wrapper

Хабарҳо

   1-уми майи соли равон дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки профессори Донишгоҳи Фаронса Раҳом Аша, директори Институт, Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо, кормандон ва аспирантону магистрони Институт семинари илмӣ таҳти унвони «Шинохт ва арзиши Авасто дар ҷаҳони муосир» баргузор гардид.

   Дар ҳамоиш профессори Донишгоҳи Фаронса Раҳом Аша дар мавзӯи «Шинохт ва арзиши Авасто дар ҷаҳони муосир» суханронӣ намуда, доир ба китоби муқаддаси зардуштиён - Авесто маълумоти мушаххас ва ҷолиберо пешкаши шунавандагон ва иштирокчиён гардонд.

    Муҳтавои асосии суханронии ин олим аз он иборат буд, ки то чи андоза китоби Авесто дар Аврупо ва аз тарафи кадом олимон омӯхта шудааст. Инчунин маълумоти муфассале оид ба қисматҳое, ки то ба замони мо дар шакли пароканда ва кам боқӣ мондаанд ва қисматҳое, ки ҳанӯз мавҷуд ҳастанд маълумот дод.

   Зикр гардид, ки Авесто яке аз сарчашмаҳои муҳим ва қадимие аст, ки аз он метавон иттилооти кофиеро на танҳо оид ба дину боварӣ ва мазҳаби гузаштагон ба даст овард, балки ҳамчун онро метовон як манбаи муҳиме барои омӯзишу таҳқиқи соҳаи забоншиносӣ, фалсафа ва дигар соҳаҳои илм истифода кард.

   Гуфта шуд, ки Авесто аз қисматҳои гуногуне ҳамчун «Вандидод», «Виспарад», «Занч», «Ясно», «Яштҳо» ва ғайра иборат аст, ки ҳар як қисмати он дар алоҳидагӣ ба мавзӯъҳои мушаххасе бахшида шудаанд.

Дар охир, иштирокдорон ба суолҳои худ оид ба моҳият ва мавқеи ин китоб дар ҷаҳони имрӯза, посухҳои мушаххас гирифтанд.

 

Гулҳаёи Мадимар

Последнее изменение Сешанбе, 01 Майи 2018

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/