wrapper

Хабарҳо

   17-уми апрели соли 2018 бо ибтикори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нуҳумин лексияи ҷашнии «Ҳиндустону Тоҷикистон: 25 соли дӯстӣ» дар мавзӯи «Равобити фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон аз назари таърих» баргузор гардид.

   Дар ҳамоиш директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо, сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош, кормандон, аспирантон ва магистрони Институт ва дигар шахсони расмӣ ширкат ва суханронӣ намуданд.

   Сараввал директори Институт Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо оид ба маносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон суханронӣ намуда, қайд кард, ки муносибати фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии ин кишварҳо аз тӯли асрҳо сарчашма мегирад ва то имрӯз рушду такомул ёфта истодааст.

   Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош дар навбати худ қайд намуд, ки сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон ният дорад, ки дар оянда олимону донишмандони тоҷикро барои омӯзиши фарҳангу маданияти муштараки ду кишвар ба Ҳиндустон равон намояд.  Ӯ инчунин, қайд намуд, ки дар оянда низ ҳамкориҳои Ҳиндустон бо Тоҷикистон дар ҳама самт ривоҷ хоҳад ёфт.

   Қайд карда шуд, ки рӯзҳои наздик намоиши филмҳои Ҳиндустон дар Тоҷикистон барпо мегардад ва ин барои боз ҳам қавӣ гаштани муносибатҳои ин кишварҳо заминаи мустаҳкам мегузорад.

   Инчунин, аз ҷониби сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош ба як қатор марказҳои омӯзишӣ барои ҳамкории густурда туҳфаҳои хотиравӣ- таҷҳизоти компютерӣ тақдим карда шуд.

   Мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, доктори илмҳои филология, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Муллоаҳмад дар мавзӯи «Аз таърихи робитаҳои фарҳангии тоҷику ҳинд» маъруза намуда қайд кард, ки равобити фарҳангии халқҳои тоҷику ҳинд дорои таъриху суннатҳои бою бостонӣ буда, решаи онҳо ба давраҳои хеле қадим мерасад. Ин робитаҳо аз ҳамкориву муносибатҳои гуногуни иқтисодиву тиҷоратӣ ва сиёсӣ, ки дар тӯли беш аз дуву ним ҳазор сол дар байни ду халқи ба ҳам хеш вуҷуд дошт, ғизо мегирифтанд. Охирин бозёфтҳои илмиву бостоншиносӣ аз қабили муҷассамаи 12 метраи Готаи Буддҳа дар Аҷинатеппаи Тоҷикистон, ҳамоҳангии Готҳои «Авесто» ва Гитҳои «Ригведа», бо калимаи санскритии «виҳара» (маъбад, ибодатгоҳ), робита доштани номи шаҳри бостонии Бухоро, тавассути донишманди маъруф Муҳаммад Хоразмӣ дар тамоми ҷаҳон роиҷ гаштани системаи шумури даҳии ҳиндӣ ва даҳҳо далелҳои дигар аз ин равобити хеле қадимӣ гувоҳӣ медиҳанд. Роҳи абрешим, ки аз Осиёи Миёна ва Ҳинд мегузашт, низ ба инкишофи муносибатҳои тиҷоратии ин ду кишвар ва ҳам ба ривоҷи робитаҳои фарҳангии байни онҳо мусоидат мекард.

   Номбурда қайд кард, ки робитаҳои илмиву фарҳангии тоҷику ҳинд сол аз сол тавсиаву ривоҷ меёбад. Адибону донишмандон ва аҳли ҳунари ҳар ду кишвар ҳамкориву робитаи зич доранд. Солҳои охир, махсусан адабиётшиносони варзида Ҳ. Раҷабов ва З. Ғаффорова бо осори илмии худ дар пешрафти ҳиндшиносии олам саҳми калон мегузоранд. Асарҳои онҳо на танҳо дар Душанбеву Маскав, балки дар шаҳрҳои гуногуни Ҳиндустон нашр гардида, бо ҷоизаҳо мушарраф гардидаанд.

   Қайд гардид, ки Академияи илмҳои Тоҷикистон бо бисёр муассисаҳои илмиву фарҳангии Ҳиндустон, аз ҷумла бо донишгоҳи Кашмир ва ба хусус бо Маркази мутолиоти Осиёи Марказӣ робитаву ҳамкорӣ дорад. Натиҷаи ҳамкории донишмандони тоҷик бо профессор Кошинот Пандито ва Розия Ҷафри таълифу нашри як қатор асарҳо, аз қабили «Харитаи ҷуғрофии ҷаҳон аз рӯи «Сурат-ул-арз»-и Хоразмӣ» ва «Дӯстони тоҷики ман» мебошад, ки барои китоби охирӣ профессор Пандито ба ҷоизаи байналмиллалии Неҳру ноил гардид.

   М. Муллоаҳмад изҳори умед намуд, ки равобиту ҳамкории илмиву фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон минбаъд боз ҳам ривоҷ пайдо карда, самараҳои хуб медиҳад.

   Дар охир, ҳозирин ба суолҳои бешумори худ, оид ба муносибати фарҳангии байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон посухҳои мушаххас гирифтанд.

Последнее изменение Сешанбе, 17 Апрели 2018

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/