wrapper

Хабарҳо

   23 - юми октябри соли равон дар Маркази антропологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 25-уми соли равобити дӯстӣ, 14-умин семинари илмӣ таҳти унвони "Афкори фалсафии Маҳатма Гандӣ" баргузор гардид.

   Дар семинари мазкур нахуст директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо суханронӣ намуда, меҳмононро хайру мақдам гуфт. Ниёзӣ Ёрмаҳмад дар суханронии худ зикр намуд, ки “Шахсияти Маҳатма Гандӣ дар сартосарии таърихи ҷаҳон собиқа надорад ва шахсияти ӯ барои ҷаҳон улгуи инсони ҳақгӯву ҳақталош аст”.

    Баъдан сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош суханронӣ намуда, роҷеъ ба шахсиияти Маҳатма Гандӣ ва талоши ӯ барои Ҳиндустони озод суханронӣ намуд. Бино ба гуфтаи ӯ: “Сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 150-умин солгарди Маҳатма Гандӣ кӯшиш дорад, чорабиниҳои фарҳангӣ дар макотиби олии Тоҷикистон баргузор намояд. Ва ҳамчунин китоби “Зиндагии ман”-и Маҳатма Гандиро ба хатти сирилики дастраси хонандаи тоҷик қарор медиҳем, ки аз рӯзу рӯзгори ӯ ва корномаи Маҳатма Гандӣ ошноӣ пайдо кунанд”.

   Баъд аз суханронии Сомнатҳ Гҳош доктор Муҳаммадалии Музафарӣ оид ба афкори фалсафии Маҳатма Гандӣ баромад намуд.

   Доктор Муҳаммадалии Музафарӣ зимни суханронияш қайд намуд, ки: “Фалсафаи Маҳатман Гандиро метавон ба се бахш тақсим кард: Офаридгор, Инсон ва Зӯроварӣ. Зеро Гандӣ муътақид буд, ки Худо ҳақиқат аст, ахлоқ аст берун аз нутқ ва хирад аст”. Ҳамин тавр Музаффарӣ дар идомаи суҳбаташ гуфт: “Маҳатма Гандӣ аз андешаҳои мутафаккирони Ғарб низ барои худ таъсир гирифт ва хусусан аз Толстой, Джон Рёсхин, Эмерсон, Торо дар китоби худ аз исми онҳо ёдоварӣ кардааст. Масалан пайравии Гандӣ аз Толстойро Ленин чунин баҳо додаст: “Гандӣ ҳамчун нобиғае, ки барои наҷоти башарият дастурамали нав намуда бошад, аз Толстой таъсир бигирад”.

Абдуҷалили Амон

 

Последнее изменение Ҷумъа, 26 Октябри 2018

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/