wrapper

Хабарҳо

   Дирӯз, 26 уми феврали соли 2019 дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар шароити муосир» мизи мудаввари илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
   Дар ҳамоиш котиби илмии Академияи илмҳо, Қосимшо Искандаров, директори Институт, Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии кишвар Дилшод Қодиров, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Илҳом Камолзода, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фариддун Бобозода, олимон ва пажӯҳишгарон ширкат ва суханронӣ намуданд.
  Директори Институт Ёрмаҳмад Ниёзӣ зимни баромад таъкид намуд, ки решаҳои дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек ба умқи асрҳо расида, аз қадиммулайём муносибатҳои дӯстӣ ва накӯҳамсоягӣ миёни онҳо устувор буданд.
   Номбурда қайд кард, ки таърих гувоҳ аст, ки ду халқи бародар борҳо аз имтиҳони таърих гузашта, сарзамини худро аз ҳуҷуми аҷнабиён наҷот дода, онро аз харобазор ба гулистон табдил додаанд ва ба насли имрӯзу фардо марказҳои тамаддуни худ Бухорову Самарқанд, Хеваю Балх, Хуҷанду Истаравшан, Ҳисору Бохтарро ба ёдгор гузоштанд.
   Дар сарнавишти халқҳои тоҷику ӯзбек бо дарёфти истиқлолияти давлатӣ давраи нав, давраи бунёди давлатҳои нави миллӣ оғоз ёфт. Сароғози давлатдории навин барои ҳарду халқ пешомади хушбинона ва муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягии нек, ҳамкории мутақобилан судманд, ҳамзистии осоиштаро дарак медод.
   Ӯ бо истифода аз таҳлилҳо қайд кард, ки дар ду даҳсолаи асри нав ҳарду кишвар бо сиёсати созанда бо қадамҳои устувор ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ворид гардиданд. Ҳарду давлат дар бунёди давлати мутараққӣ ва декмократӣ, дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ муваффақиятҳои назаррас ба даст оварданд. Ҳар ду давлат Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз рӯи бисёр масъалаҳои глобалӣ ва минтақавӣ мавқеи ягона ва ё наздик доранд.
   Ё. Ниёзӣ изҳори умедворӣ намуд, ки робита ва ҳамкориҳои ҳамсоякишварҳо ба манфиати ҳарду халқҳо ва кишварҳои бародар буда, минбаъд низ вусъати тоза касб хоҳад намуд.

   Ходими пешбари шуъбаи ИДМ-и Институт Абдуғанӣ Мамадазимов дар мавзӯи «Густариши муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва таъсири он ба равандҳои муосири Осиёи Марказӣ» баромад намуда, марҳилаи рушди муносибатҳои ду давлатро ном бурда, ҳар яки онро дар алоҳидагӣ таҳлил намуда, ба ҳозирин пешниҳод кард.
   Дилшод Қодиров зимни баромади хуш қайд намуд, ки айни ҳол рушди муносибатҳои Тоҷикистон бо Ӯзбекистон дар сиёсати хориҷии кишвар яке аз самтҳои авлавиятнок ба ҳисоб рафта, ду ҷониб ҷиҳати таҳким ва пурзӯр намудани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ҳамарӯза корбарӣ намуда истодаанд.

   Гуфта шуд, ки айни замон ҷонибҳо ҷиҳати беҳтар гардонидани фазои ҳамкорӣ ва ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибатҳо саъй намуда, масоили вобаста ба риояи тавозуни меъёри боҷу хироҷи нақлиётӣ ҳангоми убури сарҳад (барои нақлиёти автомобилии мусофирбар ва боркаш), рафту омади шаҳрвандон (дар мавриди бақайдгирии шаҳрвандон дар қаламрави кишварҳои якдигар), афзун гардонидани савдои мутақобила, пешбурди масоили обиву энергетикӣ ва дигар масъалаҳоро дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва риояи ҳуқуқу манфиатҳои якдигар баррасӣ менамоянд. Бо назардошти таҳаввулоти мусбат дар муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон табодули бошиддати ҳайатҳои ду кишвар мушоҳида мешавад.

   Номбурда аз сафарҳои сарони давлат ба кишварҳои якдигар ёдовар шуда, онҳоро саҳифаи нав дар  таърихи муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон номид.

   Мавсуф илова намуд, ки дар давоми ду соли охир Тоҷикистону Ӯзбекистон бо кӯшишҳои муштарак ба уфуқҳои нави рушди муносибатҳои мутақобилан судманди дуҷониба ноил гаштанд, ки баҳри ободии мардуми бо ҳам дӯсту бародари тоҷику ӯзбек созгор мебошад.
   Изҳори умедворӣ гардид, ки айни замон дар марҳилаи аввали ҳамкориҳои густурдаи дуҷониба қарор дорем ва ин ҳамкориҳо сол аз сол густариш меёбанд: “Мо шоҳиди дастовардҳои беш аз пеш дар солҳои наздик хоҳем буд, ки ин ба манфиати мардум ва ҳукумати ҳар ду кишвар хидмат хоҳад кард”.



   Фариддун Бобозода дар мавзӯи «Вазъи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дурнамои рушди он», баромад намуда, оид ба масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон пешниҳодҳо намуд.
   Илҳом Камолзода дар навбати хеш оид ба вазъ ва рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи гуманитарӣ, маориф ва илм маъруза намуда, қайд кард, ки ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон дар соҳаи маориф ва илм дар асоси «Созишномаи байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф» аз 10 январи соли 1997 ба роҳ монда шудааст.
   Мавсуф илова намуд, ки 9-10 -уми марти соли 2018 ҳангоми сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳилоти олӣ ва илм» ба имзо расид, ки саҳифаи наве дар самти густариши соҳаи маориф ва илмӣ байни ҷонибҳо гузошт. Дар доираи барномаҳои ҳамкорӣ ва иҷрои муқарраароти созишномаи мазкур дар соли 2018 зиёда аз 43 созиномаи ҳамкорӣ, ки паҳлуҳои гуногуни ҳамкориҳиоро дар бар мегирад, баста шуд
   Дар соли 2018 62 нафар устод ва донишҷӯ аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон дар конфронс ва ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ, ки дар Ӯзбекистон баргузор гардид, иштирок намуданд. Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон 1820 нафар шаҳрванди Ӯзбекистон таҳсил менамоянд.
   Ҳамчунин, қайд гардид, ки дар доираи ҳамкорӣ соли 2018 аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба мактаби миёнаи №47 ноҳияи Чинози вилояти Тошканди Ӯзбекистон 1316 адад адабиёти бадеӣ бо забони тоҷикӣ тақдим гардид.
   Номбурда инчунин, дар мавриди дигар ҳамкориҳои соҳаи маориф ва илм бо Ӯзбекистон қайд намуда, изҳори дошт, ки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам густариши ҳамкориҳо дар самти маориф ва илм бо Ӯзбекистон тадбирҳои амалӣ надешида, ҷиҳати пиёда намудани онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад.

   Ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, Шералӣ Ризоён оид ба равандҳои ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ: вазъ ва дурнамои рушди он қайд намуд, ки Осиёи Марказӣ дар шароити кунунӣ ба марҳилаи комилан нави рушди худ ворид гардид. Яке аз трендҳои актуалӣ ин густариш пайдо намудани равандҳои ҳамгироии минтақавӣ ба шумор меравад.

   “Шурўъ аз соли 2017 равандҳои охири Осиё Марказӣ баёнгари он мебошад, ки «миф»-ҳои сохташуда аз ҷониби кишварҳои манфиатдор дар минтақа дар ҳоли буҳрон қарор доранд. Ин ҳолат барои арзёбии комилан дигари дар фазои Осиёи Марказӣ шароит офарида, барои барномарезӣ ва амалӣ намудани низоми нави муносибатҳо байни давлатҳо мусоидат намудааст. Аз назари таҳлили сиёсӣ кишварҳои минтақа дар ҳолати ягона қарор надоранд, вале фаҳмиши умумии ҳамкориҳои танготант ҳамчун парадигмаи ғолиб шакл гирифтааст. Вазъи имрузаи муносибатҳои байнидавлатӣ дар Осиёи Марказӣ барои бисёре аз коршиносон ногаҳонӣ буд, чун конюнктураи пештара имкон намедод, ки чунин рушди минтақа ва авзои онро пешбинӣ кунанд”, - илова намуд Ш. Ризоён.

  Қайд гардид, ки таҳлили шароити ду соли охири минтақаи Осиёи Марказӣ, шинохти афзалиятҳои муҳими давлатҳои минтақа ва равандҳои зиндаи минтақа нишон медиҳад, ки он бо назардошти ба назар гирифтани манфиатҳои ҳаётан муҳими давлатҳои минтақа сурат мегирад. Зеро дар якҷоягӣ давлатҳои Осиёи Марказӣ имкон доранд ба ҳайси субъекти муносибатҳои байналмилалӣ баромад кунанд ва маҳз ин шароит барои таҳкими истиқлолияти онҳо ва паст намудани сатҳи осебпазирӣ аз таъсирии қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мусоидат менамояд.

   Ба андешаи мавсуф дар умум, ояндаи Осиёи Марказӣ бо дарназардошти равандҳои имрўза нигоҳи мусбатро ба вуҷуд меорад ва бешубҳа наздик шудани муносибатҳо дар дурнамои миёнамуҳлат барои ҳифз ва татбиқи манфиатҳои миллии давлатҳо мусоидат мекунад.

   Дар охир, оид ба масъалаи мазкур мубодилаи афкор сурат гирифт ва ҳозирин фикру андеша ва пешниҳодҳои худро оид ба боз ҳам хубтар ба роҳ мондан ва густариш додани ҳамкориҳои ду кишвар ироа намуданд.
Последнее изменение Панҷшанбе, 28 Феврал 2019

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/