӣ-таърихӣ дар бораи миллати мо бо номи «Тоҷикон» шуруъ аз «Тоҷикон»-и А.Д. Гребенкин (1872) оғоз мешуд, ки дорои таърихи тақрибан 150-сола мебошад. Вале то ба имрўз ба аксарият маълум набуд, ки 210 сол муқаддам, яъне соли 1808 дипломати бритониёӣ-Моунтстуарт Элфинстон ба тарзи зисту зиндагӣ, машғулият ва хислатҳои тоҷикони куҳистони Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир карда, мушоҳидаю пажуҳиши хешро бо номи «Тоҷикон» дар китобаш «Афғонон: ҷой, фарҳанг, нажод (Гузориши салтанати Кобул)» ҷой додааст.

   Ин китоби ҳаҷман хурдро, ки аз хати форсӣ ба тоҷикӣ Ҷумъахон Сайдалӣ баргардон намудааст, аслан мақолаест ба қалами дипломати бритониёӣ – М.С. Элфинстон ба тарзи зисту зиндагӣ, машғулият ва хислатҳои тоҷикони кўҳистони Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир карда, мушоҳидаю пажўҳиши хешро бо номи «Тоҷикон» дар китобаш «Афғонистон: ҷой, фарҳанг нажод (Гузориши салтанати Кобул)» ҷой додааст. Дар он тарзи зисту зиндагӣ, машғулият ва хислати тоҷикони кўҳистони Афғонистон дар ибтидои асри XIX мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.

Муфассал ...
Хондан 1018 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/