wrapper

Хабарҳо

Мақолаҳо

Афзоиши синфи миёнаи исломӣ ва соҳибкорӣ дар Осиёи Марказӣ

   Пас аз се даҳсола мо тағйироти муҳими иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣро, ки бар мабнои иқтисоди бозаргонӣ мутобиқ аст, мушоҳида менамоем. Дини ислом ба ҳама мавзӯҳои асосии бозори ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, василаи талабот барои исиқлолияти фард дар замони ҷаҳонишавӣ қарор гирифтааст.

Муфассал ...
Хондан 168 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Робитаи дӯстонаи Тоҷикистону Ӯзбекистон

    Решаҳои дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек ба умқи асрҳо расида, аз қадимулайём муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягӣ миёни онҳо устувор буд. Таърих гувоҳи он аст, ки ин ду миллат дар якҷоягӣ сарзамини худро, борҳо аз ҳуҷуми аҷнабиён наҷот дода, онро аз харобазор ба гулистон табдил карда, ба насли имрӯзу фардо ва ҷаҳониёноҳроҳи бузурги абрешим ва марказҳои тамаддуни худро дар симои Бухорову Самарқанд, Ҳеваю Балх, Тошканд, Панҷакент, Хуҷанд ва Ҳисор ба мерос гузоштанд.

Муфассал ...
Хондан 390 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Арабистони Саудӣ — шарики муҳим дар раванди ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ барқарор ва инкишоф додани робитаҳои бисёрҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ фарҳангӣ бо кишварҳои ҷаҳони ислом, аз ҷумла давлатҳои арабӣ, мебошад. Ҳолати мазкур ба он асос ёфтааст, ки ин кишварҳо имкониятҳои бузург барои рушди ҳамкориҳо бо Тоҷикистонро дар аксари соҳаҳо доранд.

Муфассал ...
Хондан 130 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Нигоҳи муқоисавӣ ба минтақаҳои сайёҳии Озорбойҷону Тоҷикистон

    Осиёи Миёна ва Қафқоз минтақаест, ки дорои фарҳанг ва тамаддуни бой аст. Он дар аксари навиштаҷот ва таълифоти муаррихони ғарбу шарқ зикр шудааст, ки то имрӯз дар санадҳои расмӣ маҳфуз аст. Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон шомили ин минтақа буда, соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуд. Ин имконият медиҳад, ки сайёҳон ва муаррихони ҷаҳон аз ин фарҳангу тамаддун боз ҳам бештару хубтар огоҳӣ пайдо кунанд. Барои бознигарӣ ва мурур аз ин осор ва ҳунарҳои мардумӣ таҳлили муқоисавие ба Тоҷикистон ва Озорбойҷон менамоем, то саҳифаи таърихро барои сайёҳон бозкӯшоӣ кунем.

Муфассал ...
Хондан 310 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/