wrapper

Хабарҳо

Мақолаҳо

Муруре ба илми ховаршиносӣ

   «Шарқшиносӣ» ва «Ховаршиносӣ» тарҷумаи истилоҳи инглисии «Orientalism» мебошад. Гарчи вожаи «orient» ва «east» ҳар ду ба маънии «Шарқ» аст, аммо «east» ғолибан ба маънии ҷиҳати шарқии ҳар чиз ба кор меравад ва гоҳе мумкин аст ба маънии «Машриқзамин» истифода шавад. Калимаи «orient» бошад, ба маънои сарзаминҳои воқеъ шуда, дар шарқи Баҳри Миёназамин ва Аврупо аст. Шояд ба ҳамин ҷиҳат шарқшиносӣ ва мусташриқ аз калимаи дуввум иқтибос шуда, истилоҳҳои «Orientalism» ва «Orientalist» ривоҷ ёфтаанд.

Муфассал ...
Хондан 409 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Нигоҳе ба омӯзиши ҷаҳони Ғарб

(қисми муқаддимавӣ)

   Таърих гувоҳ аст, ки Шарқ ва Ғарб робитаи ҳазорсола доранд ва робитаҳои илму фарҳанг ин ду сарзаминро бо ҳам мепайванданд. Ин гуна ҳамгироӣ ва пайвандгариҳо системаи ягонаеро ташкил медиҳад, ки дар раванди гуногуни сиёсиву иқтисодӣ ба маҷрои хоси худ ба ҳар сурат равона мегардад ва дар рафти он муваффақиятҳои зиёдро ба даст меоварад ва ё баръакс коҳиш меёбад. Бинобар ин муҳақиққон ва коршиносон пайваста кӯшиш мекунанд, ки дурнамои ин масоилро санҷида, дар асоси он хулосаҳои ягонаро рӯи кор оваранд. Бояд гуфт, ки чунин хулосабарориҳо тавассути муттаҳидшавӣ ва дӯстии ҷаҳони Шарқ ва Ғарб амалӣ мегарданд. Ин муттаҳидшавӣ нисбат ба давраҳои пеш дар замони глобализатсияи имрӯзи зиёдтар ба назар мерасад.

Муфассал ...
Хондан 60 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

ИЗҲОРИ ТАСАЛЛИЯТ

   Раёсат ва кормандони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Абдуҷаббор Раҳмонзода бинобар даргузашти бародараш - доктори илмҳои тиб, профессор Раҳматуллоҳ Раҳмонов изҳори ҳамдардии амиқ менамоянд ва барои якояки хешовандону дӯстони ин хонадон аз даргоҳи Худованди мутаъол сабри ҷамил хоҳонанд.

Муфассал ...
Хондан 139 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Мафҳуми Осиёи Миёна ва Осиёи Марказӣ аз нигоҳи бозиҳо ва манфиатҳои геополитикиву ҷуғрофӣ

   Тибқи маълумотҳои қаблӣ дар ИҶШС ду тақсимоти иқтисодӣ вуҷуд дошт – Осиёи Миёна ва Қазоқистон. Аз нуқтаи назари ҷуғрофиёи физикӣ ва иқлимшиносӣ, ба Осиёи Миёна на танҳо чор кишвари собиқ Шўравӣ (Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон), балки қаламрави марказӣ ва ҷануби Қазоқистон низ дохил мешавад. Барои нишон додани панҷ ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ – Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон бисёр вақт истилоҳи “Осиёи Марказии собиқ Шўравӣ” истифода мешавад.

Муфассал ...
Хондан 509 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(2 Овозҳо)

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/