wrapper

Хабарҳо

   15 - уми январи соли 2019 дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муҳаққиқони ҷавон ва магистрони Институти мазкур таҳти унвони “Услуб ва роҳҳои навиштани мақола ва рисолаҳои илмӣ семинари илмӣ баргузор гардид.

   Он аз ҷониби Шӯрои олимони ҷавони Институти мазкур амалӣ гардида, мақсади он омӯзонидани тарзу дурусти навиштани мақолаву рисолаҳои илмӣ аз ҷониби муҳаққиқони ҷавон ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ мебошад.

   Дар семинари илмӣ файласуф Комил Бекзода дар мавзӯи “Услуб ва роҳҳои навиштани мақола ва рисолаҳои илмӣ”баромад намуда, оид ба роҳу услубҳои навиштани мақола ва рисолаҳои илмӣ ба муҳақиқони ҷавон маълумот дод.

   Номбурда қайд кард, ки навиштани мақола ва рисолҳои илмӣ, аз ҷумла мақола, таҳқиқ ва рисолаҳои бузургҳаҷми номзадӣ ва докторӣ эҳтиёҷ ба метод доранд. Масалан, кори шоирӣ аз як байт оғоз мешавад. Аз ҳамин байт шоир метавонад рубоӣ, ғазал, қитъа ва достони бузурге чун “Шоҳнома” бинависад. Ва ҳамин тавр мақолаи илмӣ ва расиолаҳо низ бояд ба ҳам пайвандӣ дошта бошанд. Ҳамаи илм эҳтиёҷ ба равиши навиштан доранд. Аз ин рӯ, даъват мекунам, ки донишмандони ҷавон сари ин мавзуҳо андеша намоянд ва онро омӯзанд.

   К. Бекзода аз ибтидои соли 2019 баргузор намудани чунин семинар ва инчунин, таъсиси Шурои олимони ҷавони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупоро фоли нек хонда, изҳори умедворӣ намуд, ки Шӯро барои рушди илми тоҷик саҳми худро мегузорад.

   Ба гуфтаи ӯ ин ибтидои кор буда, омода аст, ки ҳамкории худро бо муҳаққиқони ҷавон дар оянда тақвият диҳад.

   Роҳбари Шӯрои олимони ҷавони Институт Субҳиддин Зиёев дар навбати худ қайд кард, ки Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои муассисаи илмии навтаъсис буда, қадамҳои нахустини худро ба ҳама самти ба илм тааллуқдошта ниҳода истодааст. Муассисаҳои илмӣ ба қатори шуъбаҳои дахлдор ва дигар корҳои иттиҳоди ҷамъиятидошта, иттиҳоди ҷамъиятии илмӣ-маърифатӣ низ бояд дошта бошад. Ҷиҳати ҳавасманд гардонидан, иштироки олимони ҷавон дар конфронсу семинарҳои ватанӣ ва байналмилалӣ, навиштани мақолаҳои илмиву публисистӣ ва навиштани рисолаҳои номзадӣ Шӯрои олимони ҷавони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупоро таъсис дода шуд. Шӯрои олимони ҷавон (ШОҶ) – иттиҳоди ҷамъиятии илмӣ-маърифатӣ буда, дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон олимони ҷавони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ва олимони ҷавони дигар муассисаҳои кишварро муттаҳид менамояд, ба рушди омӯзиши масъалаҳои давлатҳои хориҷӣ ва ватанӣ ҷалб менамояд, назорат оид ба иҷрои саривақтии ҳуқуқу манфиатҳои илмии ҷавонон, рушди эҷодии илмӣ-амалии ҷавононро таъмин менамояд.

   Вазифаҳои асосии он ин рушди фаъолияти эҷодии ҷавонон, иқтидори интеллектуалии онҳо, рушди ҳирфавӣ ва мадании онҳо ва тайёр намудани кадрҳои лаёқатманд барои илм ва истеҳсолот, ёрӣ расонидан ба ҷавонон ҷиҳати идоракунии прогрессивии масалаҳои мавриди омӯзиш қарордошта, ҷалби онҳо ба шӯроҳои коллективи меҳнатии олимон (илмӣ-техникӣ), дигар шӯроҳо, комиссияҳои аттестатсионӣ, ҳифзи ҳуқуқи ҷавонон, омӯзиш ҳолати кор бо олимони ҷавон, коркарди пешниҳодот оид ба мукаммал намудани он корҳо, рушди алоқаи эҷодии ҷавонон, ташкилоти илмӣ ва саноатӣ, робитаҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва хориҷии ҷавонон, фаъолияти мақсаднок бо муассисаҳои олӣ ҷиҳати ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба илм, тарғиби илм миёни ҷавонони ба корҳои илмӣ бандбуда, навгониҳои илмӣ дар самти омӯзиши масалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо иборат мебошад.

   Дар охир, байни иштирокчиён оид ба услуб ва роҳҳои навиштани мақола ва рисолаҳои илмӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Субҳиддин Зиёев

Последнее изменение Панҷшанбе, 17 Январи 2019

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/