wrapper

Хабарҳо

   27 –уми ноябри соли равон дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳиндустон аз нигоҳи Мирзо Турсунзода» семинари илмӣ- амалӣ баргузор гардид.

   Дар семинар директори Институт Ёрмуҳаммад Ниёзӣ, сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош, ҳиндшиноси тоҷик, профессор Ҳабибулло Раҷабов, муҳаққиқи осору рӯзгори Мирзо Турсунзода, профессор Шоҳзамон Раҳмон ва дигар олимону пажӯҳишгарон иштирок ва суханронӣ карданд.

   Ёрмуҳаммад Ниёзӣ доир ба нақши Мирзо Турсунзода дар мустаҳкам кардани дӯстӣ миёни ду кишвар - Ҳиндустону Тоҷикистон суҳбат кард.

   Ҳамзамон, ҷаноби Сомнатҳ Гҳош низ андешаҳои ҷолиберо дар мавриди шоири тоҷик Мирзо Турсунзода иброз дошт. Ӯ гуфт, ки дар садову синамои Ҳиндустон эълонҳои зиёде дар васфи табиати зебои ин кишвар бо шеърҳо ва суханҳои ҷолиб ба номоиш гузошта мешаванд, хеле хуб мешуд, агар минбаъд чунин эълонҳо дар тавҳам бо шеъру тасвири Мирзо Турсунзода низ пешкаши тамошобинон ва шунавандагон гардад. Зеро ин шоири тоҷик Ҳиндустонро хеле зебо тавсиф карда, ҳатто ба ҷаннати афсонавӣ ташбеҳ додааст. «Гарчанде ки забони тоҷикӣ-форсиро он қадар хуб намефаҳмам, вале шеърҳо шоири фареҳехта ҳамеша диққати маро ба худ ҷалб мекунанд»,- мегӯяд сафир.

   Ӯ инчунин дар ҳангми суханрониаш чанд шеъреро аз Мирзо Турсунзода ба забони тоҷикӣ қироат кард.

   Профессор Шоҳзамон Раҳмон дар бораи рӯзгору осори шоир далелҳои нав ва гуногунеро пешкаши шунавандагон гардонд.    Ӯ зикр кард, ки Мирзо Турсунзода яке аз аввалин адибоне мебошад, ки бедорӣ ва худистиқлолии халқҳои Осиё ва Африқоро пазирӯфт ва дар ин ҷода асарҳои нодир ба мисли «Садои Осиё», силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон», «Ман ва Шарқи озод», «Духтари Муқаддас», «Роҷа дар Кремл» ва як силсила ашъоре ба мисли «Хоҳари мубориз», «Ба духтари Асатурия», «Ду дастрӯмол» ва монанди инҳо навиштааст. Ҳар кадоме аз ин асарҳо аз зулму ситам, занҷири истибдод, даҳшатҳои ба сари мардум фурӯрехта воқеъбинона ҳикоят менамояд.

   Шоир ва сиёсатмадори тоҷик Мирзо Турсунзода ба Ҳиндустон (Деҳлӣ, феврал-марти соли 1947) дар ҳайяти ҳашт нафар донишмандон: директории Инстути таърихи АИ СССР Жуков Е.М. роҳбар, Тошмуҳаммад Саримсоқов ва Воҳид Зоҳидов аз Ӯзбекистон, Ахвеледиани ва Купраде аз Гурҷистон, аз адибон Мирзо Турсунзодаи тоҷик ва Мирзо Иброҳими Озар дар конфронси халқҳои Осиё ба азми истиқлолхоҳӣ даъват шудаанд. Онҳо дар ин кишвар як моҳ зиндагӣ намуда, ба ҳаёти мардуми ҳинд аз наздик шинос мешаванд. Мирзо Турсунзода ҳамон силсилаи шеърҳо ба номи «Қиссаи Ҳиндустон», «Меҳмони мағрибӣ», «Руди Ганг», «Боғи муаллақ», «Тара Чандри» навишта сазовори Ҷоизаи давлатии СССР гардид. Вале дидаву шунида ва омӯхтаҳои шоир дар як моҳ ва тамоми сол хеле зиёд буданд, бинобар ин ҳам вай силсилашеърҳояшро давом дода, боз 7 шеъри дигар «Сайёҳи Ҳинд», «Тоҷмаҳал», «Дар орзуи ошиён», «Қадаҳи ман», «Кулоҳи профессор Ахвледиани», «Дар ду роҳ»-ро навишта, бо шеъри «Бозгашт» ҷамъбаст намуд. Силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» дар муддати кӯтоҳ зуд шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо карда, ба бисёр забонҳои дунё тарҷума гардид. Мирзо Турсунзода дар шеърҳо ва асарҳояш, ки ба Ҳиндустон бахшидааст, шӯру исён ва тӯфони дили мардуми кулфатзадаро дар роҳи мубориза зидди мустамликадорон ва ба даст овардани истиқлолият бо завқи баланд тасвир кардааст.

   Конфронс бо саволу ҷавоби иштирокчиён дар доираи мавзӯи «Мирзо Турсунзода ва нигоҳи ӯ ба кишвари афсонавии Ҳиндустон» ва мулоҳизаҳои докторону пофессорон ба анҷом расид.

 

Последнее изменение Сешанбе, 27 Ноябри 2018

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/