wrapper

Хабарҳо

Мақолаҳо

Санади сарнавиштсози миллат

  Муҳимтарин ва волотарин воқеаи даврони навини таърихи тоҷикон дастёбӣ ба Истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб меравад. 9 сентябри соли 1991 Иҷлосияи 12-уми ғайринавбатии Шӯрои олӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд. Ин санад роҳу равиши ҷомеа ва сарнавишти халқи тоҷикро ба куллӣ дигаргун сохт. Тоҷикон баъди ҳазор сол аз нав соҳибдавлат гардиданд. Тавлиди давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо қаноатмандӣ  истиқбол намуд. Дар зарфи як соли истиқлолият Тоҷикистон аз тарафи 58 давлати дунё ба расмият шинохта шуда, бо онҳо робитаҳои дипломатӣ барқарор намуд. Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Халқии Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Туркия аз нахустин давлатҳое буданд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро барасмият шинохта, сафорат ва намояндагиҳои дипломатии худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд.

Муфассал ...
Хондан 88 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Ғизои солим-саломатии насли фардои ҷомеа

  Инсоният аз ибтидои мавҷудияти худ пеш аз ҳама ба ғизо ниёз дорад ва ҳама вақт талош барои истеъмоли ғизои солим менамояд. Бояд зикр кард, ки тамоми мамолики дунё барои беҳбудии ҳаёти шаҳрвандон як қатор шароитҳо муҳайё месозад ва вобаста ба он қонуну қарорҳои дахлдорро тасдиқ мекунанд.

Муфассал ...
Хондан 104 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Об зару Тоҷикистон заршинос

Ба ифтихори конференсияи байналмилалӣ 

таҳти унвони "Об барои рушди устувор"  солҳои 2018-2028 ва ҷашни Ваҳдат 

  Об яке аз арзишмандтарин ва муҳимтарин  сарвату неъмати бебаҳоест, ки тамоми мавҷудоти олам аз он истифода карда, ҳаёт ба сар мебарад. Онро метавон чун ганҷинае  донист, ки тамоми башарият аз он  истифода мебарад. Ин ганҷинаи пурқимат ягона қувваи ғизої мебошад, ки тавассути он тамоми ҳастии дунё энергияи тоза гирифта, месабзанд. Мо метавонем онро чунин маъниндод карда бигуем, об як маҳлулест, ки ба воситаи истифодаи он ҳар чизе  дубора ҳаёти тоза гирифта, симову чеҳраашро табъи навин мебахшад. Ва лизо он аз унсури муҳими табиа буда, дар тамоми ҳаёти башарият нақши муҳимеро иҷро менамояд.

Муфассал ...
Хондан 193 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Ислоҳоти Мейҷӣ дар Ҷопон-намуна барои кишварҳои рӯ ба рушд

 Пешгуфтор

  Аз замоне ки инсоният низоми давлатдориро ба роҳ монд, миллатҳои соҳибдавлат таҷрибаи кишварҳои хориҷиро барои ба роҳ мондан ва такмил додани умури сиёсиву муносибатҳои тиҷоративу фарҳангии худ мавриди омӯзиш қарор медоданд. Дар ин росто, аксаран кишварҳои аз ҷиҳати ҳарбиву иқтисодӣ қавӣ кишварҳои дигарро меомӯхтанд ва дар асоси донишҳои андухтаашон тасмим мегирифтанд. Дертар ин ҳама омӯзишҳо барои мустамлика сохтани кишварҳои Шарқу Африқо низ гузаронида мешуд. Барои аз худ кардани сарватҳои табиии дигар кишварҳо ва дарёфти бозор ҷиҳати фурӯши маҳсулоти саноатии худ кишварҳои пешрафта сараввал кишварҳои мавриди назари худро меомӯхтанд ва баъд ҳадафҳои худро амалӣ мекарданд.

Муфассал ...
Хондан 78 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/