wrapper

Хабарҳо

  Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрмаҳмад Ниёзӣ бо мудири ширкати табъу нашри «Дор Ёсамин»-и Амороти Муттаҳидаи Араб хонум Марям аш-Шиносӣ, ки бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот доир намуд. Ҳангоми суҳбат оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баҳс ҷараён гирифт. 

   Хонум Марям аш-Шиносӣ дар бораи фаъолияти корхонаи худ маълумот арз намуда, оид ба фаъолияти истеҳсолиаш шарҳу тафсили муфассал дод ва изҳор намуд, ки дар соҳаи табъу нашри маҳсули илмии олимони Институт метавонад ҳамкорӣ намояд, хусусан агар корҳои илмии онҳо ба мавзуҳои муҳим ва доғи рӯз бахшида шуда бошанд.

   Ҳамчунин, хонум Марям аш-Шиносӣ ишора кард, ки олимони Институт метавонанд дар соҳаи омода сохтани китобҳо ва рисолаҳои илмӣ бо ҳамтоёни араби худ дар Аморот ҳамкориҳо барпо намоянд. Ҷоиз аст, ки ин ҳамкориҳо дар соҳаи сиёсатшиносӣ, иқтисод, таърих, адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, матншиносӣ ва ғайра барпо карда шавад.

   Директори Институт, Ёрмаҳмад Ниёзӣ дар навбати худ бо хонум Марям аш-Шиносӣ изҳори ҳамфикрӣ намуда, таъкид кард, ки ин муассисаи навташкили илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд аст, ки бо ташкилотҳои илмии ҷаҳон, аз ҷумла муассисаҳои илмии Шарқи Миёна ва Наздик робитаи мутақобилан судманд баргузор намояд.

   Масалан, ҳарду тараф метавонад имконияти танзими конфронс ва ҳамоишҳои илмиро дида барояд, мубодилаи китобу маҷаллаҳои ду тарафро бо ҳамдигар ташкил намояд, дар маҷмуаи маҷаллаҳои ҳамдигар мақолаҳои олимони ду тарафро нашр намоянд. Ҳамчунин тарафҳо масъалаҳои гуногуни ҳамкории ояндаро мавриди муҳокима қарор доданд.

   Суҳбат дар муҳити якдигарфаҳми ва дӯстона барпо гардид.

 

Суннатулло Буриев,

ходими хурди илмии

Институт

Последнее изменение Душанбе, 06 Августи 2018

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/