wrapper

Хабарҳо

   Дӯстиву бародарӣ арзишҳое мебошанд, ки равобиту ҳамкориро байни инсонҳо таҳким мебахшанд. Мардуми Осиёи Миёна, хусусан, тоҷикону ӯзбекон аз қадим бо доштани ин ду хислати неки башарӣ байни ҳам равобити дӯстиву ҳамсоягӣ доштанд.

    Тоҷикистон чун кишвари озоду мустақил ва дорои сиёсати дарҳои боз қадамҳои хешро устувор гузошта, бо аксар мамолики ҷаҳон аз ҷумла, кишвари ҳамсоя Ҷумҳурии Ӯзбекистон равобиту дӯстии худро рӯз аз рӯз тақвият бахшида истодааст. Мардуми фарҳангдӯсти ҳар ду кишвар меҳмоннавоз ва меҳрубон буда, ҳамсоя ва дӯстро сояву пояи вафову камоли меҳру сафо мешуморанд.

   Ӯзбекистон низ яке аз кишварҳои Осиёи Миёна буда, маркази тамаддун ва сарватҳои табиӣ мебошад. Он истиқлолияти худро 1-уми сентябри соли 1991 эълон кард ва ҳамзамон, муносибати дипломатии худро бо Тоҷикистон 22 октябри соли 1992 барқарор намуд. Дар натиҷа, соли 1995 дар шаҳри Тошканд сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард.

   Аз соли 1992 то имрӯз байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зиёда садњо созишнома ва аҳднома дар сатҳи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байнисоҳавӣ ба имзо расидааст. Аз ҷумла, Аҳднома дар бораи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ миёни ҳар ду кишвар яке аз санадҳои асосие аст, ки дар сатҳи роҳбарони ду кишвар 4-уми январи соли 1993 ба имзо расидааст. Баҳори 2018 баъди сафари Президенти нави Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ин санад дубора мавриди таваҷҷуҳ ва баррасии роҳбарони ҳарду кишвар қарор гирифт.

   Дар мизи мудавваре, ки бо ибтикори Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гашт, шоҳиди таҳкими равобити фарҳангии ҳарду кишвар гардидем. Ин мизи гирд таҳти унвони “Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи фарҳанг” бо суханони ифтитоҳии директори марказ Худойбердӣ Холиқназар оғоз шуд, ки ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистонро пояи шартномаи шарокати стратегии ҳарду кишвар маънидод намуд.

   Сафири Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон аз равобиту дӯстии ҳарду кишвар зикр намуд. Инчунин таъкид намуд, ки ҳарду кишвар бо барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ, ҳамкориҳои дуҷониба ва бисерҷониба байни ҳам дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ рушд ёфта, якҷо бо ҳам дар арсаи байналмилалӣ шарикони боҳамто мебошанд.

   Дар мизи гирд Худойбердӣ Холиқназар оид ба “Рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ, ҳамчун заминаи дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон”, профессор, Мисҳобиддини Нарзиқул таҳти унвонӣ “Ҳузури муштараки адибони тоҷик ва ӯзбек дар ҳавзаҳои адабии Мовароуннаҳр”, устоди ДМТ, Мӯҳриддин Низомӣ роҷеъ ба “Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ – саҳифаи дурахшоне дар таърихи равобити фарҳангии халқҳои тоҷику ӯзбек” ва муовини раиси Ҷамъиятии “Пайванд”, Равшан Раҳмонӣ дар мавзӯи “Умумиятҳои фарҳанги муштараки мардуми тоҷику ӯзбек” суханронӣ намуданд.

   Хулоса, Тоҷикистону Ӯзбекистон чун ду кишвари ҳамсоя ва дӯст, дорои фарҳангу адабиёти муштарак, метавонанд таҷрибаи якдигарро дар бахши сиёсат, адабиёт, фарҳанг, сайёҳат ва дипломатияи мардумӣ таҳким бахшида, равобити адабиву фарҳангиро тақвият бахшида, барои мардуми ҷаҳон чун кишварҳои фарҳангсолор ва сулҳпарвар мисоли намуна боқӣ монанд.

 Мирсаид Раҳмонов,

ходими илмии Инсититут

Последнее изменение Ҷумъа, 17 Август 2018

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/