wrapper

Хабарҳо

    Муқаддима

   Адабиёти урду дар асрҳои ⅩⅠⅩ ва ⅩⅩ як марҳаллаи ниҳоят пурпечутоб ва мураккабро паси сар кардааст. Дар н солҳо тағйироти муҳими сиёсӣ ва фарҳангӣ ба вуҷуд омадаанд, ки бо муборизаҳои озодихоҳӣ ва истиқлолият тамоми сарзамини Осиёи Ҷанубиро, аз чумла Ҳиндустон ва Покистонро фаро гирифт ва бо хотима аз зулму ситами мустамликадорон раҳо ёфтан, азму иродаи ҳар як ватандӯсти ин сарзаминҳо шуд. Нимаи аввали асри ⅩⅩ ва охирҳои он даврае буд, ки  Назир Аҳмад (1836-1912), Премчанд (1880-1936), Саодат Ҳасан Манто (1912-1955), Аҳмад Надим асарҳо офариданд. Ин гуна адибон дар асл офарандагони адабиёти нав, ки Қосимӣ (1916-2006) ва даҳҳо чунин адибони забардаст зиндагӣ кардаанд, олами воқеию ҳақиқатдоштаро, тасвир кардаанд. Бо гузашти айём мардуми сарзамини Ҳиндустону Покистон бо муборизаҳо таҳти шиорҳои адолат, озодӣ ва истиқлол, солҳои 1800 ва 1900 аввалин қадамҳои худро барои озод шудан аз ҷабру истисмори мустамликадорон гузоштанд. Бедоршавӣ ва муборизаи барои озодӣ бар зидди мустамликадорони англис аз ҷониби мардуми ҷафодидаи сарзамини ҳинду покистон  дар даврони зиндагии роҳбарони номӣ ва машҳури онвақта ба мисли Маҳатма Гандӣ (1869-1948), Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ (1876-1948) ва Аллома Муҳаммад Иқбол(1877-1938) шуруъ шуд ва тадриҷан рушд мекард.

 

   Дар ин давра, ҷушу хурӯши мардуми ситамдида боз ҳам пурзуртар ва мавҷи ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ рӯз то рӯз пурзӯртар ва садои эътирози ватандӯстон торафт баланд мешуд. Ба муборизаи миллӣ-озодихоҳӣ ҳар як ватандӯсти сарзамини ҳинду покистон шомилшуданро барои худ шараф медонист ва сафи адибон ва рӯшанфикрон низ таҳти андешаҳои «муборизаҳои ғайризуроварӣ» дастгирӣ меёфт. Дар охир, бо талошҳои Аллома Иқбол ва Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ ва садҳо ҳазор сарсупурдаҳои миллат моҳи августи соли 1947 мустамликдорон ронда шуданд ва ин сарзаминоҳи таъриху фарханги куҳандошта, сохибистиқлолии худро эълон намуданд.

   Дар таърихи адабиёти  урду давраи наве марбут ба масъалахои муҳими вакт, ки то ҳол ба муборизаи озодихоҳӣ вобаста набуд, оғоз ёфт. Албатта, ин маънои онро надошт, ки мавзӯи озодихоҳӣ фаромӯш шуд ва аҳамияти худро гум кард, балки мавзӯҳои нав ва муҳим, аз ҷумла занону камбағалон, деҳоту деҳотиён, адолату амонат ва ғайра мавқеи худро ишғол кардаанд. Дар маҷрои ин гуна вазъият яке аз адибони Покистон Мирзо Адиб, ки замони муборизаи озодихоҳиро аз сар гузаронида, худ шоҳиди эҳёи ватани хеш шуда буд, ба ин мавзӯҳо рӯ овард, ки то андозае аз назари мардум ва ҷомеа дур монда буд. Ҳамин тариқ, мавзӯи деҳа боз рӯи кор омад ва даҳҳо адибон ба он муроҷиат намуда, аҳамиятнокии онро дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар исбот кардаанд.

  Бешак, омӯзиши асарҳои Мирзо Адиб бо чунин далел, ки асосгузори озодӣ ва адолатхоҳи мардуми деҳот гаштааст, аз манфиат холӣ нест. Барои хонандаи тоҷик ин фақат қадами аввалини  шиносои бо Мирзо Адиб ва эҷодиёти вай мебошад.

   Бояд тазаккур дод, ки рисола  дорои муқаддима ва фаслу зербобҳо буда, саҳифаи нави адабиёти урдуро боз ҳам ғанитар мегардонад.

Рӯзгор ва эҷодиёти  Мирзо Адиб

    Муҳит ва даврони Мирзо Адиб

   Солҳои 1850 то 1948 милодӣ бедоршавӣ ва муборизаи озодихоҳии  мардуми ҷафодидаи сарзамини Ҳиндустону Покистон ба ҳисоб мераванд. Дар ин даврон  роҳбарон ва рӯшанфикрони машҳури қораи ҳинд ба монанди Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ(1876-1948), Маҳатма Гандӣ (1869-1948), Аллома Муҳаммад Иқбол(1877-1938)  ва ғайраҳо аз муборизони сиёсӣ ва қавмӣ буданд. Дар ин давра ҷушу хуруши мардуми ситамдидаи  ин сарзамин боз ҳам пурзуртар ва мавҷи ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ рӯз то рӯз пурзӯртар ва садои эътирози муборизон ва ватандӯстон торафт баланд мешуд. Ба муборизаи миллӣ-озодихоҳӣ ҳар  як ватандӯсти сарзамини Ҳинду Покистон шомилшуданро барои худ шараф медонист,ки дар ин кор  сафи адибон ва рӯшанфикрон низ холи набуд. Нимаҳои дуюми асри ⅩⅩ минтақаи Покистони имрӯза бо уламо ва роҳбарон, аз ҷумла Мавлоно Зафар Алихон (1873-1956), Сайид Ҳабиб, Мавлоно Сайид Атоуллоҳшоҳ Бухорӣ (1892-1961), Ғози Абдураҳмон, Мавлоно Мазҳар Алӣ Азҳар, Чуҳдари Фазлҳақ ва Аҳмад Надим Қосимӣ (1916-2006) барин рушанфикрон мубориза ва фаъолият мекарданд, ки дар тамоми кишвар машҳур буданд ва  суханонашон барои миллионҳо нафар эътибори зиёд дошт. Агар ба эҷодиёт ва корнамоиҳояшон  шинос шавем, ба осонӣ пай хоҳем бурд, ки ин роҳбарон ва зиёиён бо тамоми вуҷуди худ муборизи роҳи озодӣ мебошанд ва масъалаҳои ватандӯстӣ, озодӣ, истиқлолият ва худшиносӣ дар корномаҳои онҳо мақоми хосе дорад. Онҳо бо чунин корномаҳои худ на танҳо худро, балки миллионҳо ҳамватанонашонро даъват мекарданд, ки барои озодии кишвари азияткашидаю дар асорат монда талошҳо кунанд. Дар он солҳо дар чунин вазъият ҳар фарде, ки чун адиб, рушанфикр фаъолиятро шурӯъ мекард, бо ягон навъе ба муборизаи милли ё ҷамъияти шомил шуданро қарзи худ медонист. Ва бояд қайд кард, ки ҳар давр ва аср номҳо ва шахсиятҳои наверо бо итеъдодҳои гуногун ба миён меоварад, ки ҷойҳои холии ҷомеаро бо дастовард ва нерӯи тозаи худ пур мекунанд. Дар даврае ки ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ рӯз то рӯз дар сарзамини Ҳинду Покистон авҷ мегирифт ва мардуми ин сарзамин, алалхусус, минтақаи Покистон барои озодии кишвар талошҳо ва муборизаҳо мебурданд, дар шаҳри таърихӣ ва бостонии  Лоҳур шахсе чашм ба олами ҳастӣ вонамуд, ки  бо номи Мирзо Адиб ба майдони адабиёт ворид шуд ва имрӯз яке аз адибони урду, романнавис ва ҳикоянависи машҳури ин сарзамин мебошад ки дар қатори намоёнтарин нависандагони адабиёти урду сазовори эҳтиром аст.

   Мирзо Адиб 4-уми апрели соли 1914 дар  маҳаллаи Сатони кӯчаи муғулони шаҳри Лоҳур, ки дар музофоти Панҷоби Покистон воқеъ аст, дар оилаи камбизоат ба дунё омадааст. Нисбати зиндагӣ, ҳаёт ва корнамоиҳои Мирзо Адиб муҳаққиқон ва адибони сарзамини Покистон маълумоти кутоҳи гуногун додаанд, ки онҳо бештар бо зикри солҳо ва ягон воқеаи муҳими ин адиб  маҳдуд мешаванд.

   Мирзо Адиб   нисбати зиндагии худ хеле зиёд эътибор дода ва дар ин замина китоберо бо номи Мити Ко Диё (Чароғи хокӣ) ба таври муфассал тамоми ҳаёташро баён намудааст. Ин китоб воқеот ва ҳодисаҳои ҳаётии вайро  бо услуби хеле содда ва фаҳмо, бар мегирад. Роҷеъ ба таҳия ва таълифи китоби мазкур худи нависанда дар пешгуфтори китоб чунин изҳор менамояд: «борҳо фикр кардам,ки воқеаҳои зиндагии худамро ба тавре бояд сабт намоям, ки шояд рӯзе ин руйдодҳои зиндагии талху ширини банда, барои дигарон ягон дастоварди ибратомӯзеро фароҳам оварад».[1] Бо чунин илҳомоту хаёлоти ҳаётбахш Мирзо Адиб инро дида, қалам ба даст гирифт ва сарнавишти ҳаёти худро сабт намуд.Китоби мазкур ки муфассал оиди зиндагии Мирзо Адиб нақл мекунад, аввалин маротиба 7-уми 1982 зери сарпарастии вазири мудофиаи онвақта Мирали Аҳмад Толпур рунамоӣ шудааст.

   Нависанда дар ин китоб зиндагӣ ва ҳодисаҳои ҳаётияшоро бе парда баён кардааст: “Ин осори ман аз дигар навиштаҷотам фарқ мекунад. Чопи мақола, афсона, драмма ва маҷмуаи мақолаҳои танқидӣ ин кори аҷибу ғариб нест ва ин жанри адабӣ маъмулан чоп шудан мегиранд. Дар афсонаву драммаҳо бошад, нависанда зиндагӣ ва ҳаётӣ дигаронро баррасӣ ва баён мекунад. Ҳатто агар вай аввалин холиқи ин ё он афсона бошад, мардум мегӯянд, ки инро шунидаанд ё касе ба услубе баён кардааст. Аммо замоне, ки ҳамин афсонанавис дар бораи зиндагиаш, воқеаву ҳодисаҳоро баён мекунад, ин тахлиқӣ ғайриоддӣ ба шумор меравад ва мардум сару садоҳо мебароранд, ки бубин ин шахс оид ба зиндагӣ чиҳо гуфтааст ва лизо навиштани  ёддошти зиндагӣ як ҳаракати фасодангез аст, ки одамон онро мутолиа карда, оид ба шахс маълумот дастрас мекунанд, аммо замоне ки он нависанда, ҳаёташро баакс  баён мекунад ё нишон медиҳад, хонанда маъюусона онро то охир мутолиа намекунад». Бо вуҷуди ҳамаи ин адибони муосири урду ба зиндагӣ ва ҳаёту фаъолияти Мирзо Адиб рисола ва мақолаҳои бешумор дарҷ карда, фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд.

   Назар ба қавли муҳаққиқони адабиёти урду, китоби мазкур барои адабиёт ва таърих хеле муҳим ва муассир мебошад. Аз ҷумла, як шоир, ҳаҷвнигор ва адиби урдузабон Мушфиқ Хоҷа дар бораи ин китоб чунин баён мекунад: «Китоби Мити Ко Диёи достони зиндагии   шахсиятест, ки тамоми ҳаёт ва фаъолияти ӯро ба таври намоишномаи аккосӣ мекунад. Ин китоби на фақат достон ва саргӯзаштӣ як шахс аст, балки дастовез мебошад, ки таърих ва фарҳанги миллатро ба хонандагон ошно мекунад”.

   Дар сарчашмаҳои дигар оид ба ном ва ҷойи таваллуди ин адиб маълумотҳои гуногун дода шудааст. Аз ҷумла мувофиқи  маълумоти сомонаи интернетии “Глобал урду форум”,  ки ҳамчун сарчашмаи муътабари Покистон ба ҳисоб меравад, сана, ҷой, хонавода ва номи Мирзо Адиб чунин  зикр шудааст:   Мирзо Адиб –тахаллус ё номи қаламӣ, Диловар Алӣ-номи хонаводагӣ, Мирзо Башир Алим-номи волид, Эссе   ё Хоканигор, драмманавис, афсонанигор, нақкод, адиб, шоир, Лоҳур, Покистон, Пайдоиш-Лоҳур, Покистон, 04-04-1919, Вафот-Лоҳур,  Покистон, 31-07-1999 [2]

   Дар баъзе сарчашмаҳои дигари  Покистон соли таввалуди Мирзо Адиб 1915 қайд шудааст. Аммо худи нависанда дар китоби «Мити ко диё», санаи таваллудашро 4-уми апрели соли 1914 қайд кардааст, ки санади воқеӣ ба ҳисоб меравад.

   Дарвозаи Бҳоти шаҳри Лоҳур қадимӣ ва машҳур буда, дар даруни он маҳаллаи Сатон ҷойгир аст ва дар онҷо кӯчаи Муғулон мебошад, ки Мирзо Адиб дар ҳамин макон санаи 4-уми Апрели 1914  ба олами ҳастӣ мекушояд.

   Ҳамин тавр, зодгоҳ ва маҳалли таваллуди нависандаро дониста, ба осонӣ маълум карда метавонем, ки ҷавонӣ ва таълиму тарбияи вай дар шаҳри бостонии Лоҳур гузаштааст.

   Дар чунин шаҳр, ки дорои таъриху маданияти хос аст, Мирзо Адиб зиндагиро оғоз мекунад. Вай то синни чорсолагиаш дар назди падару модараш умр ба сар мебарад ва дертар модаркалонаш ӯро ба назди худаш оварда, тарбияташро идома медиҳад.

   Падараш Мирзо Башир Алим аз қавмҳои муғул буда, касби дузандагӣ дошт. Вай ин касабаро дар назди усто Амриддин омӯхта, зиндагиро пеш мебурд. Модари Мирзо Адиб бошад як зани диндор ва таълимёфта буд, ки  ҳамроҳи падараш дар синни 28 солаги издивоҷ мекунад.

   Ба қавли Мирзо Адиб вай боз  се хоҳари калон бо номҳои Сарфарозбегим, Ҷилвабегим ва Назирабегим дошт. Тибқи гуфтаҳои Мирзо Адиб вай як хоҳар низ дошт.

   Ҳамин тавр баъд аз чорсолагиаш ба назди модаркалон омада,зиндагиро идома медиҳад. Ба қавли модаркалони Мирзо Адиб, онҳо аслан аз шаҳри Қандаҳор Афғонистон буда, дертар аз онҷо ба Лоҳур кӯч мебанданд. Он замон бобои ӯ аз олимон ва донишмандони давр буд, ки шогирдони зиёдеро ба тарбият расонда, аз худ китобҳои бешумор мерос гӯзоштааст.

   Инҷо Мирзо Адиб овони ҷавонӣ ва тарбиявиро оғоз карда, дар назди модаркалонаш ба тадрис машғӯл мешавад.

   Вай ибтидоан аз китобхонаи бобокалонаш оғоз карда, дертар бо тавсияи модаркалонаш ба назди чандин косибони маҳал оварда, мешавад,то аз онҳо ҳунаре омӯхта, зиндагиро идома диҳад.

   Ба ҳамин орзую ҳавас бибияш рӯзе Мирзо Адибро ба назди Султон Барахти устои чӯбдаст, ки дар ҳамсоягии онҳо зиндагӣ мекард, месупорид ва аз вай илтимос мекунад, ки ӯро мисли ҳудаш касаби устогиро биомӯзад. Нақл мекунанд, ки ва  яке аз рӯзҳо устодаш ба дасти Мирзо Адиб ранда дода, аз ӯ хоҳиш менамояд то чӯбро битарошад.       

   Мирзо Адиб рандаро дар болои чӯб гузошта, ӯро ҳаракат медиҳад, аммо аз он кораш натиҷае намигирад ва дар охир сарашро ба девори дар назди чӯбистода  такон медиҳад. Ин ҳолатро устод ва дигар шогирдон дида, ба таври масхараомез табассум мекунанд. Мирзо Адиб аз кори худаш тааҷҷуб ва  ба ҳаячон омада, аз онҷо  меравад. Баъд аз ин воқеа модаркалонаш ӯро ба назди говҷушҳо мебарад ва аз онҳо хоҳиш мекунад то ба вай ин касабаро биомӯзанд, аммо аз онҷо ҳам фоида ба ӯ намерасад. Мутассифона Мирзо Адиб аз ин заҳамоти модаркалон ба натиҷаи дилхоҳ намерасад.

   Дигар саргузашти аҷиберо ки боиси тарбияи Мирзо Адиб шудааст, худи ӯ чунин накл мекунад: «Рӯзе бегоҳӣ аз бозӣ баргаштам ва дар назди дарвозаи хонаи бибикалонам як гуруҳ аз занонро дидам, ки бо ҳамроҳашон чанд бача ва ду ё се мард буд, нишастаанд. Ба худ гуфтам- «Ин навъ инсонҳоро ҳануз дар ҳаёт надидаам, аз куҷо омада бошанд?».Як зан, ки аз ҳама сурх чеҳра буд маро ишора  карда ба с ӯ и худ хонд ва ман ба наздаш рафтам. Баъди расидан ва гуфтуг ӯ ям, чизеро намефаҳмидам, ки ӯ чи  мегӯяд. Ва дар ин асно,  модаркалонам пайдо шуд ва моро дида ба наздамон омад ва бо лаҳҷаи панҷобиаш маро ба он зани сурхчеҳра шинос кард ва он зан бо забони худаш ба мо чизе  мегуфт. Аз байни онҳо марде ки каме аз забони урду огоҳ буд омад ва ба модаркалонам  сухани он занро тарҷума карда гуфт: «ин писарбача кист?, ва чаро инкадар хароб ва камзур ба назар менамояд»? Аз пурсиш ва сухани он зан  ману модаркалонам каме хиҷолатманд гардидем ба хона боз гаштем. Роҷеъ ба онҳо худи Мирзо Адиб чунин накл мекунад: «ки ин  одамон аслан аз шаҳри Кобул ба меҳмонии касе омада буданд ва чеҳраи онҳо ки сурху сафед, либосҳои сафеди дароз ва кӯдакони хело зебочеҳра доштанд  ҳануз ба ёди ман ҳаст ва  ман мехостам ҳамроҳашон бозӣ кунам, аммо ба сабаби надостани забони якдигар ин кор ба ман  муясар нашуд» .

Мирзо Адиб рӯз ба рӯз бузург мешавад ва модаркалонаш рӯзе  вайро  хитоб карда мегӯяд: Ба ин тавр зиндагӣ - Диловар ҳеҷ кор карда наметавонӣ? Ин сухани пандомези модаркалонаш Мирзо Адибро хело ғамгин месозад ва нотавонии худашро эҳсос карда ба фикр фурӯ меравад то роҳеро барои худ  пайдо намояд.

Мактабу дабиристон

Дертар Мирзо Адиб маълумоти ибтидоии худро дар мактаби миёнаи ба номи «Миёнспил комитти прймери скул Боти дарвоза Лоҳур» тамом кард. Бояд қайд кард, ки аз аҳли оилаи ӯ касе ба мактаб нарафтааст ва аз ин лиҳоз рафтани Мирзо Адиб ба назари ӯ ва дигар аҳли оила фоле аҷиб ва нек ба ҳисоб мерафт. Ёдовар мешавем, ки Мирзо Адиб баъди ба мактаб дохил шуданаш аз хонаи бибикалонаш дубора ба назди модараш оварда мешавад ва ӯ дуввумин касе мебошад, ки баъди бобояш аз оилаи онҳо дар мактаб таҳсил мекунад.

Аввалҳо Мирзо Адиб дар назди хонаводааш  ҳамчун шахси ношинос ва бегона ба назар менамуд. Зеро  аксари аҳли хонаводааш аз афроде буданд,ки зиндагӣ хело сахт ва душвор доштанд.

Бо вуҷуди ҳамаи ин дар хонае, ки Мирзо Адиб дар он зиндагӣ мекард, дар наздикии ошпазхона ба шакле сохта шуда буд, ки ба кавли вай устои ин ҳуҷра хангоми сохтан қаду қомати Мирзо Адибро ба назар гирифта ва дар дарвозаи он  навишта аст, ки соҳиби ин хона фақат Диловар Алӣ мебошаду бас ё ба таври дигар хонаи фармоишӣ.

Дар чунин фазо ва шароит, фақат модар ӯро нигоҳубин ва хӯш мегардонд ва дардҳояшро бо чеҳраҳои хандони худ таскин медод. Модари меҳрубон бо латтапорае барои ӯ бастае(сумка) сохта дар даруни он китобҳои дарсӣ, дафтар ва ду қалам гузошта, ба дасташ каме роҳкиро дода, вайро ба сӯи мактаб бо чунин насиҳат «аз чизхои чиркин нахур ва аз паси аспу арроба ҳаракат нанамо» гӯён,  равон мекард.

Ҳамин тавр модараш барои таълим ва тарбияи ӯ хеле мароқ зоҳир карда ва ӯро ба хондани китоб ва навиштан ва аз китобҳои ҷамъовардаи бобояш Мирзо Адибро панд дода, мегуфт: «ту рӯзе калон мешавӣ ва аз онҳо истифода мебарӣ ва монанди бобоят шахси донишманд ва олим мегардӣ».

Нақл аст,ки рӯзе хоҳари Мирзо Адиб дар ҷои китобхонии ӯ оби гарм мерезад ва бародараш мехоҳад онҷоро  хушк бикунад, аммо модар ин корро дида ӯро сарзаниш мекунад ва падари Мирзо Адиб аз ин ғазаболуд шуда, мехоҳад китобҳоро бисузонад, аммо модари меҳрубон ӯро аз ин кор манъ карда, яке аз ангуштонашро  дар оби гарми рехта месӯзонад. Ин дарду ранҷҳои модар ҳама ба хотири тарбияи фарзанди азиз буд, то рӯзе ин ҷигаргӯша ба ҷое бирасад ва ба қавли шоир:

Писарҷон қадри модар дон ки модар,

Кашад ранҷи писар бечора модар.

Аз ин паҳлу ба  он паҳлу на ғалта,

Шаб аз бими хатар бечора модар.

Ба мактаб чун равӣ то боз гардӣ,

Бувад чашмаш ба дар бечора модар.

Ин модари меҳрубон 18 сол пеш аз  вафоти  Мирзо Адиб  дунёро  падруд мегуяд. Аммо падараш, ки марди  косиб ва дӯзанда буд, ба назари ӯ ба мисли як зиндон менамуд, зеро ӯ бо модар, фарзандон бераҳмона ва сангдилона рафтор мекард. Бо вуҷуди ин ҳангоми бемор шудани яке аз аҳли хонавода ӯ низ беқарорӣ мекашид. Ин мард  аз мероси падар ва илми ӯ маҳрум  монда буд. Дуввум ин ки биноии ӯ камзур буд ва ҳангоми ба берун рафтан, Мирзо Адибро ҳамроҳаш мегирифт, то ба вай кумак кунад. Яке аз хислатҳои падари Мирзо Адиб ин буд, ки вай бозии шатранҷро дӯст медошт ва ба бозор рафта шатранҷбозӣ мекард ва ба Мирзо Адиб мегуфт, ки вақти бозии ман ба онҷо ҳозир нашав. Падараш ҳуқканӯш низ буд ва вақти зиёди худро дар он сарф мекард. Дигар аз хислатҳо ва машғулиятҳои падари ӯ моҳигири низ буд. Ин мард бо сабаби бемори дуру дароз аз модараш пештар вафот кард. Мувофиқи сарчашмаҳои дастрасшуда силсилаи хонаводаи тағоаш, Мирзо Навозиш Алӣ валади Мирзо Ғуломҳусейн аз насли муғулони Барлос, ки аз зумраи сардорони шаҳри  Лоҳур буданд, мебошад.

Китоб ва китобхонӣ

Чунонеки зикр шуд, бобои Мирзо Адиб яке аз олимон ва орифони замони худаш буд, ки китобҳои зиёдеро ҷамъовари мекард ва ба тадрис машғул мешуд. Ин шахси донишманд, китобхонае дошт, ки Мирзо Адиб аз он истифода мекард. Дар гушаи таҳхона ҷойе махсусе барои китобҳо ҷудо карда шуда буд. Мирзо Адиб гоҳ-гоҳ шамъро истифода бурда аз онҳо мутолиа мекард. Модар Мирзо Адибро ба сабаби  доштани хазандагон, аз чумла мор ба таҳхона рафтанро, манъ мекард. Нақл аст,ки рӯзе аз рӯзҳо Мирзо Адиб ба море дучор мешавад ва бобояш онро бо латтапораи сафед дошта, ба бибияш мефармояд то ба ин мор ҳар рӯз  дар косае шир гузорад. Мирзо Адиб аз ин кор дар тааҷҷуб омада, сабабашро мепурсад. Бобояш мегӯяд, ки мор душмани инсон аст, аммо ба сабаби неки ва рафтори хуб, вай ба инсон дӯст мегардад.

Ин кор то дер давом кард ва ба сабаби шавқу завқи Мирзо Адиб ба китоб, сандуқро аз таҳхона гирифта ба хонаи дигар гузоштанд то ӯ аз китобҳо ба осони истифода бибарад. Мирзо Адиб ба китобҳои нақшу нигордошта, аз ҷумла китоби «Буҷаҳл» ки пур аз аксҳои зебову дилчасп буд, варақ зада бо диққат мехонд. Ин адиби китобдӯст ва соҳибзавқ бо  ин кифоят накарда, ба  хонаи ҳамсояшон, ки таҳхонае бо ашёи  кимматнок ва нодир, аз ҷумла китобҳо ва дастхатҳои форсии қадима низ дида мешуд, рафта,  аз онҳо ҳам истифода мекард.

Донишгоҳ, устодон ва таҷрибаомӯзӣ

Бо чунин тарзи ҳаёт Мирзо Адиб имтиҳони мактабро  супорида, ба донишкадаи Исломия дар назди дарвозаи Бҳоти шаҳри Лоҳур воқеъ буда, дохил мешавад ва дар маҳфилҳои адабии он фаъолона иштирок намуда, ба шеърхонӣ шурӯъ мекунад. Дар ин боргоҳи илм афроди номдор ба мисли Аллома Муҳаммад Иқбол низ таълим ва тадрис намудаанд.

Дар солҳое, ки Мирзо Адиб таҳсил мекард, маҷаллае ба номи «Шабоби урду» зери сарпарасти  Аълохон Соҳиб бо насру назм  дар саросари кишвар ба чоп мерасид. Он вақтҳо Мирзо Адиб аз  Зубайда Султона яке аз новелланависони барҷастаи забони урду, ки ҳамсари  Носир Ҳусайн Хон шоир ва романнавис буд,  тарбия ва омӯзиши илмӣ мегирифт ва навиштаҷоти худро бо вай муҳокима ва муқоиса мекард. Рӯзе Мирзо Адиб дар бораи вазири маорифи онвақта, шеъре эҷод мекунад ва дар байни ҳамсинфон ва муаллимон  қадронӣ гардида, номи мактабашро баланд мебардорад.

Эҷодиёти ӯ дар синфи нуҳ ва даҳум дар ҳафтаномаҳои адабӣ ва фарҳангӣ чоп мешаванд. Мирзо Адиб дар яке аз озмунҳои адабӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойи аввал низ мегардад ва дертар ҷонишин ва ахиран ба ҳайси  роҳбари  маҳфили фарҳангӣ  интихоб мегардад.

Рашид Амҷад яке аз адибони муосири урдуи Покистон роҷеъ ба тарбия ва тадриси ӯ чунин иброз медорад: «Мирзо Адиб аввалинбор шеърнависии худро аз даврони мактабияш шуруъ намуд ва бо тахаллуси Осӣ ёд мешуд. Ва дертар вожаи Адибро ба сифати тахаллуси адабӣ писандид ва бо номи Мирзо Адиб таваққуф намуд. Ба лаҳни шӯхиомези Рашид Амҷад изофатан мегӯяд- ӯ шоирию гунаҳкорӣ мекард  ва баъди солҳои зиёде  тавбаву надомат карда, бо адаб шуд ва тахаллуси Адибро ба худ қабул кард.»[3]

Мирзо Адиб дар даврони мактабиаш дар назди муаллимони зерин ба монанди Суфи Муҳаммад Азим (сардабири маҷаллаи Анвори суфия)), Мавлави Муҳаммад Шафиъ (директори мактаб), Мавлавӣ Муҳаммад Абдуллох Форуқӣ (исломшинос) ва Мунтасир Биллоҳ (раиси анҷумани ҳимояи ислом) тарбия ва ба воя  мерасад.

Ҳамсинфони ӯ аз ҷумла: Муҳаммад Ашраф, Ҳасан Масно (дӯсти  шеърии Мирзо Адиб), Ғулом Сарвар (хушовозтарини мактаб), Мирзо Зуҳурбек ( бародари хурди Мирзо Султонбек сардабири маҷаллаи Ҳилол), Сайид Воҷидшоҳ (фарзанди Сайид Маротиб Алишоҳ-ҳунарманди машҳури қораи ҳинд) Муҳаммад Рашид (машҳур ба Шайх Рашид сиёсатмадор ва  вазири Покистон) шахсиятҳои бо нуфузи ҷомеа буданд. Мирзо Адиб дар даврони мактабиаш бо Доктор Ҷовид  Иқбол фарзанди Аллома Муҳаммад Иқбол низ вомехурд.

Воқеаи аҷиби омӯзишӣ дар соли аввали донишгоҳ

Дар рӯзҳои аввали донишҷуи Мирзо Адиб дар саҳни донишгоҳ сайру гашт дошт ва ҷавоне ба наздаш омада, саросемавор чунин мегӯяд: “Зуд шумораи корти донишҷуиятро дар ёд дошта, ба ошёнаи дуввум бирав, зеро онҷо барои донишомӯзони соли якум дарс идома дорад” -Мирзо Адиб оҷилан ба сӯи синфхона  рафта, бо садои баланд “севенти ван”(71) гуфта дохил мушавад. Ҳамаи аҳли синф аз кори ӯ тааҷҷуб карда, ба ӯ хитоб карда мегуянд:-эй бача аз боғи ҳайвонот, қассобхона ва ё девонахона омадӣ? Дар ин ҳангом профессори фалсафа Ҳабибулло вайро насиҳат карда, ба дарсгоҳ равон мекунад.

Коллеҷи исломии Лоҳур соли 1892 аз ҷониби Анҷумани ҳимояти  Ислом таъсис шудааст ва шахсиятҳои машҳур дар онҷо таҳсил ва тадрис намудаанд, аз онҷумла доктор Аллома Иқбол ва дигарон.

Мирзо Адиб дар чунин боргоҳи илму маърифат дар зери тарбияи устодони машҳур, аз ҷумла Мавлоно Асғарали Рӯҳӣ, профессор Хоҷа Дилмуҳаммад, доктор Таъсир  (адабиёти урду ва роҳбари маҳфили адабии Маҷлиси фуруғи урду), доктор  Б.Е.Курайши (арабшинос), профессор Ю.Каромат (муовини ректори донишгоҳи Панҷоб), профессор М.Е.Ғанӣ (адабиёти англисӣ), профессор Абдулвоҳид (назму насри англисӣ), доктор Саъидуллох (муҳандис ва муҳосиботи бонкӣ), Саийд Фаёз Маҳмуд (романнавис ё новелшинос), Мавлоно Илмуддин Солик (забони форсӣ ва таърих), Мавлоно Умархон (назму насри форсӣ), Саийд Абдулқодир (таърих), профессор Ҳамид Аҳмадхон (муовини ректори донишгоҳи Панҷоб) буданд, таълим ва тарбият гирифта, дониши худро боз ҳам сайқалтар медод.

Коллеҷи мазкур ғайр аз таълимоти илмию адабӣ ба рушд ва нумуи фаъолиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ хеле фаъол буд ва дастаҳои варзишии он дар мусобиқаҳо ҷойҳои намоёнро ишғол мекарданд. Яке аз намуди варзиши он давр бо номи  бозии крикет хело машҳур буд ва  бозингарони номдор аз ҷумла  Чаҳонгирхон, Хоҷа Саъид, Бақо Ҷелонӣ, Қози Мунаввар, Салоҳудин ва Азиз, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва дохили иштирок карда, соҳиби ҷоиза гардиданд, ки аксари онҳо бо Мирзо Адиб таҳсил мекарданд.

Мирзо Адиб соли 1930 ин колеҷро бо баҳои хубу аъло хатм мекунад ва соҳиби маълумоти олӣ мегардад.

Оила, фарзандон ва ҳодисаи нохуш

Дертар  солҳои 1930 бо Наҷма Мирзо оиладор шуда, бо ҳам чил сол зиндагонӣ карда, соҳиби шаш фарзанд мегарданд, ки номҳояшон Узро Муҷид (Духтари калони) Таҳсин Мирзо (Писари хурди) Вақор,  Фарида, Малиҳа, Фаррух буданд. Ин зани наҷибу дилсӯз, 22 майи соли 1987 дунёро падруд мегӯяд.

Нақла аст,ки рӯзе  Мирзо Адиб ҳамроҳи писари хурдиаш Таҳсин Мирзо аз хонаи  духтари калониаш Узро бо моторсайкел меомаданд. Ҳангоми аз назди боғи исломияи шаҳри Лоҳур гузаштан, ногоҳ мошине аз ҳавлие берун омада бо онҳо тасодум мекунад. Мирзо Адиб дар ин ҳолат чунин мегӯяд, шукри Худо ин ҳодисаи нохуш ба тавре вокеъ шуд, ки воқеаҳои баъдиро аз дасти мо нагирифт ва шукрона мекунад, ки Худованд онҳоро дар зери сояи раҳматаш ҳифз  ва тараҳҳум кард.

Музофоти Панҷоб ва шаҳри Лоҳур

Музофоти Панҷоби Покистон ва хусусан қисмати шаҳри Лоҳури қадима хеле машҳур буда, ба назари Мирзо Адиб маркази тамаддуни ҷаҳон ба ҳисоб мерафт, зеро дар ин шаҳр мусалмонон ва ҳиндуҳо якҷоя зиндагӣ ва фаъолият мекарданд. Дар замони кудакии Мирзо Адиб ин қисмати берунии дарвозаи ин шаҳр пур аз боғу бӯстон буд, ки чор тарафи онро дарахтон зебо мекарданд. Аз ҷумла, боғе, ки бо номи Минту порк ёд мешавад, маҳфилгоҳи ҷамъиятии мардуми ин шаҳри бостони буд. Сокинони ин шаҳр бо паҳлавонӣ ва гуштигирӣ хеле шавқ ва рағбат доштанд, ки ба ин боғ ҷамъ шуда, тамошобинон ва зоиронро бо маҳоратиҳои худ ба ҳаяҷон меоварданд. Дар инҷо одамон ҷамъ омада, дарду алами худро тасалият медоданд. Ва шахсони бехона ва мусофир дар ин макони соф ва тоза истироҳат мекарданд то хастагӣ ва мондагишон рафъ шавад. Ин шаҳр манбаи пур аз илму дониш ва шахсони  донишманд низ буд, ки аз осор ва эҷодиёти онон мардум фоида мегирифтанд. Мирзо Адиб, инчунин, ба ин боғ омада, аз маҳфилҳо ва ҷамъомадҳои сиёсӣ ва адабии онҷо истифода мекард. Ин боғ маркази муборизаҳо ва  қурбониҳои зиёде низ шудааст.

Бояд зикр кард, ки Мирзо Адиб ҳамчун як шахси озодфикр ба ягон ҳаракати сиёсӣ рағбат надошт, вале ӯ дар ин самт бо душворӣ ва даҳшат рӯ ба рӯ шуд. Ӯ дар сини 6 солагӣ аз ташкилёбии Конгресс огоҳӣ меёбад ва  суханрониҳои роҳбарони машҳури онвақтаро ба монанди Мавлоно Зафар Алихон, Сайидҳабиб, Мавлоно сайид Атоуллоҳ шоҳ Бухорӣ, Ғози Абдураҳмон, Мавлоно Азҳар Алӣ Азҳар, Чоуҳдари Фазлхақ, Оғо Ҳашр Кашмирӣ, Мавлоно Муҳаммад Бахш ва Аллома Иқбол гӯш медод ва иштирок мекард.

Суханрониҳои тулонии Мавлоно шоҳ Атоуллоҳ Бухорӣ Мирзо Адибро хело мутаассир мекард. Мирзо Адиб аввалин ва охирин бор суханронии Мавлоно Абукаломи Озодро дар дарвозаи Деҳлӣ шаҳри Лоҳур  гуш кард ва як нуқтаашро чунин ёдоварӣ мекунад; «Мардум дар соҳили дарё истода, мавҷзании онро тамошо мекунанд, аммо намедонанд, ки дар зери он дарё чи аст ва тӯфони он  чихел ба вуқӯъ меояд».[4]

Замоне Мирзо Адиб дар яке аз маҳфилҳо, ки ба муносибати ҷашни мавлуди пайғамбар Муҳаммад (сас) дар дарвозаи Мучии шаҳри Лоҳур баргузор шуд, иштирок карда, суханронихои  Оғо Ҳашр Кашмирӣ, Мавлоно Муҳаммад Бахш, Ахтар Шеронӣ (ғазалсаро ё наътхон) ва доктор Иқболро бо диққат гӯш намуд. Ба қавли Мирзо Адиб Аллома Иқболро дар он замон доктор Иқбол мегуфтанд. Дар аснои суханронии ӯ мардум кафкубиҳои зиёд  мекарданд ва аз ӯ хоҳиш менамуданд ки то чанд шеърашро ба онҳо шунавонад, аммо ӯ рад карда мегуфт ҳоло вақти шеъру  суруд нест ва барояшон шеъри Ғолибро ҳамчун ҳадя пешкаш менамуд.

Ҳува мухолиф шаби тору баҳри  туфонхез,

Гусаста лашкари кишти ва нохудо хуфтааст..

Яъне замони мубориза ва бедори кайҳо шуруъ шудааст, аммо мардум ҳануз дар хобу ғафлатанд. (тарҷумаи муаллиф)

Гарчандеки Мирзо Адиб бо сиёсат сару кор надошт, аммо дар варта ва тӯфони сиёсат ғарқ шуда буд ва дар ду асари машҳури худ, ки бо номи «Саҳронавард ки хутут ва саҳронавард ки румон» тамоми авзоъи сиёсии онвақтаро ба шакли роман ва ё афсона зикр кардааст. Мирзо Адиб бо роман ва асарҳои худ адабиёти урдуро ғанитар гардонида, дар  яке аз афсонаҳояш бо номи «Ҳасрати Таъмир» оид ба характер ё рафтори мардум нақл мекунад.

Беҳтарин афсонаҳо дар китоби “Ҳасрати таъмир”, ки соли 1980 аз ҷониби профессор Арш Сиддиқӣ мураттаб шудааст, руйдоду ҳодисаҳоенд, ки нависанда онҳоро бо услуби содда ва дилчасп баён кардааст. Ба ақидаи адабиётшиноси урдузабон доктор Ваҳид Қурайшӣ ин китоб шомили тамоми воқеаву ҳодисаҳоест, ки замони айёми ҷавонии Мирзо Адиб рух додааст ва ӯ дар ин китоб муҳити аслии шаҳри Лоҳурро аккосӣ кардааст.

Китоби марзкур баёнгари ҳолоти зиндагии мардум ва шаҳри Лоҳур аст, ки хонандаро аз он давру замон хабар медиҳад. Ва аксари бозигарони афсонаи мазкур касоне буданд, Мирзо Адиб онҳоро дар ҳаёт дида, мулоқот карда ва ё шоҳиди воқеа буд. Масалан дар ҳикояи “озодӣ” дар зери маҷмуаи “ҷангал” чоп шудааст, қаҳрамони асоси як ҷавондухтари нобино аст, ки номаш Фохирон мебошад. Ин духтараки 9 - 10 сола дар роставу бозорҳои шаҳри Лоҳур, маҳалле, ки Мирзо Адиб зиндагонӣ мекард, омада гадоӣ мекард.

Дар замони Мирзо Адиб  солҳои 1932-1935 баъзе аз шахсиятҳои маъруф ва машҳур ба мисли Маҳмуд Низомӣ (шогирди доктор Таъсир), Хизр Тамимӣ (ҳаҷвнигор ва муаллифи назми машҳур Чилам ва Сигор), Латиф Гурдо Сапурӣ, Абдурашид Ториқ (рӯзноманигор), Башир Озарӣ ва Абдурауф Соҳир (ҳикоянавис, афсонанигор, бародари Мавлоно Солик) буданд, ки онҳо аз Мирзо Адиб ду ё се сол пештар  фаъолият мекарданд ва бо ҳам равобити адабии хело хуб доштанд.

Бояд зикр намуд, ки ҳамсабақони машҳури Мирзо Адиб аз ҷумла Хамид Низомӣ (рӯзноманигор ва нависанда), Тобиш Сиддиқӣ (шогирди Ахтар Шеронӣ), Насим Хиҷози (муаллифи новеллаи  “Шутури бе маҳор”) буданд, ки онҳо низ дар раванд ва тавсиъаи адабиёти урду корҳои назаррасе ба анҷом расонидаанд.

Мирзо Адиб дар чунин муҳит аз  шахсони машҳур тарбия мегирифт ва  баъди хатми донишгоҳ гоҳ-гоҳ фикр карда, мегуфт  «оё дарсро боз дар магистртура ё докторантура давом диҳам,ё ба ягон ҷой равам ва ё…». Зеро дар он солҳо  зиндагии хонаводаш хело вазнин буд ва аз кишоварзи чизе ҳосили дилхоҳ намегирифт. Аз ҳамин, хотир ӯ ҳар рӯз ба эълонҳои рӯзномаҳо таваҷҷуҳ дода, ба вазифаҳои эълоншуда  барои кор муроҷиат мекард ва дар баъзе мусоҳибаҳо даъват низ мешуд.

Мирзо Адиб ин лаҳзаҳоро душвортарин лаҳзаҳои зиндагиаш гуфта, китобе бо номи «Дунёи орзу», ки баъдтар бо машварати дӯсти ӯ Башир Мунзир бо номи «Хобун ко мусофир», ки дар бораи ноҷури ва нотавонии худаш нақл мекунад, таълиф ва чоп мерасонад.

Фаъолияти адабӣ дар “Адаби Латиф”

 Барои рафъи душвориҳои зиндагӣ ва касби ризқи ҳалол рӯзе Мирзо Адиб аз назди «Панҷоб бук депо»-чопхонаи Панҷоб, ки дар атрофи Бҳоти дарвозаи шаҳри Лоҳур ҷойгир аст, мегузарад ва ногаҳон бо  раиси ин матбаа  Чоуҳдри Баракат Алӣ вомехурад. Вай дар Бҳоти дарвоза зиндагӣ мекард ва яке аз бозигарони дастаи футболи колеҷи давлатии Лоҳур низ буд. Ин марди наҷиб баъди хатми таълимоташ матбааи Панҷобро ташкил дода, онро сарвари мекунад. Мирзо Адиб ба ин матбаа  ташриф оварда аз ганҷинаи қиматбаҳои он истифода мекард ва дилчаспии ӯ бо китоб ва хониш Баракат Алиро хело хушнуд сохт ва  ӯро бо машварати адибон Ҳаким Ахмад Шуҷоъ ва Толиб Ансори ба кор қабул кард. Ҳаким Ахмад Шуҷоъ ва Толиб Ансорӣ ба Чоуҳдри Баракат Алӣ барои чоп ва таҳияи маҷаллаи адаби бо унвони Адаби Латиф машварат медиҳанд. Ин дар ҳоле буд ки шумораи аввалини он зери сарпарастии Ҳаким Ахмад Шуҷоъ ва Толиб Ансорӣ оид ба наврасон ба чоп расида буд. Бо машварати он ду адиб ва Чоуҳдри Баракат Алӣ  вазифаи ин маҷаллаи адаби аввалин бор моҳи декабри соли 1935 ба зиммаи Мирзо Адиб гузошта шуд. Ин лаҳзаҳои файсалакуни зиндагии  Мирзо Адиб ба шумор меравад, зеро ин ки ӯ тамоми парешониҳо ва ғуссаҳояшро дар ин лаҳза ёдоворӣ карда ба тану ҷисми худ  қувваи наверо медарорад. Бо кумак ва машварати Чоуҳдри Баракат Алӣ соати кори  Мирзо Адиб  нимбастро ташкил медод, яъне аз соати 12 шурӯъ мешуд ва дар соати 4 тамом мешуд. Вай дар ивази он 25 рупия маош дастрас мекард. Аммо Мирзо Адиб аз ин фурсат истифода бурда, ҳар рӯз соати 9 ё 10 ба идора меомад ва то бегоҳ  китобҳои онҷоро руйбардор ва назаргузарони мекард. Субай ибни Қавӣ хаттот ва котиби машҳури онвақта, ки маҷаллаи «Адаби Латиф»-ро таҳия мекард ҳамкор ва дӯсти Мирзо Адиб буд, ки дар як навиштан 12 то 15 саҳифа навишта, қаламашро иваз мекард. Ин марди пуртаҷриба бо сабаби бемории  диққи нафас аз олам даргузашт. Равиши кор ва фаъолият дар Адаби Латиф барои Мирзо Адиб василае барои таҷрибаомузи ва робита бо адибон ва олимони онвақта буд, на сабаби беҳбуди иқтисод дар оила. «Адаби Латиф» яке аз пешрафтарин маҷаллаҳои адабии қораи ҳинд мебошад, ки афкору анзори адибони машҳури инҷо дар он мусалсал чоп мешуд.

Чунонеки ёдовар шудем, Мирзо Адиб бо мудири матбаа шиносоӣ пайдо карда,қадами нахустини худро дар «Адаби Латиф» гузошт. Бо сарпарастии Мирзо Адиб шумораи махсуси «Адаби Латиф» чоп шуд, ки дар он афсонае аз китоби “Саҳронавард ке хат” низ шомил буд.

Яке аз адибони урду Сайид Замир Чаъфарӣ оид ба Мирзо Адиб чунин мегӯяд: «Ба мо маълум гардид, ки маҷаллаи Адаби Латиф-и Лоҳури Покистон  як шуморае муфассал роҷеъ ба тарз, фикр ва зиндагии Мирзо Адиб тартиб додааст. Ин марди наҷибро муборакбод мегуям, ки  қарзе ки ба души адибони урдуи Ҳинду Пок буд, адо кардааст. Тақрибан  75 сол мешавад, ки Мирзо Адиб ба адабиёти урду машғул аст. Хоҳиш ва орзуи мо ин аст, ки шумо  ҳақки соҳибшудани ҷоизаи  аввалро доред ва ҳастед. Китобҳои шумо ба зуди чоп хоҳанд шуд. Дар ҳикояҳои шумо некӣ ва бадӣ  ҳамчун рамзи  омузиши ҳаёт тасвир ёфтааст. Эҷодиёти пурмуҳтаво ва дилчаспу дилкуши шумо  дунёро  монанди  чароғ рушан ва инсониятро дар партави ин чароғи  моҳтобӣ мунаввар ва дурахшон гардонидааст».[5]

Шиносои бо Юсуф Кумар ва хадамот дар “Мусаввир” ва чопи мақолаи  “Шабу рӯзи ман дар Мумбай”

Миёнаҳои соли 1941 буд, ки Мирзо Адиб кору фаъолияташро аз маҷаллаи Адаби Латиф қатъ кард ва аз тарафи ҳунарманди филм ва қаҳрамони машҳури Ҳинд  Юсуф (бародари Дилип Кумар) ки навиштаҷоташ дар «Адаби Латиф»  чоп  мешуд, ба  сарзамин  Ҳинд ба кор даъват мешавад. Он замон Ҳасан  Саодат Минто сарпарасти маҷаллаи «Мусаввир» аз кор озод шуда буд ва Молик  Назир Лудонвӣ корманди ин маҷалла ба  муҳаррир зарурат дошт. Аз ин хотир Молик  Назир Лудонвӣ ба Мирзо Адиб мактуб навишта чунин мегӯяд, ки агар шумо ба ивази 70 руппия розӣ бошед ба шаҳри Бомбай ташриф оваред ва мо хело хуш хоҳем шуд. Мирзо Адиб аз ин пешниҳод розӣ шуда, ба шаҳри Бомбай  сафар мекунад. Дар онҷо уро яке аз дӯстонаш бо номи Танвир Нақвӣ, ҳамроҳ бо Рафиқ Арабӣ истиқбол мегиранд ва вайро дар як биное ҷой медиҳанд. Бояд зикр шавад, ки маҷалали «Мусаввир» аз «Адаби Латиф» хело фарқ мекард, зеро он оид ба филм ва ҳунармандон баҳсу мунозира мекард, на адабу адабиётшиносӣ. Ва лиҳозо ин  кор барои Мирзо Адиб заминаи нави илмӣ ба вуҷуд овард. Мирзо Адиб баъди ду моҳ оилаи худро ба Бомбай меоварад ва бо ҳам онҷо як сол мемонанд ва дар бораи таасуроти  хотиротеро ба номи «Шабу рӯзи  ман дар Бомбай» дар ҳафтаномаи «Адаб»-и  Ҳиндустон чоп мекунад. Ва он хотирот дар шакли 14 қисм ё боб дар маҷаллаи «Мумтоз»  дар моҳи Июн ва Июли соли 1980 низ чоп мешаванд.

Таҳия ва кори муҳаррирӣ дар маҷаллаи Ҳуснпараст ё Масти Қаландар

Дертар Мирзо Адиб баъди бозгашт аз Бомбай ба шаҳри Лоҳур дар хиёбони Мол Руди ин шаҳр бо яке аз дӯсташ Шавкат Ҳошимӣ, ки дар Бомбай  мулоқот карда буд, вомехӯрад. Дӯсташ ӯро ба идораи  маҷаллаи машҳури онвақта ки «Масти Қаландар» ном дошт, барои кор даъват мекунад. Ин маҷалла зери сарпарасти доктор Парти Сингх таҳия ва чоп мешуд. Мирзо Адиб бо ӯ шинос мешавад ва бо пешниҳоди вай маҷаллаи наверо ба унвони «Ҳуснпараст» ба дӯши Мирзо Адиб месупорад. Доктор Парти Синг аз кору фаъолияти Мирзо Адиб хуш шуда, тамоми корҳои идоравиро ба зиммаи ӯ мегузорад ва барояш комёбиҳоро таманно мекунад. Аз он баъд Мирзо Адиб ба симати сармуҳаррири «Ҳуснпараст» ба кору фаъолият худ шурӯъ мекунад ва барои доктор Парти Сингх ташакури зиёд баён менамояд.

Таъсисёбии “Анҷумани адибони тараққипарвар”

Зикр бояд кард, ки соли 1936 “Анҷумани адибони тараққипарвар” чун муассисаи адабӣ дар сарзамини Ҳинду Покистон ба кор оғоз кард. «Шуд парешон хоби ман аз касрати таъбирҳо»-и Мирзо  Адиб зинда мегардад. Ба тасаввури Мирзо Адиб ин бунёди адабӣ ба фаъолиятҳои сиёсӣ зиёдтар аҳамият медод, ба нисбати корҳои адабӣ ва фарҳангӣ, зеро баъзе аз роҳбарон аз аҳли адаб набуданд ё ба адабиёт аҳамияти кам медоданд. Замоне ки Мирзо Адиб сардабири маҷалаи «Адаби Латиф» буд, аксари эълон ва маълумот аз ҷониби “Анҷумани адибони тараққипарвар” дар ин маҷалла таҳия ва чоп мешуданд.

Аммо баъди қиёми давлати Покистон соли 1949 дар Театри Кушоди шаҳри Лоҳур ҷаласа баргузор шуд, Мирзо Адиб бо ду қарордоди ин маҷлис райи мухолиф дод. Қарордоди якуми ин буд, ки тамоми вилоятҳои Покистон ки дорои забонҳои маҳаллианд, чун забони миллӣ қабул шаванд, дуввум ин ки “Анҷумани адибони тараққипарвар” бо дигар адибони сарзамини ҳинд ба мисли Муҳаммад Ҳасан Аскарӣ, Саъодат Ҳасан Минто ва Қуратулъайн Ҳайдар робитаи зич надошта бошад. Ба хотири ин мухолифатҳо Мирзо Адибро аз узвияти ин анҷумани адабӣ  хориҷ карданд.

Китоби Мирзо Адиб  «Саҳронавард ки хутут» аз замони таълифаш то имрӯз барои навҷавонон ва дӯсторони адаб ва роману ҳикояҳои урду дастовардест,ки  дар дили онон нақш бастааст. Бояд зикр шавад, ки ин асар  60 сол пеш дар замоне таълиф шудааст, ки муаллиф дар иҳотаи маъракаҳои сиёисиву адабии давраи худ зиндагӣ ба сар мекард. Аз як су талошу ҷиддияти мардум барои озодӣ ва истиқлолият ва аз суи дигар ислоҳоти фарҳангӣ ва адабӣ бо эҷодиёт ва асарҳои назму романанависони машҳур ба мисли Ахтар Шеронӣ, Сайид Саҷҷод Хайдар Элдрем, Ниёз Фатҳпурӣ, Маҳди Афодӣ, Саҷҷод Ансорӣ, Хиҷоб Имтиёз Алӣ, Халиқи Деҳлавӣ, Латифудин Аҳмад ва Кази Абдулғаффор. Дар чунин фазо ва макон асари мазкур таҳия ва нашр шудааст, ки хонандаро  масҳур карда, воқеаҳоро барояш бозкушоӣ мекунад.

Кор дар Хонаи Радио ва эҷоди драммаи “Шише ки девор”

Нахустин бор Мирзо Адиб  солҳои 1942-1943 дар хонаи Радио дар шуъбаи мусиқӣ ба кор шурӯъ кард. Вазифааш ҷамъоварии шеър, ғазал ва тарона ва ирсоли маводи мазкур ба маҷаллаи Родиоии «Овоз» буд. Ва бори дуввум баъди қиёми Покистон  ҳамроҳ бо устодон  Абдулваҳидхон, Ахтар Ҳусейн, Баракат Алӣ, Зинатбегим ва Фатҳ Алихон зиёд аз 15 сол  дар хонаи Радио кор ва фаъолият кард.

Вайро баъди эҷоди драммаи “Шише ки девор” -Шишаи девор, ки гуё ба зидди  президенти онвақта Аюбхон бошад, аз кор меронанд. Баъдар Мирзо Адиб бо вазири иттилоот ва нашриёти онвақта Кавсар Ниёзӣ мулоқот мекунад ва  бегӯноҳии худро исбот карда, дубора дар хонаи Радио ба кор шурӯъ мекунад.

Таъсиси “ Анҷумани нависандагон” (writer’s guild)

Баъд аз истиқлолияти  Покистон дар санаи 1949  бо талоши ҳукумати онвақта “Анҷумани нависандагон” барои беҳбудӣ ва  тавсиаи кори аҳлу адаб таъсис дода шуд ва Мирзо Адиб  ҳамкориашро бо ин анҷуман оғоз намуд. Ӯ ҳамроҳи доктор Ваҳид Қурайшӣ, доктор Рашид Анвар, Ишфоқ Аҳмад, Марҳум Вақор Азим, Муҳаммад Туфайл ва Ҷамилудин Олӣ роҳбарони ин анҷуман, робитаи қаламӣ дошт. Кори асосии ин анҷуманро Ҷамилудин Олӣ ва Муҳаммад Туфайл сарварӣ мекарданд. Дертар Мирзо Адиб аз ҷониби ин анҷуман ба машриқи Покистон-Бангладеши имрӯза, сафар мекунад ва бо аҳли адаби ин сарзамин равобити адабӣ бунёд мекунад. Яке аз паёомади ин анҷуман  дӯстӣ ва равобити Мунир Ниёзӣ ва Мирзо Адиб буд, ки ҳамкорӣ барқарор карда бо ҳам табодули афкор доштанд.

Дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо аҳли адаб

Мирзо Адиб бо Ғулом Аббос корманди маҷаллаи  «Пҳул» (гул) ва «Найранги Хаёл» дӯст буд. Ин афсонанигори машҳур дар барномаи «Оҳанг» зери сарапасти Хонаи Радио низ фаъолият мекард ва охирон бор дар конфронси аҳли қалам, ки дар Исломобод баргузор шуд бо ҳам дидор доштанд. Яке аз дигар дӯстони Мирзо Адиб доктор  Торо Чанд устоди забонҳои форсию арабии Ҳинду Покистон  буд, ки конфронсеро барои аҳли адаб дар Деҳлӣ ташкил кард ва Мирзо Адиб низ дар ин маҳфил иштирок кард.

Кришон Чандар адиби машҳури адабиёти урду ва ҳиндӣ, руҳу равони “Анҷумани адибони тараққипарвар”, хатмкардаи Колеҷи давлатии Лоҳур низ бо Мирзо Адиб равобити дӯстӣ дошт.

Исмат Чуғтой, Аҳмад Надим Қосимӣ, Роҷендар Синг Бедӣ, Каниё Лол Капур, Хадиҷа Мастур, Доктор Ваҳид Қурайшӣ, Мушфиқ Хоҷа (муҳаққиқ,шоир,ҳаҷвнигор), Доктор Муъинидин Ақил, Оғо Шуриш Кашмирӣ (сиёсатмадор ва роҳбари машҳури Ҳинду Покоистион, рузноманигор ва суханвари машҳур), Муҳаммад Абдуллоҳ Қурайши, Мирзо Муҳаммад Мунаввар, Доктор Ҷамил Ҷолибӣ, Доктор Салим Ахтар, Ҳафиз Тайиб, Шафиқурахмон, Латиф Кашмирӣ, Аллома Иқбол, Мавлоно Абулкаломи Озод, Ҳофиз Маҳмуд Шеронӣ, Оғо Ҳашр Кашмирӣ, Доктор Саийд Абдуллоҳ ва Абдураҳмон Чуғутойро Мирзо Адиб  хело  зиёд қадрдонӣ ва дӯст медошт.

Ин адиби урдузабон рӯзи 31 июли 1999 аз дунё мегузарад ва дар тавсиъа ва рушди адабиёти урду хидматҳои хело зиёдеро ба мерос мегузорад.

Осор ва эҷодиёти Мирзо Адиб

Мирзо Адиб яке аз нависандагони муосири адабиёти урду аст,ки дар ҳикояву романнависӣ дар асри ҷадид хело шӯҳрат ва шаҳомат дорад. Номи аслияш Диловар Алӣ буда, бо номи адабӣ чун Мирзо Адиб дар адабиёти урду номвар шудааст. Тақрибан 100 сол пеш дар шаҳри қадимаи Лоҳур мутаввалид шуда, овони кӯдакиашро дар инҷо гузаронидааст. Дар солҳои мактабии вай, сарораи минтақаи қораи ҳиндро ҷунбишу ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ печонида буд ва ҳамаҷоро фазои кашмакашиҳо иҳота мекард. Ин фазо ва давр ба ҷавонон ва мактабиён таъсири хос расондааст, ки акасари онон қалам гирифта, тамоми воқеаҳоро аксбаророна сабт кардаанд.

Мирзо Адиб аз яке онҳо аст, бо офаридаҳои худ, зулмату торикиро, фаросату фароғатро, хайру шарро, муҳаббату мусибатро ва ватану ватандӯстиро тавъам бо услуби соддаву оромбахш кашшофӣ кардааст.

Ӯ бо асарҳои офаридаи худ мақомашро дар пояи баланди адабиёти урду  нишон дода тавонист. Ва дар навиштаҷоташ чун  фарди ифодакунандаи воқеъбин, орзую умед, одамдӯстӣ ва ватандӯстиро нишон дода, аз тарафи дигар нафрат, эътирози шадид ба нисбати мустаъмаргарони замонаш инъикос намудааст. Ин нависанда дар эҷодиёташ ба зидди даврони золимият, ки яке аз замонҳои ноосудагӣ, бедодгарӣ ва хонавайроншавии мардуми мазлум ба шумор меравад, нотарсона баён кардааст. Тасовири зиндаи онро дар роману афсонаҳо хело рӯшан дидан мумкин аст.

Вай баъди хатми мактаб солҳои 1925 то 1930 ба коллеҷи Лоҳур таҳсил карда, бо доктор Таъсир шиносоӣ пайдо карда бо назму наср зиёдтар ошно мегардад. Мирзо Адиб қадами аввалинашро ба ин боргоҳи маърифат гузошта, ба тадрису тарбият машғул мешавад. Аммо дар инҷо кайҳо ному насабашро ҳамаи атрофиён мешинохтанд. Зеро замони дар мактаб буданаш гоҳ-гоҳ дар барномаҳои адабӣ ва базмӣ иштирок карда, назм эҷод мекард. Дар ростои эҷодиёти шеър Мирзо Адиб чанд мароҳилро тай кардааст, то такомул пайдо кунад. Марҳалаи аввал аввалин назми худро дар васфи бузичае дар назди боғи пушти мақбараи Алии Ҳуҷверӣ  машҳур ба Дото Ганҷбахш тавассути роҳнамоии ҳамсинфаш  Ҳасан Масно (тахаллусаш Шамъ) барои сайр баромада буданд,эҷод кард.

Худи Мирзо Адиб манзараро дар китоби сарнавишташ чунин зикр кардааст: Ҳасби маъмул ман бо ҳамсинфам Ҳасан Масно ки охири номаш лафзи“ошно” изофа карда менавишт, ба ҳам дар саҳни мактаб мусобиқаи футболро мушоҳида мекардем. Вай шеърҳояшро ба ман шунавонда, аз ман талаб кард, ки бо ҳам ба боғи назди мақбараи Дото Ганҷбахш рафта, шеърнависӣ кунем. Дертар онҷо расидем ва ба ман ишора карда гуфт, кӯшиш намо то шеър бинависӣ-ба ман ишора кард, дӯстам- Ҳасан Масно ва худаш дар ҷое нишаст ва маро ба ҷое дигар барои нишастан роҳнамои кард. Аммо ман беқарор шуда, ба ин тарафу он тараф мегаштам ва ба атроф нигоҳ кардам, ки дуртар аз ман писаре дар зери дарахти баланд, нишаста,ба коре масруф аст. Ба наздаш омада дидам, ки тасвири гурбаеро кашидааст. Дар ин вақт дӯстамро дидам, ки ҳанӯз ба фикр фӯру рафта, корашро идома медиҳад. Якдам писареро дидам, ки аз паси як бӯзича медавад. Ва ман ҳам аз паси ин бӯзича давида, дар ҷое вайро дастгир намудам. Он писарак омада, даррав аз як гӯшаш қапид. Бечораи писарак инқадар бемадор буд, ки аз даҳонаш ҳеҷ лафз шунида намешуд. Нохост боз дубора бӯзича аз дасташ раҳо ёфта, рафт. Дӯстам Ҳасан маро мушоҳида мекард. Ин лаҳза афсонаи ду бӯз, ки бо ҳам дар болои пул ҷанг мекарданд, ба ёдам омад. Ба худ гуфтам, ин афсона аст, аммо шеър чизи дигар аст. Ва дидам, ки бӯзича дар ҷое истода, ба ман наззора мекунад, аммо аз писарак хабаре нест. Хостам вайро гирифта ба хона барам. Фавран вай хоҳиши маро фаҳмида ба ман қарибтар шуд, ки як дам садои –“Эй ҳаромзада” шунида шуд, ки садои он писарак буд, ки ба назди бӯзаш омад. Нависанда манзараро дида, мегӯяд, ки Худо медонад, ки чи таври эҳсос пайдо шуд, то ман аввалин маротиба қаламе гирифта дар бораи ин бӯзича чунин тарз шеър нависам:

Мени дикҳа оҷ як бакрӣ

Дудҳ детиҳе гоҳс коҳтиҳе

Пиёресе мери пос отеҳе

Ҷаб пакартоҳу богҳ ҷотеҳе

Тарҷума:

Ман бӯзичаеро имрӯз дидам

Шир дода алаф мехӯрад

Бо меҳр ба наздам меояд меравад,

Агар вайро бидорам, медаваду меравад.

Нависанда, аз ин манзараи илҳом гирифта, аввалин назмашро эҷод мекунад. Вай дертар тавассути китоби Торо Чанд ва иштирок дар базми адабии мактаб  майли шеърнависиро идома медиҳад. Вай ҳанӯз дар ин росто ба таври бояду шояд комёбӣ ҳосил намекунад ва ҳамеша маъйус ва музтариб менамояд. Аммо Мирзо Адиб аз талошу ҳиммат кор гирифта, барои беҳбудии кораш роҳашро идома медиҳад.

Марҳалаи дуввум вай дар базми мактаб наъти эҷодшудаи  Муҳаммад Ашраф, ки аз муаллимини мактаб буд ва дертар тавассути ҳамсинфи хушовозаш Ғуломсарвар садо дод, шунида, тасмим мегирад,то ба мисли ин назмеро эҷод карда, машҳурият пайдо кунад. Бо ин руҳия ба хона омада, аввалин наътияро ба шакли зерин тахлиқ менамояд:

“Ё набӣ, мери набӣ, пиёри набӣ,

Тери дар пар ҷектеҳе сори набӣ..

Тарҷума:

Эй пайғомбар, меҳрубонӣ ман, ба дари ту сар мегузоранд ҳамаи паёмбарони ман...

Матни пурраи наътро ба  дӯсташ Ғуломсарвар нишон дода, бо ин восита дар ҷамъи шоирони мактаб дар зумраи Муҳаммад шомил мегардад.

Ҳамин тавр Мирзо Адиб тарбият ёфта,машҳур шудан мегирад. Марҳалаи баъд вай навиштаҷоташро ба “Шабоби урду” маҷаллаи машҳури қораи ҳинд, ки зери сарпарастии Аълохон Соҳиб, Аҳмад Ҳусайнхон ва Зубайда Султона таҳия мешуд, ба чоп медод. Дар ҳамин солҳо вай ба воситаи моҳномаи “Шабоби урду” бо новелланавис ва афсонанигор Зубайда Султона ва Аҳмад Ҳусайнхон ошно мешавад. Дар ин замон бо адиби дигар  Каптайн Мумтоз Малик, ки дар рӯзномаи урдузабони «Навои Вақт» кор мекард, низ таоруф пайдо мекунад.

Он замонҳо Мирзо Адиб ба эҷоди таронаҳои исломӣ ва ё ба навиштани афсонаҳои хурд низ машғӯл мешуд. Ин  афсонаҳо аслан аз русӣ, фаронсавӣ ва англисӣ маншаъ мегирифтанд. Бо ин васила вай дар байни мардум чун шоир маъруф шудан гирифт ва бо ин унвон ёд мешуд.

Мирзо Адиб оиди шоирии худ дар китоби “Мити ко диё” чунин нақл мекунад: Он замонҳо ҳукумати Панҷоб зери мудирияти “Юнионист портӣ” идора мешуд ва вазири маорифи онвақта Фирӯзхон буд. Одатан вай ба макотибу донишгоҳҳо омада, аз наздик бо талабагон шиносоӣ ва мулоқот мекард. Қабл аз омаданаш ба мактаб, ман ки дар синфи 9-ум таҳсил доштам, ба мудири мактаб шеъри навиштаамро, ки дар бораи мадҳу некуии вазири маориф буд, таҳия карда, тақдим намудам. Ин назм дар рӯзи ташрифи вазири маориф хонда шуд ва як нусха чун барги сабз ба вай туҳфа гардид.

Ҳамин тавр Мирзо Адиб ба шеърнависӣ майл пайдо кард. Мирзо Адиб дар аввал бо номи Мирзо Диловар Алӣ Осӣ  дар мактаб шинохта мешуд, аммо баъд аз эҷоди назмаш роҷеъ ба вазири маориф, тахаллуси Адибро касб кард.

Дар ҳамин даврҳо тавассути яке аз ҳамсинфонаш бо Мирзо Султонбек новелланавис ва сардабири “Ҳилол”,ки ҳар ҳафта чоп мешуд, ошно мешавад ва назми тоза эҷодашро зери унвони “Хитоб ба муслим” таҳия шуда буд, ирсол менамояд, ки дертар дар саҳифаи аввали маҷаллаи “Ҳилол” чоп мешавад. Дар ҳамин шабу рӯз як новеллаи ҷосусии Мирзо Султонбек таҳти унвони “Хуни ҳотҳ” (Дасти хунин) шӯҳрату сару садои баланд дошт, ки Мирзо Адиб низ аз мутолиаш лаззат бурдаст.

Назм дар замоне чоп мешавад, ки шеърҳо ва китоби “Бонги даро”-и Аллома Иқбол аввалин маротиба санаи 1928 чоп шуд ва Мирзо Адид ба мутолиаи он машғул мешуд. Ва дар чунин фазо ва фурсат чопи шеър Мирзо Адибро ба як олами воқеият меорад. Ва ин рӯзнома номи вайро боз машҳуртар месозад.

Тавассути маҳз ҳамин назм Мирзо Адиб бо воситаи муаллимаш Мавлавӣ Муҳаммад Абдулло Форуқӣ аввалин бор бо Ахтар Шеронӣ мулоқот карда, мукотибаашро оғоз мекунад. Он замонҳо бештар назмҳои Ахтар Шеронӣ дар маҷаллаи адабии “Қавси қазаҳ”, ки зери сарпарастии  Муҳаммад  Ваҳид Каёнӣ идора мешуд, ба чоп мерасиданд. Ва назми машҳӯри Ахтар Шеронӣ бо номи “Эй ишқ каҳи ле чал” дар он маҷалла нашр шуда буд ва боиси ифтихор аст, ки навиштаҷоти Мирзо Адиб низ   дарҷ мегаштанд. Пас аз нашри  назми “Хитоб ба муслим” дар санаи 1928 вай чун шоир шӯҳрат пайдо кард. Ва худи ҳамон солҳо бо тавсия мудири мактаб муовини маҳфили мубоҳисавии “Гуфтугӯ” ва дертар раиси он таъйин мегардад.

Дар ҳамон замонҳо Мирзо Адиб барои боз ҳам тавонманд кардани худ ба китобу китобхона шавқ баста, ҳамеша ба шӯъбаи урдуи “Панҷоб паблик лайбрери” (Китобхонаи умумии панҷоб) рафта, ба мутолиаи китобу рисолаҳо, аз ҷумла китоби  “Овранзеб Оламгири пар як назар” (Як назар ба Оврангзеб Оламгир)- и Мавлоно Шибли Нуъмониро мехонд.

Дар солҳои 1932 то 1935 адибони машҳури адабиёти урду ба монанди  Маҳмуд Низомӣ,Хизр Тамимӣ, Абдурашид Ториқ ва Ҳафиз  Ҷовид дар коллеҷ бо Мирзо Адиб тадрису тарбият мегирифтанд, ки аз назму насри онҳо нависанда таассурот мегирифт.

Тавре болотар ёдовар шудем, Мирзо Адиб дар оғози фаъолияти адабияш ба жанри назм майл дошт, аммо якчанд ҳикояро дар асоси матни дигарон таҳия мекард. Бо вуҷуди ҳамаи ин вай марҳилаҳои гуногунро тай карда, қадамаи аввалин худро ба жанри афсона, ҳикоя ва роман  монда, ҷойҳои холии адабиёти урдуро ғанитар мегардонад.

Вай чун романнависи баркамоли муосири урду як силсила асарҳои баландмазмуну муносиб ба вақту замон эҷод мекунад.

Китоби аввалини вай зери унвони “Саҳронавард ки хутут” санаи 1940 таҳия ва нашр шуд, баёнгари воқеаву ҳодисаҳоест, ки руҳияи мардум ва ноадолатии замонашро ифода мекунад.

Дар миёнаҳои санаи 1942-1943 Мирзо Адиб дар шӯъбаи мусиқии Родио ба кор оғоз карда, навиштаҷоташро дар рисолаи “Овоз”-и радио чоп мекард. Дар  инҷо  Муҳаммад Рафеъ ва Авм Паркош  аз ҳамкорони Мирзо Адиб буданд, ки дертар дар қораи ҳинд яке маҳбубтарин сароянда ва дигаре ситораи ва коргардони филм шӯҳрат пайдо карданд. Замоне ки Мирзо Адиб ба радио корро оғоз кард сардабири маҷаллаи “Адаби Латиф”  Қатил Шифоӣ таъйин шуда буд, ки бо ҳам мукотиба ва мулоқоти доимӣ доштанд.

Ҳаминтавр Мирзо Адиб бо муҳити инҷо ошноӣ пайдо карда, дертар ба шӯъбаи бачагони радио мансуб мегардад ва бо драммнавис  Форуқ Алихон шинос шуда, драммаҳои писандидаи вайро, аз ҷумла “Тисро бҳен” (Хоҳари саввум), “Бадла ҳува замона”(Замона дигар шудааст), “Ҳам фақир ҳе”(Мо фақирем) ,”Синамо ке баъд” (Баъд аз синамо), “Киё карего Қозӣ” (Қозӣ чи мекунад?) ва “Навкарунко ҷаласа” (Ҷаласаи ходимон) мубодала мекунад.

Мирзо Адиб дар ин боргоҳи адабӣ бо адиб Роҷандар Синкҳ Бедӣ шинос шуда, ҳамкорӣ менамояд. Ин вақтҳо маҷмуи драммаҳо Бедӣ зери унвони “Сот кҳел”(Ҳафт бозӣ) дар радио навишта мешуданд. Инҳо бо ҳам дарди дил карда,табодули назар мекунанд. Мирзо Адиб ёд аз вай карда мегӯяд, рӯзе ман Бедиро нороҳат дида, сабабашро пурсидам. Вай ба ман гуфт-“инҳо бо ман рафтори хуб намекунанд. Лизо ба синамо рафта продюсер шуда кор мекунам ва даромади хуб ба даст меорам”. Ин азми росиху матини вай буд, ки дертар вайро дар ин ҷода ба камол расонд ва машҳур гашт.

Кор ва фаолият дар радио барои Мирзо Адиб марҳалаи наверо дар драмманависӣ боз кард. Дар инҷо вай бо драмманависон ва коргардонони машҳур ба мисли Сайид Имтиёзали Тоҷ, Рафеъ Пирзода буданд, ки эҷодиёти драммавии онон дар тамоми қора шӯҳрат ёфта буд, аз наздик сабақ гирифта, дар ҷодаи драмма ва драмманависӣ, ки услуби хоси худро дорад, маҳорат пайдо мекунад. Онҷо Мирзо Адиб чандин сол коркарда, ба истеъфо мебарояд ва дубора тақрибан солҳои 1964 баъд аз қиёми Покистон дубора ба радио ба кор оғоз мекунад.

Дар ҳамин солҳо драммаи Мирзо Адиб зери унвони “Шишеки девор”(Девори шиша) таҳия мешавад. Драмма бо сарпарасти Заҳир Бҳути продюсери радиои Лоҳур нашр шуда, дар тамоми мулк як ҳангома мебарорад ,ки гуё ба муқобили Президенти онвақта Садр Аюбхон (1907-1974- даврони кори 1958-1969) навишта шудааст. Лизо нашри дубораи ин драмма як муддат манъ мегардад ва баъд аз баррасиву муноқашаҳои зиёд бо тавсияи вазири иттилоот ва нашриёт Кавсар Ниёзӣ дубора барои нашр иҷоза дода мешавад. Ин воқеаот шӯҳрати Мирзо Адибро дар дохил ва хориҷи кишвар зиёдтар мекунад ва ӯ талошу муборизаро барои эҷодиёти нав идома медиҳад.

Бояд зикр кард,ки драммаҳои дигари Мирзо Адиб ба монанди “Рақси шарар” ( Расқи бад), “Қандил”, “Фанкор”, “Лаҳу авр қолин” (Хун ва қолин), ва “Инсоф” қабл аз “Шешеке девор” ба шакли як боб нашр шуда буданд.

Драммаи “Рақси шарар”  ва “Қандил” нақшҳое румонавӣ буда, баъзе воқеятҳоро намоиш медиҳанд.

Ҳунар ва тасвири нақш  дар драммаи “Лаҳу авр қолин” хело олӣ баён шудааст, ки дар дигар драммаҳо  кам дида мешавад. Маҷмуа аз дувоздаҳ драмма ибор буда,ки дар онҳо инсонҳо ва кашмакашиҳои зиндагии онон тасвир ёфтааст. Бо ҳамаи ин инсон ҳамеша талош мекунад то роҳи дурустро пайдо карда ба мақсуд бирасад. Муҳаққиқ адабиёти урду доктор Муҳаммад Ҳасан ба ин назар аст,ки дар шинохти драмма ва анвоъи он номи  Шакиспер,Чехов ва Абсан хело корнамоҳи карданд, ки то имрӯз таъсир бахшанд. Дар  жанри драмма адабиёти санкрити низ то андозае рушд кардааст. Аммо дар асри ҳозир дар мо намоиш фақат маънои дар саҳна баромада ҳазлу тафриҳро баён кардан асту тамом. Бо вуҷуд ин ки дар ин росто корнамоиҳои Толиб Банорсӣ, Аҳсан ва Оғо Ҳашр Кашмирӣ хело чашмрас ва қобили таҳсин мебошанд. Ва шакке нест, ки драммаҳои Оғо Ҳашр дар рушди адабиёти урду як саҳифаи таърихиеро изофа кард, ки дар онҳо забони адабӣ, фазо, рафтор дар нақшбозон хело олӣ тасвир шудааст.

Бо ҳамаи ин қадомат драмма дар адабиёти урду фақат эҳсос карда мешуд, аммо тасвири зиҳнӣ надошт ва зарурат ба фарде дошт то холигиҳои онро комил созад. Ҳамин тавр Мирзо Адиб дар драммаҳои худ тасвири зеҳниро ба вуҷуд оварда, ин холигиҳоро пур кард.

Инҷо метавон ишора кард, ки Мирзо Адиб дар жанри драмманависии адабиёти муосири урду яке аз касонест, ки гуногуншаклиро эҷод кардааст. Тамоми гуногуниҳои зиндагии инсонҳо дар драммаҳо тасвирбандӣ шудааст, ки шомили тамоми наслҳо ва табақотанд. Нақшҳо дар драммаҳои вай ба тавре роҳандози шудаанд, ки монанд ба руҳи зинда дар инсонҳо аст.

Дар соли 1937 вай дар ибтидоӣ ҷодаи адабиёт қарор дошт, ки ҳамон замон ду осораш бо номҳои “Саҳронавард ке хутут” ва “Саҳронавард ке румон” мақомашро ба авҷи такомул дар адабиёти муосири урду расонданд. Китоби мазкур то  соли 1939 зиёда аз 14 маротиба чоп шуд, ки майлу рағбати хонандаро ба ин асари таърихи нишон медиҳад. Ва ахиран дар санаи 1989 боз аз нав чоп шуда мавриди истифода қарор мегирад.

Аммо сабаби машҳур шудани Мирзо Адиб на танҳо ҳаминҳо буданд,балки драммаи “Хокнишин” низ аст, ки шомили  тамоми шуъури иҷтимоӣ, табақоти кашмакашиҳо, ҳақ ва инсоф, ва ҷангу фатҳ тасвир шудааст. Дар ин драмма нақши асосиро як муаллим иҷро мекунад, ки  аслан дар як деҳа тули 27 сола аст, ки ба кудакон дарс мегӯяд. Мактабхонон дар як шароити душвор дар болои замин нишаста дарс мехонанд ва баъзе душвориҳояшон аз тарафи ин муаллим ҳаллу фасл мегардид. Ин мактаб барои муаллим чун як ҳадаф, хона, кор ва як василаи бедорхобӣ шудааст. Аммо дар ҳамин вақт  як бойи маҳал барои тавсеаи боғаш мехоҳад ин заминро бихарад, аммо муаллим розӣ намешавад. Дар ин ҳол ин шахс аз ҳила ва макр аз як хонуми зебое ки фарзандаш дар мактаб мехонд, муаллимро ба балои туҳмат гирифтор мекунад. Қазия ба ҷое мерасад, ки муаллим маҷбур ба тарки деҳа мешавад. Аммо бо кумаки мактаббачагон ва волидайни онон вай аз тасмимаш даст мекашад ва бо азми устувор ба кораш идома  медиҳад. Инҷо бой нақши зулм ва яккатозиро нишон медиҳад .Нақши дигари асосиро як бойи дигар мебозад, ки муаллим як асперо ба таври амонат супорида буд, ки ба наздаш омада, суханони дилчаспу ҳаётӣ мегуфт, ки ба муаллим писанд меомад. Дар ин драмма Мирзо Адиб ҳаёти инҷоро ба тасвир кашидааст, ки хонандаро ба ваҷд меорад. Бо ин тасовир ин драмма яке аз беҳтарин осори драммавии Мирзо Адиб мегардад, ки саҳифаи адабиёти муосири урдуро боз ҷилватар месозад. Ва ба қавли доктор Ҷамил Ҷолибӣ драммаи “Хокнишин”  ва шоҳкории Мирзо Адиб дар даври муосир обруи жанри драммаи адабиёти урду ба шумор меравад.[6]

Чи тавре, ки ёдовар шудем, Мирзо Адиб аз адибони муосири урду аст, ки дар ибтидо ба шеър қадам гузошта, баъд ба драммаву ҳикояву афсона майл мебандад ва шӯҳрат пайдо мекунад. Пас аз кушишҳои зиёд дар моҳи октябри соли 1957 як маҷмуаи афсонавии вай зери унвони “Кампал” ба чоп мерасад ва саҳифаи нави ҳаёташро нишон медиҳад. Роҷеъ ба ин Мирзо Адиб дар китобаш ишора карда баён мекунад: «Дар ин маҷмуа даҳ афсона шомил аст, ки сетои ин он дар замони пеш аз истиқлолият руи чоп омада буд. Ва ман дар ин китоб фақат даҳ афсонаро интихоб кардаам, ки коркарду фаъолияти маро тарҷумонӣ мекунанд. Ва ин афсонаҳо тамоми корнамоиҳои маро нишон медиҳад, ки банда дар ростои жанри афсонанависӣ тай кардам».

Дертар дар санаи 1979 маҷмуаи дигари Мирзо Адиб зери унвони “Ҳасрати таъмир” таҳия ва чоп шуд,ки шаъну шукуҳи вайро боз болотар мебарад.

Бештари ин ҳикояҳо бо вазни сиғаи мутакаллим омаданд,хусусан дар “Нилам парӣ”, “Устод Фазл Илоҳифазл”, “Суҳанӣ камҳоран”, “Юсуф Зулайхо”, “Браҳи лаки Зайнаб”, “Ная ҷи”, “Лолу мошки” ва “Душманӣ”, аммо дар дигар ҳикояҳо лафзи сиғаи ғоиб истифода шудааст. Дар як мавзуи кучак баён кардани тасвири бузург эҷодиёт ва ихтирооти комили адабии шахсро ифода мекунад, ки чи қадар аҳамияти бузург дорад. Саргузашти як шаҳр, як кӯча ва зиндагии рӯзмарраи инсонҳо бо услуб ва шеваи хос баёнгарӣ ҳусн ва такомули адибро нишон медиҳад. Инҷо метавон ду таҷрибаеро ёфт, ки яке шароит ва масоили дохиливу хориҷии зиндагӣ ва дигаре ноумедии афроди ба таври зоҳирӣ амммо дар асл ҳамаи онон хушбин ба назар меоянд. Ва овардани тамоми воқеоте, ки худи Мирзо Адиб шоҳиди он буд, дар тамоми ин ҳикояҳо тасвир ёфтааст, ки ба хонанда мерасонад, ки бубинед, худи ман ҳам шомили ин ҳикояҳо ҳастам, ки худ шоҳиди он будам.

Дар ихтитомияи китоб худи Мирзо Адиб чунин баён мекунад:»Ин даврони ҷавонии ман буд ва ин кирдорҳоро гоҳе ё ки ҳар рӯз мушоҳида мекардам ва аксари ин шахсиятҳо имрӯз дар қайди ҳаёт нестанд, ки навиштани ин алфоз дар дили ман як ғаму андӯҳ пайдо мегардад».[7]

Муаллиф хоксорона маконату мартабаи худро дар рушди адабиёти урду муайян кардааст. Вай дар маҷмуаи мазкур тамоми воқеаҳои пеш аз истиқлолият ва каму беш баъд аз истиқлолиятро моҳирона нақл кардааст.

Дертар баъд аз чор сол аз чопи “Ҳасрати таъмир” маҷмуаи дигари Мирзо Адиб бо номи “Сатван чароғ” таҳия мегардад,ки дар он тарзи зиндагӣ  солҳои 1970 ва 1980 шаҳри Лоҳурро инъикос мекунад. Ин воқеаҳо на фақат марбут ба як маҳалла ва ҳиссаи Лоҳур набуда, балки тамоми ин шаҳр ва ҳатто берун аз онро низ  фаро гирифтаанд. Инҳо бахшида ба Лоҳур, ки яке аз музофоти вилояти Панҷоб ва шаҳри қадимаи таърихии Покистон буда, дар як тарафи он Ҳиндустон ва дар тарафи дигараш Исломобод ҷойгир аст бахшида шудааст.

Чуноне, ки мебинем, Мирзо Адиб дар ин ҳикояҳо аз гардиш дар кӯчаҳои Лоҳур то дукон ва бемористонҳо аз табақаҳои гуногуни ҷамъият, заҳамоти онон, мардум ва масоил дарпешистодаи онон ба таври реалистона ва шарифона  тасвир шудааст. Вай бо оварадани  тамоми зиндагӣ ва муоширати мардум ва масоили онон дар ин шаҳр ва дигар шаҳрҳо давраи таърихеро зинда кардааст, ки бешак барои муррихон саҳифаи тозае мебошад. Ин афсонаҳоро хонда, ҳар кас орзу мекунад, ки кош Мирзо Адиб ҳамаи ин воқеотро дар шакли як роман менавишт, то саҳифаи наверо дар адабиёти муосри урду боз мекард. Бо вуҷуди ин ки афсонаҳои вай ба мисли худаш шарифу зариф мебошанд, аммо шакли романии ин  маҷмуа метавонист, муҳит ва ҷомеаи Лоҳурро моҳирона аккосӣ намояд, ки ин усул аҳамияти хосеро дар адабиёти урду  пайдо мекард. Дар маҷмуа баъзе ҳикояҳоанд, ки бо доштани ҳақиқат дар худ образи тахаюл ва тасаввур низ доранд. Ва  ин омезиш нависандаро ба суи румоният мекашонад, ки  дар “Сотвон чароғ” хело хуб ба монанди касе, ки чароғи хомӯши як шахси ҳоҷатмандро рӯшан кардааст,тасвир шудааст. Ва ин мавзуи асоси ин маҷмуи Мирзо Адиб аст, ки ба хонанда мерос мондааст. Ин мерос на фақат ҳамаи масоили он даврро аккосӣ кардааст, балки роҳро барои ислоҳот ва мубориза боз кардааст, ки инсонҳо аз он истифода карда, ба суи фардои нек қадам гузошта, ватан ва маҳаллашон ободтар месозанд.

Танзими маросиму анаъанаҳо ва тамаддуни урфу одатҳо яке аз мавзӯъҳои муҳим аст, ки мардуми ҳамаи ҷо онро қадрдонӣ  ва риоя мекунанд.

Бо ин орзуву ҳавасҳо дар соли1990 китоби дигари Мирзо Адиб бо номи  “Кирну си банд ҳе ҳотҳ” (Дастҳои шуоъбаста) чоп шуд. Ин китоб дорои нуҳ афсона аст, ки иборат  аз “Ҷаҳиз”, “Кулсум”, “Бе саҳоро”, “Буро скул”, “Оллоҳ ҳофиз”, “Андера ротка бориш”, “Кутта”, “Инҷони роҳу ко мусофир”, ва “Як мо ка роз” ки дар мавзӯъҳои гуногуни ҷомеа, ҳаводису воқеахоро нақл мекунанд. Чандин адибон дар бораи масоил ва расму урфу одат асарҳо офариданд, аммо Мирзо Адиб инро аз зовияи дигар баррасӣ карда, диққати мардумро ҷалб ба худ ҷалб мекунад. Вай ба ин назар аст, ки расму ривоҷ ва урфу одатҳо аз пурасрортарини чизҳоеанд, ки дар дили ҳар фарду муошира мавҷуданд ва ба осони дур намешаванд. Ва  агар дур ҳам шаванд, шакли дигар пайдо карда, боқӣ мемонанд. Барои ислоҳ инҳо талошу тавони дастаҷамъона лозим аст, то барои ҷомеа ва мардум осони пайдо гардад. Агар ҳама бо ҳам кӯшиш нанамоянд, бо як шахс ва хонавода наметавон, ислоҳот ворид кард. Ин маҷмуа  он масоили муҳими муоширатиро баррасӣ мекунад, ки ҳамаи табақаҳои ҷомеаро фаро гирифтааст. Инҷо Мирзо Адиб ба монанди фарди дилсӯз ва маслиҳатчии ҷомеа фаолият карда, ба ҳама муроҷиат мекунад, то барои ислоҳоти масоили муҳими зиндагӣ бо ҳам шарик шуда, мубориза  баранд. Дар ҳикояи “Ҷаҳиз” Саҷҷод ягона ҷавони намунавӣ аст, ки на фақат дар озмунҳои коллеҷ ва мактабҳо дар мавзӯи ҷаҳиз баромадаҳо карда, соҳиби ҷоиза ва қадрдонӣ мегардад, балки корро дар зиндагии худ амалан нишон медиҳад. Дар аввалҳои ҳаёт завҷаи вай Сумра ҳамроҳаш бо равиши хос зиндагиро пеш мебурд, аммо баъдҳо маҷбуран бо вай одат мекунад. Вале омаду рафти хешовандон ва дӯгонаҳо ва гуфтугуи онон ба вай таъсир мерасонад ва кор ба натиҷае мерасад, аз  баъзе чизҳои шикоят мекунад. Ва ин замон падари Сумра ба назди Саҷҷод омада чунин мегӯяд: “Писарҷонам аз ин қадар гирифтани васоли ҷаҳизҳо як маротиба онҳоро қабул низ бикун”, ки ин кор барои ҳам ту ва ҳам оилаат хуб мебошад. Ҳикоя масъалаи ҷиҳозро дар сурати ин зан зебо баён карда, дар натиҷа фикри наверо кашф месозад. Аммо ҳикояи “Кулсум” аз воқеаи зане бечорае нақл мекунад, ки барои таълиму тарбияи духтараш ба Инглистон рафта, ба ҳодисаҳое дучор мешавад. Аммо ҳикояи “Бе саҳоро” дар бораи марде аст, ки фарзандаш баъди  таълим барои кор ба  кишвари Халиҷ сафар карда, падарашро фаромӯш мекунад. Аммо замоне ки соҳиби фарзанди маъюб мегардад ва падараш ба хотираш меояд ва барои сарпарастии ин тифли бегуноҳ вайро ба назди падараш мегузорад,ки вай калон шуда, ба бобояш кумакрасон мегардад ва дар натиҷа ин ҳамаи ҳолоти зиндагӣ он мардро бе сарпараст мегардонад.

Мирзо Адиб тамоми бахшҳои зиндагиро аз назари ибрат нигариста, онро барои мо ба таври ҳикоя ё афсона аккосӣ кардааст. Оид ба нобасомониҳо ва нофаҳмиҳо дар равиши таълим ва авоқиби бади он дар ҳикояи “Буро скул” хело ҷолиб тасвир шудааст. Афсона дар бораи духтари ронандаест, ки модараш вайро ба мактаб дохил карда, тарбият мекунад. Аммо замоне, ки духтарашон аз тарафи муаллимон озор меёбад, падар вайро аз мактабравӣ манъ мекунад .Вале дертар боз модараш ҷавоҳироташро фурӯхта, вайро ба мактаб равон мекунад. Аммо дертар дили духтар аз мактаб монда, ба модараш мегӯяд, ки вай дигар ба онҷо намеравад. Ва лизо модари вай падарашро чун як бача шуморида, аз вай ранҷида, бо вай қаҳрӣ мегардад. Аммо ҳикояи “Оллоҳ ҳофиз” оид ба зану шавҳарест, ки як бачаи навзод доштанд. Дар натиҷаи омадани селобҳои пайдарпай маҷбур мешаванд, то хонаашро тарк карда, ба ҷое паноҳ баранд. Дар ин асно онҳо байни ҳам машварат карда, ба хулосае меоянд, ки бачаашонро ба сандуқ баста, ба дарё мепартоянд, то ба мисли Ҳазрати Мусо ба назди  подшоҳе расида, зиндагӣ намояд ва худашон дар ягон ҷой рафта паноҳ мебаранд. Ва ба ҳамин шакл афсонаҳои дигар оид ба ҳар бахши зиндагӣ суратеро сиратбардорӣ менамоянд. Дар тамоми афсонаҳо, инсон меҳвари асосӣ аст, ҳамон инсоне, ки мо вайро ҳар рӯз мебинем ва мулоқот мекунем, аммо вай аз дарду ғами худ новоқиф аст. Ва ҳамаи онон бо як услуби равон ва осон тасвир шудаанд,ки баёнгарӣ онанд, ки Мирзо Адиб на фақат имрӯз мудовим ҳикоя менависад, балки бо равиши зебо ва олӣ низ менависад.

«Тезтарак гом зан, манзили мо дур нест»-, гуфтаи Муҳаммад Иқбол ба дили Мирзо Адиб асар расонд ва дар натиҷа, дар соли 1939 китоби тиллоӣ ва беҳтаринии вай зери унвони “Саҳронаварде ки  хутут” таҳия мешавад ва саҳифаи жанри романии адабиёти урдуро равнақтар ва рӯшантар месозад. Аммо вай аз даврони мактабӣ ба  илму дониш майл баста, ки дар натиҷа аз соли 1935 дар шумори адибони урду буда, дар рушд адабиёт корнамоҳои зиёде кардааст. Аммо ин китоби нависанда, дар шинохт ва фаҳми ҳунари роман ва романнависӣ мафҳумҳои мубҳамеро ифшо мекунад. Вай бо услуби хоси шоирона,бо истифода аз истиора, ташбеҳ ва алфози ҷамилу дилкаш, достонҳоро қиссакушои кардааст, ки хонанда эҳсос мекунад, ки кадом шоире аст. Сабаби машҳур шудани Мирзо Адиб чун нависандаи адабиёти муосири урду маҳз ин китоб аст, ки худаш дар пешгуфтори он зери унвони ибтидоия назарашро баён кардааст. Ин пешлафз на камтар аз се саҳифа аст, ки аз он чанд иқтибос меорем6 «Китоби “Саҳронаварде ки  хутут” қисса, достон ё афсона ва ё чи унвоне ки ба шумо фаҳмо бошад, дар замоне навишта шудааст, ки мардуми ҷафокаши қораи ҳинд ба суи озодӣ қадам мегузоштанд, тамоми мамлакатро як ҳангомае фаро гирифта буд, конгрес бо англисҳо дар тасодум қарор дошт, ҳизби муслим лег парвоз карда, барои мусалмонони ҳинд муовинатҳо ҷамъоварӣ мекард, анҷумани тараққапарвари ҳинд дар ҳолоти ногузир меистод ва шабу рӯз дар гардиш ғайриоддӣ мечархиданд. Ддар чунин вазъият чаро ман ба саҳронавардӣ оғоз кардам, саволест ҷавоб мехоҳад. Ин саволро ба аҳли назар вогузор мекунем, вале оид ба ин кор дар зеҳни ман ду чиз чарх мезанад:

Яке ин ки китоб бар асоси чанд асбоби равонӣ руи кор омадааст, ки яке аз он ин аст, ки ман замоне ба калон шудам, дар як хонаи торику танҳо ба воя расидам, падарам хело марди сахтгир буданд ва маро аз хона баромадан намемонданд, ду хоҳар доштам,ки даргӯзаштанд, модари меҳрубонам аз субҳ то шом ба корҳои хона овораву саргардон ва ман худро танҳо ва бе кас эҳсос карда, рӯзона ба мутолиа китоб ва шабона бошад дӯсту муниси ман китоби “Мати ко диё” буд, ва барои такмили корҳоям саҳми дарвоза, тиреза, саҳн, рушандон ва аз ҳама муҳимтар рӯшанӣ ки ман ҳамаи онҳоро бахше аз саҳро меҳисобам, бузург аст.

Иттифоқан ман дар маҳалле зиндагӣ мекардам, ки се то дӯст пайдо кардам, аммо онҳо низ яке баъди дигар дунёро падрӯд гӯфтанд ва ман боз дубора танҳо мондам, ки инҷо ва онҷо саргардону овора мегаштам ва дар зери осмони кушод сайр мекардам. Ин ҳама даврони навҷавонии ман буд, ки он замонҳо беруни дарвозаи Бҳотии Лоҳур аҳолӣ надошт, фақат боғу дарахт буд ва гоҳе зери дарахтон нишаста, аз осмони кабуд,ҳавои тоза лаззат мебурдам ва гоҳе бедор шуда, мегуфтам, ки агар ягон ноинсоф ва беодобу роҳзан биёяд, чи хоҳам кард. Ва ин ҳама он омилҳои равонианд,ки ман водор шудам то ин китобро бо номи мактубҳои як саҳронавард ба хонандагон пешкаш намоям».

Мисле ки дида мешавад, нависанда ниҳоят оддӣ ва хоксорона китоби худро ба хонанда пешниҳод кардааст. Ва метавон бо  боварии комил гуфт, ки ин китоб дар асри муосир барои шинохт адабиёт нақши калидиро мебозад. Бояд зикр карда, ки ин асар яке аз писандатарин маҷмӯа буда, бо забони ҳиндӣ ва панҷобӣ чоп шуда, чор афсонаи он ба англисӣ, дуто ба русӣ низ кайҳо чоп шудаанд.

Номгуи асарҳои Мирзо Адиб :

Афсонаи Озодӣ

Драма ба номи Шаҳноӣ

Драмаи Аҷнабӣ

Матоъи дил

 Романҳо

Саҳронавард ки хутут(1940)

Саҳронаварди румон(1943)

Саҳронавар ко ниё хат

 Маҷмуаи ҳикояҳо

Лово

Чангал(1952)

Камбал (1957)

Диверен (1947)

Хасрати таъмир (1979)

Сатван Чароғ (1983)

 Драмаҳо

Онсу авр ситоре

Лаҳу авр қолин

Сутун

Файсали шаб

Момухон авр Момуҷон

Шаби Паси парда

Хокнишин

Шиша ва санг

Шишеке девор

 Мақолаҳои танқидӣ

Мутолиаи Иқбол ко чанд паҳлу

 Эссе ё Хоканигорӣ

Нохун ко қарз

 Тарҷумаҳо

Ҷадид афсоне-Ҳикояи нав

Пур асрор води-Водии пурасрор

Уфуқ ки пор-Баландии кӯҳ

Вошингтон ар винг-Вошингтон ва пар

 

Манобеъ:

Мирзо Адиб, Паси парда, Матбаъаи  Мактабаи адаби ҷадид, 1967, 258 саҳ.

Мирзо Адиб, Мати ко диё, Мақбул Академияи Лоҳур, 2000

Мирзо Адиб, Кирну си банд ҳе ҳотҳ, Мақбул Академияи, Лоҳур, 1990

Рашид Амҷад, Мирзо Адиб шахсият авр фан, Мақбул Академияи Лоҳур, 1991

Сайфиддин Акрамзода, Ту панҷобию ман аз панҷрӯдам, Лоҳур 2004

Ҳ. Раҷабов, Премчанд, Душанбе 2015

 [1] Мирзо Адиб, Мити ко диё, чопи Мақбул Академяи Лоҳур, соли 2000

[2] http://www.globalurduforum.org/authors/view/7400 (15-03-2011)

[3] Мирзо Адиб шахсият авр фан, Рашид Амҷад, Мақбул Акодемияи, Лоҳур, Покистон, саҳ.14

[4] Мити ко диё,Мирзо Адиб, Мақбул Акодемияи Лоҳур, 2000

[5]www. Adab-e-latif.com, special number on Mirza Adeeb

[6] Мирзо Адиб, Хокнишин, Мақбул Академияи Лоҳур,1999,саҳ.9

[7] Мирзо Адиб, Ҳасрати таъмир, соли 1980.

 

Мирсаид Раҳмонов,

Институти омўзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва аврупои АИ ҶТ

 

 

Последнее изменение Душанбе, 02 Апрели 2018

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/