wrapper

Хабарҳо

   Ба Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмонони фарҳангистони араб аз Институти фарҳангии Аморати Шориқа ташриф оварданд. Дар вохӯрӣ устодон, мудирони шуъба ва аспирантону магистрон ҳузур доштанд.

   Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо кормандон ва сохтори Институтро ба меҳмонон муаррифӣ карда, зикр намуд, ки дар шуъбаи мамлакатҳои Шарқи наздик ва Миёна мутахассисоне фаъолият менамоянд, ки забони арабиро хуб медонанд. Инчунин, дар бахши аспирантура ва магистратура низ унвонҷӯён таҳсил мекунанд ва бевоста ба омӯзишу таҳқиқи забон ва фарҳанги арабӣ машғуланд.

    Меҳмонон аз муаррифӣ хеле хушҳол гардида, барои ҳамкории бештар роҳҳои навро пешбарӣ карданд.

   - Мо воқеан ба ҳамкорӣ бо шумо эҳтиёҷ дорем, махсусан дар соҳаи шарқшиносӣ. Дар ин ҷода имконияти хубе мавҷуд аст ва мо тайёрем бо шумо ҳамкорӣ барқарор намоем. Инчунин, дар соҳаи табъу нашр низ метавонем, ҳамбастагии зич дошта бошем, махсусан дар масоили фарҳангие, ки мутааллиқ ба забони арабӣ ҳастанд, метавонем мусоидат кунем. Гузашта аз ин имкон дорад бо мусоидат ва ҳамкории ҷониби Тоҷикистон оид ба паҳн кардани фарҳанги тоҷик дар кишварҳои арабӣ мавқеи муҳиме дошта бошем, то дар кишвари мо низ тавонанд аз фарҳанги шумо бархурдор бошанд,- қайд намудан меҳмонон.

   Қайд гардид, ки Институти фарҳангии Аморати Шориқа, ки зери тобеияти ҳукумати Шориқа аст, мутахассисони соҳаи фарҳангро тайёр мекунад. Ин Институти таълимӣ омӯзиши фарҳанги қадимии Арабистонро бар дӯш дорад. Дар ин ниҳод барои чоп кардани китобҳо як матбаа амал мекунад ва зиёда аз 50 китобро дар як сол ба нашр мерасонад. Инчунин, он дар соҳаи омӯзиши забони арабӣ ба кишварҳое, ки забони арабӣ тадрис мешавад, ҳамкорӣ дорад. Ҳукумати Шориқа низ таваҷҷуҳи хос нисбати забони арабӣ дорад ва аз марказҳои забономӯзӣ дар кишварҳои аврупоӣ, дастгирӣ ва ташаббуси ҳокимияти Шориқа сурат мегиранд. Он барои онҳое, ки ба омӯзиши забони арабӣ шавқ доранд, имконияти хубе пешкаш менамояд. 

   Дар охир китоб ва нишонае аз Инистути фарҳангии Шориқаи Арабистон ба директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо дар Тоҷикистон супорида шуд.

 Гулҳаёи Мадимар

Последнее изменение Чоршанбе, 25 Апрели 2018

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/