wrapper

Хабарҳо

   15-уми августи соли равон дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҳиндустон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.

   Дар ҳамоиш директори Институт, Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо, намояндаи сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон Абдул Сами, раиси Ҷамъияти дӯстии Ҳиндустону Тоҷикистон Ҳабибулло Раҷабов ва дигар шахсони расмӣ ширкат ва суханронӣ намуданд.

   Раиси Ҷамъияти дӯстии Ҳиндустону Тоҷикистон Ҳабибулло Раҷабов дар мавриди мубориза барои ба даст овардани истиқлолият дар Ҳиндустон сухаронӣ намуд.

    Номбурда қайд кард, ки агар ба бузугтарин воқеаҳои таърихии Ҳиндустон дар асрҳои ХIХ - ХХ нигоҳ кунем, пеш аз ҳама чунин мушоҳида мешавад, ки ду рӯйдоди ниҳоят бузург ва муҳим дар сарнавишти мардумони ин кишвари афсонавӣ ва муддатҳо аз ҷабри аҷнабиён азияткашида нақши бемисле гузоштаанд. Яке аз ин воқеаҳои бузург номи “Шӯриши сипоҳиён” –ро гирифтааст, вале бо вуҷуди чунин унвон доштан, ки гӯё он танҳо аз ҷониби як қисми муайяни сипоҳиён сурат гирифта буд, ин ҳаракати мардумии тамоми халқҳои Ҳиндустон буд. Шӯриши сипоҳиён, ки 10 майи соли 1857 оғоз ёфта, дар моҳи апрели соли 1859 ба анҷоми фоҷиавӣ расидааст, ниҳоят бераҳмона пахш карда шуда буд. Як далели аҷиб ин аст, ки Шӯриши сипоҳиён расо пас аз сад соли дар ҷанги назди Плессӣ мағлуб шудани ҳиндувон ва Ҳиндустонро зери даст намудани англисҳо сар задааст. Сабабҳои сар задани шӯришро дар парламенти Англия арбоби давлатии англис аз ҳизби Консервативии Британияи Кабир Бенҷамин Дизраэли (1804-1881) чунин шарҳ додааст: “Якум – ин аз тарафи мо маҷбуран нест кардани роҷаҳои маҳаллӣ, дувум – аз тарафи мо вайрон кардани қоидаҳои соҳибмулкӣ ва севум – дахолати мо ба масъалаҳои диндории мардум буд”. Шӯриши сипоҳиёнро метавон аввалин ҷанги ҳиндувон барои ба даст даровардани истиқлолият ҳисоб кард. Шӯришро, мисле ки аз номаш бармеояд, сипоҳиён бардошта буданд, барои ҳамин ҳам чунин номро гирифтааст. Шӯриши сипоҳиён шӯриши аскароне буд, ки аз сиёсати бераҳмонаю ҷоҳилонаи англисҳо ба дод омада буданд.

   

Ҳ. Раҷабов илова намуд, ки ҳоло пеш аз он, ки аз дуюмин рӯйдоди бузурги таърихи Ҳинд акнун дар асри ХХ ёдовар шавем, бояд як нуқтаи дигарро низ баён кунем. Дар солҳои сиюми асри ХХ дар арсаи мубориза ба хотири озодӣ якчанд гуруҳҳое ташкил ёфтанд, ки худро “инқилобчӣ” номида шакли муборизаи хосеро интихоб намуда буданд ва дар ин мубориза зарур намедонистанл, ки тӯдаҳои васеи мардум ҳамроҳ шаванд. Онҳо бо ҷисман нест кардани ашадитарин душманони Ҳиндустон аз ҷумлаи аҷнабиён бунёди Ҳиндустони озодро орзу мекарданд ва дар ин роҳ ҷон супурданро шараф медонистанд. Дар он солҳо чунин ташкилотҳо ба мисли “Ҳизби инқилобӣ” (Крантӣ дал), роҳбараш Бҳагат Синҳ (1907-1031) ва “Армияи сотсиалистӣ-демократии Ҳиндустон” (Ҳиндустан самаҷвадӣ праҷатантра сена), роҳбараш Чандрашекҳар Тиварӣ бо тахаллуси “Озод” (1906-1931) дар пинҳонкорӣ фаъолият доштанд. Яке аз маъруфтари ватандӯстони Ҳинд Лала Лаҷпатрай (1865-1925) “Анҷумани ватандӯстони Ҳинд”-ро ташкил карда буд. Бҳагат Синҳ, Чандрашекҳар Озод, Суря Сен (1894-1934) ва даҳҳо дигар ҷавонон, ки аъзои чунин ташкилотҳо буданд, барои фаъолияти ватандӯстиашон гирифтори ҳукми қатл шуданд. Халқи ҳинду хотираи ин ҷавононро чун қаҳрамонони бошуҷоати Ҳиндустон то имрӯз пос медорад. Маҳатма Ганди бошад на танҳо дар Ҳиндустон, балки дар тамоми ҷаҳон ҳамчун муборизи матин, инсондӯсти комил ва адолатхоҳи бемисл эътибор дорад. Соли 2007 2 –юми октябр – яъне рӯзи таваллуди Маҳатма Ганди ҳамчун “Рӯзи байналмилалии алайҳи зӯроварӣ” ҷашн гирифта шуд. Ин аз он сабаб, ки 15 июни соли зикршуда Ассамблеяи генералии Созмони Миллали Муттаҳид бо дастгирии 142 мамлакати ҷаҳон бо як овоз қароре қабул кард, ки мувофиқи он ҳар сол 2-юми октябр бояд ҳамчун “Рӯзи байналмилалии алайҳи зӯроварӣ” дар тамоми ҷаҳон қайд карда шавад. Чунин як созмони байналмилалии бонуфуз бо ин қарори худ ақидаҳои пешвои мардумони Ҳинд Маҳатма Гандиро нисбат ба бе зӯроварӣ зистану фаъолият кардани одамонро на танҳо барои насли имрӯз, балки барои наслҳои оянда дар тамоми дунё зуруру маъқул донист.

   Инчунин, гуфта шуд, ки Ҳиндустон яке аз аввалин давлатҳое буд, ки истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 28 августи соли 1992 расман шинохт. Соли 1994 сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикисто ва соли 2003 сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон кушода шуданд. Ҳоло 25 сол мешавад, ки Ҳиндустону Тоҷикистон - ду давлати ҳамсоя ва бо ҳам дӯст, ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, дар ҳалли бисёр масъалаҳои доғи вақт, аз ҷумла мубориза муқобили терроризм ҳамфикранд. Аз соли барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҳиндустону Тоҷикистон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон се сафари расмӣ (дар солҳои 1993,1995, 2001) ва се сафари давлатӣ (2006, 2012, 2016) намудааст, ки дар натиҷа бештар аз 60 ҳуҷҷатҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар соҳаҳои афзалиятноку ояндадори савдо, иқтисодиёт, дорусозӣ, кишоварзӣ, инфрасохтори роҳу нақлиёт, маориф, сайёҳӣ, технологияҳои иттлоотӣ, фарҳанг ва ғайра ба имзо расидаанд. Сафарҳои давлатии сарварони олимақоми Ҳиндустон Президент Пратибҳа Патил (2009), Сарвазир Нарендра Модӣ (2015) ва дигар ашхоси расмии ин кишвар ба Тоҷикистон рӯз то рӯз бинои дӯстиву ҳамкориҳои боманфиати ду мамлакатро қавитар намуда истодаанд. Бо дастгирии Шӯрои ҳиндустонии алоқаҳои фарҳангӣ садҳо ҷавонони тоҷикистонӣ дар Ҳиндустон таҳсил ё такмили ихтисос мекунанд. Аз тарафи Ҳиндустон неругоҳи барқи обии “Варзоб-1” пурра тармим ва меҳмонхонаи “Шератон” сохта ва ба истифода дода шуд. Ҳамкориҳои судманд дар соҳаи низомӣ низ назаррас аст. Боз чанде аз ин гуна мисолҳоро чун далели рӯз то рӯз бештар ривоҷ ёфтани ҳамкориҳои мардумони ҳинду тоҷикро пайиҳам овардан мумкин аст.

   Қайд гардид, ки Ҳиндустони озод имрӯз 71-солагии соҳибистиқлол шудани худро бо дастовардҳои бузурги иқтисодӣ ҷашн мегирад. Мардуми Ҳиндро бо ин ҷашни пуршараф табрик намуда, дар ҳама соҳаҳо боз бештар комёб шудан ва ҳамеша сарбаланду озод зистани ин халқи куҳанфарҳангро таманно дорем.

Последнее изменение Чоршанбе, 15 Августи 2018

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/