wrapper

Хабарҳо

   Ба таваҷҷуҳи донишмандон, пажуҳишгарон ва хоҳишмандон расонида мешавад, ки 27-уми ноябри соли 2018 соати 10:00 бо ибтикори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дӯстии Ҳиндустону Тоҷикистон ба муносибати 25 соли равобити дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон таҳти унвони «Ҳиндустон аз нигоҳи  Мирзо Турсунзода» семинари илмӣ  баргузор мегардад.

   Дар семинар директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо, сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош  ва дигарон ширкат ва суханронӣ хоҳанд кард.

   Шоҳрамазон Раҳмонов  дар мавзӯи "Ҳиндустон аз нигоҳи  Мирзо Турсунзода" баромад хоҳад кард.

   Семинар дар толори  Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, иштирок дар он озод аст.

   PS: Дар ҳамоиш иштироки кормандон, аспирантон ва магистрони Институт  ҳатмист.

 

 

Последнее изменение Ҷумъа, 23 Ноябри 2018

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/