wrapper

Хабарҳо

   22-юми майи соли 2018 дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузоршавии Конфронси байналмилалӣ оид ба мероси Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, вохӯрӣ бо олимону муҳаққиқони мавлавишиноси Туркия баргузор гардид.

   Дар вохӯрӣ ноиби президенти намояндагии Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (TIKA), Меҳмет Суреййа Йер, профессори Донишгоҳи Анқара Ҳиҷаби Кирлангич, профессори Донишгоҳи Кориккали, Аднан Кара Исмаилоғлу, директори минтақавии Қуния оид ба кор бо дастхатҳо Бекир Шаҳин, муовини Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Олимов, шоир Аскар Ҳаким, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ниёзӣ Ёрмаҳмад, кормандони Институт ва дигар шахсони расмӣ ширкат ва сухаронӣ намуданд.

    Ҳамоишро директори Институт, Ёрмаҳмад Ниёзӣ оғоз намуда, ҳайати меҳмононро ба ҳозирон муаррифӣ кард.

   Номбурда қайд намуд, ки ҳадаф аз баргузории ҳамоиши мазкур ин аст, ки аввали моҳи октябри соли равон дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ оид ба мероси Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ баргузор мегардад, ки дар он меҳмонон аз Афғонистон, Покистон Туркия, Тоҷикистон ва Россия ширкат хоҳанд кард ва он барои таҳқиқи осори Мавлоно заминаи хуб хоҳад гузошт.

   Ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Олимов қайд намуд, ки робитае, ки байни олимон ва муҳаққиқон сурат мегирад, робитаи инсонӣ ва фарҳангӣ буда, ба фарҳанги миллатҳо таъсири мусбат хоҳад расонд.

   Мавсуф дар мавриди шахсият ва осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ суҳбат намуда, қайд кард, ки Мавлоно барои пайванд намудани мардум ва фарҳангҳо хизмати бузург намудааст.

   - Кофронсе, ки бахшида ба Мавлоно гузаронида мешавад, барои таҳкими дӯстӣ ва таҳқиқи илм нақши бузург мебозад. Ҷои хушнудист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мероси гузашта, махсусан ба мероси гаронбаҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таваҷҷуҳ доранд ва дар суханрониҳояшон нақши Мавлоно хело хуб таҷассум ёфтааст, илова намуд К. Олимов.

  Ноиби президенти намояндагии Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (TIKA), Меҳмет Суреййа Йер дар навбати худ қайд намуд, ки мо бояд сарҷамъ шуда, ба ҷаҳониён осори гаронбаҳои ӯро пешниҳод намоем. Чунки он суханҳое, ки Мавлоно гуфтааст, ҳамаро ба роҳи ростӣ, дӯстӣ бародариву якдигарфаҳмӣ ҳидоят менамояд.

   Мавлоношиноси турк, Али Темизел оид ба нақши Мавлоно дар илму адабиёти ҷаҳонӣ муфассал маълумот дода, қайд намуд, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ фарзанди тоҷик аст ва даврони хурдсолии ӯ дар хоки Тоҷикистон гузаштааст.

   Инчунин, профессори Донишгоҳи Кориккали, Аднан Кара Исмаилоғлу доир ба омодагӣ ва тарзи баргузории Конфронси байналмилалӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки кӯшиш менамоянд, он дар сатҳи олӣ баргузор шавад.

   Профессори Донишгоҳи Анқара, Ҳиҷаби Кирлангич доир ба таассуроти худ зимни сафараш ба Тоҷикистон суханронӣ намуда, илова кард, ки ин конфронс барои наздик гардидани муҳаққиқони ду кишвар замина мегузорад.

   Номбурда қайд намуд, ки воқеан ҳам Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ фарзанди Тоҷикистон аст ва бештари ҳаёти худро дар ин сарзамин гузаронидааст. Аз ҳамин сабаб, ин конфронс ба олимони Туркия имконият медиҳад, ки Мавлоноро хубтар ва бештар шиносанд ва пайи таҳқиқи он шаванд.

   Ба ақидаи Бекир Шаҳин конфронси дарпешистода василае хоҳад буд, барои густариши равобити ду кишвар дар самти мавлоношиносӣ ва мероси хатии он. Инчунин, дар конфронс олимони Тоҷикистон аз осоре, ки дар Қуния нигоҳдорӣ мешавад, маълумот пайдо хоҳанд кард.

   Ба гуфтаи ӯ ин чорабин барои парвариши дӯстиву сулҳ дар ҷаҳон замина хоҳад гузошт.

   Қайд гардид, ки омӯзиши Мавлоно ва мавлонохонӣ дар Тоҷикистон тӯли асрҳост, ки давом дорад. Мавлоно фарзанди тоҷик буда, он маънавиёте ки дар осори ӯ ҳаст, дар дигар шоирон дида намешавад. Мавлоно дорои сабку услуби хеш аст ва ҳар вақте Мавлоноро мехонем, аз ӯ як чизи навро меомӯзем.

   Инчунин, аз ҷониби директори Иститути омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, Ниёзӣ Ёрмаҳмад пешниҳод гардид, ки хоҳишмандон мақола ва сухарониҳои худро пешакӣ ба Комиссияи тадорукоти Конфронс, ки дар назди Институти мазкур ташкил шудааст, пешниҳод кунанд, то дар оянда ба барномаи конфронси мазкур ворид намоянд.

   Дар охир, меҳмонон ва ҳозирин аз Гӯшаи Туркия дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо дидан намуданд.

 

Последнее изменение Панҷшанбе, 24 Майи 2018

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/