wrapper

Хабарҳо

   4-уми сентябри соли 2018 дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Муносибатҳои сиёсӣ иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон” семинари илмӣ баргузор гардид.

   Дар семинар директори Институт Ниёзӣ Ёрмаҳмад, кормандон, аспирантон, магистрони Институт ва дигар шахсони расмӣ ширкат ва суханронӣ намуданд.

   Сараввал, корманди Институт, Ниёз Мирзоев дар мавзӯи “Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуда, қайд кард, ки тавлиди давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо қаноатмандӣ истиқбол намуд. Дар зарфи як соли истиқлолият Тоҷикистон аз тарафи 48 давлати дунё ба расмият шинохта шуда, бо онҳо робитаҳои дипломатӣ барқарор кард.

   Ӯ гуфт, ки эълони Истиқлолияти давлатӣ заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқиро барои шомил шудан ба созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ фароҳам сохт. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин баъд ҳамчун субъекти комилҳуқуқи байналхалқӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваст, ширкати хешро дар ин созмонҳо ба хотири эҷоди шароити мусоид баҳри рушду таҳкими истиқлолият, ҳифзи тамомияти арзӣ, тақвияти давлатдорӣ ва иштирок дар равандҳои умумиҷаҳонӣ ба роҳ андохт.

   Н. Мирзоев гуфт, ки усулҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон 19 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои олӣ аз тарафи Раиси Шӯрои олии Ҷумҳурӣ, сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар «Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон» баён гардид.

   Дар баёния Роҳбари давлат муҳимтарин ва умдатарин масъалаҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарҳрезӣ намуд. Ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо ҳамаи мамлакатҳое, ки мехоҳанд бо Тоҷикистон дар асоси баробарҳуқуқӣ ва муносибатҳои фоидаоварӣ тарафайн ҳамкорӣ кунанд, аъзо шудан ба созмонҳои байналмилалӣ, мустаҳкам кардан ва боз ҳам инкишоф додани алоқаҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамкории ҳамаҷониба бо Иттиҳоди давлатҳои мустақил, пеш аз ҳама бо Федератсияи Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон, дар асоси усули баробарӣ, ҳамкории дутарафаи судманд, ки кишварҳои хориҷӣ интихоб мекунанд, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар, барқарор намудани муносибат бо ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла, бо Афғонистон, Покистон, Чин, Эрон, давлатҳои дигари Осиёву Африқо ва Амрикову Аврупо, ёфтани ҷойгоҳи муносиби худ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, умдатарин масъалаҳои сиёсати хориҷии кишвар буд.

   Ба андешаи мавсуф Тоҷикистон бо дарназардошти воқеоти ҷаҳонӣ ва тақозои руз, давра ба давра санадҳои танзимкунандаи сиёсати хориҷиро таҳрезӣ карда истодаст. Бо дарназардошти рушди иқтисодӣ-сиёсии мамлакат ва ҳамкориҳои назарраси байналмилалӣ дар сиёсати хориҷӣ шурӯъ аз соли 2003 сиёсати «дарҳои боз» эълон гардид, ки ҳадафи он дарёфти тавозуни оқилона ва одилона дар робита бо кишварҳои хориҷӣ аст.

   Қайд гардид, ки сиёсати хориҷии «дарҳои боз» дар тули солҳои истиқлолият дурустии худро собит сохта, имкон дод, ки Тоҷикистон мавқеи худро дар ҷаҳони муосир дарёбад, онро мустаҳкам созад ва имкониятҳои ғании байналмилалиро барои ҳалли масъалаҳои мубрами дохилӣ равона намояд. Барқарор ва рушди мутавозини робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои пешрафтаи дунё аз ҷумла Россия, Хитой, ва давлатҳои ИДМ дастоварди бузург ва манфиатбахши ин стратегия мебошад.

   Гуфта шуд, ки асосу пояи сиёсати хориҷии Тоҷикистон эътирофи мутақобилаи манфиатҳо бо таваҷҷуҳ ба авлавияти манфиатҳои миллӣ, талош дар барқарории сулҳу амният, шаффофият дар роҳандозии сиёсати хориҷӣ ва равобиту ҳамгироии густурда бо тамоми кишварҳои сулҳдӯст, бартарии ҳуқуқи байналмилалӣ, эҷоду тавсеаи равобити хориҷии дуҷониба ва чандҷониба мебошад.

   Ниёз Мирзоев қайд кард, ки сиёсати оқилона, озмудашуда ва мутавозини хориҷии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият самараи нек ба бор овард. Мавқеи ҷумҳурии моро дар арсаи байналмилалӣ хеле баланд бардошт. Ҳамасола дар шаҳри Душанбе доир гардидани форум ва конференсияҳои сатҳи олии байналмилалӣ, ташрифи чандкаратаи роҳбарони олимақоми давлатҳои дунё президентҳо ва сарварони Россия, Чин, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Афғонистон, Австрия, Полша, Япония ва ғайра ҳайатҳои бонуфузи созмонҳои байналхалқӣ, муншиҳои умумии СММ ба Тоҷикистон аз эътибори баланди байналмилалии Тоҷикистон ва мавқеи рузафзояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари сиёсии он дар арсаи ҷаҳонӣ башорат медиҳад.

   Сарходими илмии Институт, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, Абдулғанӣ Мамадазимов дар мавзӯи “Вазъияти кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистан” гузориш дода, қайд намуд, ки муносибат байни тоҷикону ӯзбекон дар маркази муносибатҳои байнидавлатии минтақа чойгир мебошад ва ин ақидаи ба 6 омил такя менамояд:

  1) Қазоқистон, дорои бузургтарин иқтисоди минтака, бо кӯчонидани пойтахти худ аз Алмаато ба Остона, каме аз муносибатҳои сирф минтақавӣ дур шуда, бештар бо муносибатҳои шимоли АвруОсиё (Россия) машғул шуд;

   2) Қирғизистон зиёдтар бо дарёфти беҳтарин низоми давлатдорӣ машғул буда, аксаран дар буҳрони сиёсӣ афтодааст;

  3) Туркманистон бо эълон намудани сиёсати бетарафӣ дар ҷаҳон аз иштироки фаъол дар корҳои минтақа худдорӣ мекунад;

  4) Мавҷудияти диаспораи бузурги тоҷикон дар ҳамсоякишвар ва диаспораи калони ӯзбекон дар кишвари мо, пойдевори дипломатияи мардумиро ташкил медиҳанд;

   5) Нуфузи якҷояи аҳолии ду кишвар зиёда аз 40 млн. буда, қариб 60 % аҳолии минтақаро ташкил медиҳад.

   6) Муносибати тоҷикони ӯзбекон ифодагари намунаи муносибатҳои ҷаҳони эронитабор ва ҷаҳони туркзабонон мебошад.

   Номбурда илова намуд, ки раванди имрӯзаи гузариш аз сарди ба нармӣ, албатта, вазъияти кулли минтақаро иваз менамояд.

   Баъдан мавсуф оид ба 5 омили дарозмуддат дар инкишофи алоқаҳои дуҷониба андешаи худро иброз намуд.

   Ҳамчунин, ходими илмии Институт, Таҳмина Воҳидова дар мавзӯи “Робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон” бо забони ӯзбекӣ баромад карда, гуфт, ки мо дар аввали соли 2018 ва нимаи дуюми соли ҷорӣ шоҳиди сафарҳои расмии Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон гардидем. Агарчӣ дар тӯли чанд соли пас аз истиқлолият сафарҳои расмӣ байни ин ду кишвар мавҷуд набуд, муносибатҳои миллати тоҷик ва ӯзбек қатъ нагардид.

   Ба андешаи ӯ миллати тоҷик ва ӯзбек аз чунин ранг гирифтани муносибатҳои дӯстона хеле сарфарозанд ва бо ин сафарҳо ифтихор доранд. Мо ба тамоми дунё бори дигар нишон додем, ки дӯстии моро, ки таърихи ҳазорсолаҳо дорад, касе ҷудо карда наметавонад.

Последнее изменение Сешанбе, 11 Сентябри 2018

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/