wrapper

Хабарҳо

   31-уми июли соли равон бо ташаббуси Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон ва Ҷамъияти дӯстии Ҳиндустону Тоҷикистон дар Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ведҳо асоси фарҳангу илми сарзамини Ҳинд» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.

   Дар ҳамоиш директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо, сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош, раиси Ҷамъияти дӯстии Ҳиндустону Тоҷикистон Ҳабибулло Раҷабов, директори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандӣ Шодимуҳаммад Сӯфизода ва дигар меҳмонони расмӣ ширкат ва сухаронӣ намуданд.

   Дар семинари илмӣ, д.и.ф., профессор Муҳаммадалии Музафарӣ дар мавзӯи «Ведҳо асоси фарҳангу илми сарзамини Ҳинд» маърузаи пурмуҳтавое пешкаши иштирокчиён намуд.

   Зикр гардид, ки Ведҳо яке аз ёдгориҳои муҳими таърихиву маънавии ҳинду ориёӣ ба шумор меравад. «Ведҳо» калимаи санскритӣ буда маънояш дониш ва хирад мебошад. Он куҳантарин китоби ориёиён дар ҷаҳон ва қадимтарин нусхаи ба забони ҳинду ориёӣ (санскритӣ) аст. Ба гуфтаи олими браҳмантабори ҳинд Гангадхар Тилак, ки дар аврупо таҳсил кардааст, «Ведҳо» 4500 сол пеш аз милод тартиб дода шудааст. Аммо ҳиндиҳо бар он мутақиданд, ки ин китобҳо ҷовидонӣ ҳастанд ва онҳо ба дасти инсон тааллуқ надоранд.

   «Ведҳо» аз чаҳор китоб: «Ригведо», ки мадҳу ниёиш дар офариниши оламро фаро мегирад, «Яҷурведо» китобе, ки ба қурбонӣ бахшида шудаст ва дар он дастури ҳамаи ҳолатҳои қурбонӣ бо андешаҳо, яъне «мантра»-и «Ведҳо» ба анҷом расонида мешавад, «Самаведо» китоби мусиқиву сурудҳо, ки бо матнҳои «Ригведа» хонда мешавад ва «Атхарваведа» , ки аслан маънои сеҳру ҷодуро дорад. Аммо дар ин китоб инчунин, оид ба илми тиб, масъалае, ки ба маънавиёти инсон дахл доранду сеҳру ҷодуе, ки дар Ғарб пайдо шуд аз «Атхарваведа» ба вуҷуд омадааст, низ ҷо дорад.

   «Ведҳо» навиштаҳои муҳими муассир дар шаклгирии фарҳанги кунунии ҳинд мебошанд ва аз воҷибтарин китобҳои ин оин ҳастанд, ки асоси тамаддуни Ҳинд ва ҳатто ҷаҳон низ аз он сарчашма мегирад. Сурудаҳои «Ведҳо» дар ҷашнҳо ва маросими динӣ, маросими издивоҷ, намозҳои ҳиндиҳо хонда мешавад.

   - Он чизе, ки ба илму хирад сару кор дорад, аз ин китоб муҳтавои бунёдии онҳоро пайдо кардан имкон дорад. Бинобар ин омӯхтани чунин китобҳо хеле зарур ва ба манфиати кор мебошад. Масалан дар худи «Ригведо» гимни кайҳон ё офариниш чунин оварда шудааст. «Дар аввал торикӣ бо торикӣ пӯшида буд ва ин ҳама дар раванд буд. Яъне офаридгор худ дар худ буд, чунки тасаввур дар бораи офариниш набуд. Ҳамаи ин оғоз шуд аз хоҳиши офариниш. Офариниш фақат тасаввурӣ мешавад. Ба ҷуз офаридгор ҳиҷ чиз набуд ва ҳамаи ин оғоз шуд аз хоҳиш. Хоҳиш тухми авали тасаввур буд. Офаридгор дигар илоҷе нест, ба ҷуз офаридан дар тасаввур". Чунин гуфтаҳо оид ба офариниши олам дар ягон китоби муқаддаси дунё гуфта нашудааст, - мегӯяд профессор Муҳаммадалӣ Музаффарӣ.

   Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо қайд намуд, ки кашфиёти фанҳои гуманитарӣ ин мустаҳкам намудани робитаҳои фарҳангӣ аст. Чунки инсоният бояд дарк кунад, ки барои як муносибат ва робитаи фарҳангӣ ниёз дорад. Ва ин равобит асоси фаъолияти Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо ба шамор меравад ва умед дорем, ки бо дастгирии сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон ин робитаҳо давом хоҳад ёфт.

   Дар охир, байни ҳозирон муколамаи судманд сурат гирифт ва иштирокчиён ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

 

 

Последнее изменение Чоршанбе, 01 Августи 2018

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/