wrapper

Хабарҳо

   2 марти соли 2018 дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти унвони “Дурнамои ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон”, мизи мудаввар баргузор гардид. Олимону муҳаққиқон фикру андешаҳои хешро оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳо байни ду кишвар, ки хеле муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад, иброз намуданд.

   Ҳамоишро директори Институт, Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо ифтитоҳ намуда, оид ба муҳим ва барои ду миллати ҳамсоя, тақдирсоз будани сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон,  Шавкат Мирзиёев, суханронӣ намуд.

   Саркотиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қосимшо Искандаров муфассал оид ба татбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истиқбол ва вохӯриҳои дуҷонибаи сарони ду давлат суханронӣ намуда, иқдоми роҳбарияти Институтро оид ба баргузории чунин мизи мудаввар, саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ намуд.

    Қ. Искандаров қайд намуд, ки дар баробари миллати тоҷик, миллатҳои зиёди дар Тоҷикистон истиқоматкунанда, дустони дӯру наздик аз ин сафар ва вохуриҳои сарони ду давлат умеди зиёд ва ҳалли масъалаҳои баҳсталабро орзӯ доранд ва мо низ бо назардошти чунин шароити фарроҳам омада, бояд пешниҳодҳои илмии худро омода намуда, барои баррасӣ ва истифода ба сохторҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, онҳоро пешниҳод намоем.

   Сарходими илмии шуъбаи ИДМ-и Институт, доктори илмҳои таърих, профессор Ниёз Мирзоев дар мавзӯи “Робитаҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон”, сарходими илмии шуъбаи ИДМ, доктори илмҳои таърих А.М. Мамадазимов, дар мавзӯи “Вазъи кунуни ва дурнамои робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон”, мудири шуъбаи ИДМ, номзади илмҳои иқтисод Махмадамин Оймахмадов дар мавзӯи “Равобити иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон: дирӯз, имрӯз, фардо”, муовини директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ, номзади илмҳои таърих, Абдулло Ғафуров дар мавзӯи “Робитаҳои Тоҷикистон бо Ӯзбекистон дар замони Шӯравӣ” маърӯза намуда, мутобиқ ба талаби замона ва диди худ, пешниҳодҳои зиёдеро ба ҳозирин пешкаш намуданд.

   Бо дарназардошти муҳим будани масъалаҳои дар ҳамоиш баррасишаванда, дар рафти муҳокима кормандони зиёди илмии Академияи илмҳо, аспирантон ва донишҷуён бо маърузаҳои худ фаъолона иштирок намуданд.

   Дар рафти муҳокима мудири шуъбаи давлатҳои араб, доктори илмҳои арабшиносӣ, Тоҷиддини Мардон, ходимони илмии Институт Ғиёсиддин Қодиров, Усмоналӣ Сайдалиев ва Мирсаид Раҳмонов маъруза намуданд.

   Дар маърузаҳо қайд карда шуд, ки масъалаҳои солҳои охир ба миён омада (бардоштани маҳдудиятҳои раводид, кушодани сарҳадот, бардоштани маҳдудиятҳои парвози ҳавопаймоҳо, шурӯи истифодабарии роҳи оҳан, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад), боварии комил аст, ки то сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев аз ҷониби гурӯҳҳои кории Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳалли худро меёбанд.

   Умед аст, ки сафари расмии Президенти Ӯзбекистон дар робитаҳои ду кишвар саҳифаи нав боз намуда, ба рушди муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон такони ҷиддӣ медиҳад.

   Аз нуқтаи назари иштирокдорон, дар рафти ин сафар, роҳбарони ду давлат бояд пеш аз ҳама ба масъалаи таъмини бехатарии сарҳадот ва ҳамоҳангсозии ҳамкории дуҷонибаи қувваҳои сарҳадӣ ва артиши миллӣ эътибори махсус зоҳир намуда, бо дарназардошти бо суръат ивазшавии вазъи имрӯзаи сиёсии ҷаҳон, бо яроқҳои навтарин мусаллаҳшавии баъзе давлатҳо, тезу тунд шудани вазъи дохилии давлати ба мо ҳамсоя - Афғонистон, дар ин замина бо шиддат ҷойгиршавии гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароӣ, бояд фавран ҳамкориҳои дуҷонибаи худро дар ин бахш муайян намоянд.

   Қайд карда шуд, ки вохӯрии дар пеш истодаи сарони ду давлат дустӣ ва бародарии ин ду миллатро аз ин беш мустаҳкамтар менамояд.

Последнее изменение Душанбе, 05 Марти 2018

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/