wrapper

Хабарҳо

   2-юми майи соли 2018 вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Мубошир Ҷовид Акбар, сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош ва дигар меҳмонони расмӣ аз Академияи илмҳо ва Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо боздид ба амал оварданд.

   Зимни боздид меҳмононро ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Абдураҳмон, директори Институт Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо, котиби илмии Академия, Қосимшо Искандаров ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.

   Дар ҳамоише, ки баъди боздид, дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ноиби Прзеденти Академия, Муҳаммад Абдураҳмон меҳмононро хайрумақдам намуда, қайд кард, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи он мамлакатҳои Осиёи Марказист, ки ҳам аз лиҳози ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва ҳам аз лиҳози адабу фарҳанг ба Ҳиндустон ниҳоят наздик аст. Вохӯриҳои сарварони Точикистону Ҳиндустон аз замони соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон ва ба имзо расидани чандин санадҳои судманд имкониятҳои ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангии ҳарду кишварро густариш бахшида истодааст.

   

   Номбурда илова намуд, ки дар Тоҷикистон ба ҷиддӣ омӯхтани адабиёт, забон ва фарҳанги Ҳиндустон ҳанӯз дар асри гузашта ибтидо гузошта буд. Аввалин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, адиби маҳбуб - Садриддин Айнӣ аз нахустин олимони маъруфи Тоҷикистон буд, ки омӯзиши зиндагӣ ва осори намоёнтарин адибони Ҳиндустонро дар замони нав ба роҳ монда буд. Маҳз дар Академияи илмҳо дар солҳои шастуми асри гузашта аввалин шуъбаи омӯзиши забон ва адабиёти ҳиндӣ кушода шуд. Аз соли 1982 то имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кафедраи филологияи Ҳинд арзи вуҷуд дорад, ки садҳо мутахасисони забону адабиёти ҳиндиро тайёр кардааст. Ҳоло дар Институти омӯзиши мамлакатҳои Осиё ва Аврупо моҳе як маротиба семинар бахшида ба масъалаҳои мухталифи муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон доир мегардад, ки дар он олимон шинохтаи мо баромад мекунанд.

   Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон қайд намуд, ки имрӯз муносибати сафорати Ҳиндустон бо муассисаҳои илмии Тоҷикистон хуб ба роҳ монда шуда, дар оянда низ кӯшиш менамоянд, ки ин муносибатҳо боз мустаҳкамтар гардад.

   «Сафорати Ҳиндустон ҳамасола шумораи зиёди донишҷӯёнро дар соҳаҳои мухталиф барои давом додани таълим ба Ҳиндустон сафарбар менамояд. Дар оянда низ мо кӯшиш менамоем, ки донишҷӯёнро аз раёсатҳои илмӣ бештар ҷалб намоем ва дар баробари омӯзиши забон ба соҳаи илм низ таваҷҷуҳ зоҳир намоем”, - гуфт Сомнатҳ Гҳош.

   Қайд гардид, ки сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҳамеша омода аст, ки бо муассисаҳои илмии кишвар барои дастгирии ақидаҳои нав омодагии худро пешниҳод намояд.

   Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Мубошир Ҷовид Акбар дар навбати худ гуфт, ки он муносибатҳои гарму самимие, ки байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон аст, аз умқи таърих сарчашма мегард ва онҳо натанҳо дар соҳаи маданият ва фарҳанг, балки дар тамоми соҳаҳо ақидаи муштарак доштанд.

   

 

 

 

 

   

   Ба гуфтаи ӯ зиёда аз 5 ҳазор сол пеш маданияти ҳарду кишвар дар мавриди арзишҳои инсонӣ бисёр бо ҳам наздик буд ва онҳо ба он бовар буданд, ки арзишҳои инсонӣ муҳим аст.

      Ӯ гуфт, ки Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун замина барои пеш бурдани ҳамкориҳои илимиву фарҳанги байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон хизмат мекунад: “Дониш бо адабиёт алоқамандии зич дорад ва адабиёт бе илм вуҷуд дошта наметавонад. Агар илм ҷанбаҳои моддии ҳаёти инсониро мавриди пажуҳиш қарор бидиҳад, адабиёт маданият ва афкорро пеш мебараду он чизҳое, ки дар ҳаёти мо рух медиҳад, инъикос менамояд. Инчунин, омӯзиши забон, натанҳо донистани забонҳоро дар бар мегирад, балки омӯзиши фалсафа маданият ва идоракунии давлатдориро низ мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.

   Мубошир Ҷовид Акбар дар муроҷиат ба донишҷӯён қайд намуд, ки вақти худро гиромӣ доранд ва онро бо амалҳои бегона сарф накунанд. Ба андешаи ӯ таъсиси муассисаҳои илмӣ имконият медиҳад, ки ҳамчун як қисмати ин муассисаҳо бошанд ва аз ин имкониятҳо самаранок истифода баранд.

   Дар охир, ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Абдураҳмон, қайд намуд, ки ташрифи вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Мубошир Ҷовид Акбар ба Академияи илмҳои Тоҷикистон боз як саҳифаи тозаеро дар густариши муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон боз хоҳад кард.

Последнее изменение Чоршанбе, 02 Майи 2018

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/