wrapper

Хабарҳо

   Ба таваҷҷуҳи донишмандон, пажӯҳишгарон ва хоҳишмандон расонида мешавад, ки 19 –уми марти соли 2019 бо ибтикори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари маърифатӣ-фарҳангӣ бахшида ба иди Наврӯз таҳти унвони “НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ҲАМЧУН ПАДИДАИ ҲАМГИРОИИ МИНТАҚАВӢ ВА ҶАҲОНӢ” баргузор мегардад.
   Дар ҳамоиш ҷашнӣ, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо ширкат ва суханронӣ хоҳад кард.
   Инчунин, гуфта мешавад, ки дар он академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбар Турсон дар мавзўи “Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор”, мудири шуъбаи Шарқи Наздик ва Миёнаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, узви вобастаи АИ ҶТ, профессор Мирзо Муллоаҳмад дар мавзўи “Рамзҳои Наврӯз”. сарходими илмии  Институти мазкур профессор Хоҷамуродов Олимҷон дар мавзўи “Наврӯз дар Эрон” ва дигар олимону пажўҳишгарон суханронӣ хоҳанд намуд.
   Семинар дар толори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва  ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ аз соати 10:00 то 12:30 давом карда, иштирок дар он озод аст.
 
БАРНОМАИ
СЕМИНАРИ МАЪРИФАТӢ-ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА ИДИ НАВРӮЗ ТАҲТИ УНВОНИ “НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ҲАМЧУН ПАДИДАИ ҲАМГИРОИИ МИНТАҚАВӢ ВА ҶАҲОНӢ
   Замон: 19 – марти соли 2019
   Макон: Толори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ

09:30-10:00

 

Бақайдгирии иштирокчиёни семинар

10:00-10:10

 

Сухани ифтитоҳии директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.фал., Ёрмаҳмад Ниёзӣ

10:10-10:20

 

“Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор”. Суханронии Акбар Турсон, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

10:20-10:30

 

“Рамзҳои Наврӯз. Суханронии Мирзо Муллоаҳмад, узви вобастаи АИ ҶТ, профессор, мудири Шуъбаи Шарқи Наздик ва Миёнаи  Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ

10:30-10:40

 

“Наврӯз дар Эрон. Суханронии профессор Хоҷамуродов Олимҷон, сарходими илмии  Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ

10:40-10:50

 

“Баҳори Аврупо”. Суханронии Воҳидова Санавбар, д.и.т., мудири Шуъбаи Аврупо ва Амрикои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ

10:50-11:00

 

Қироати шеъри наврӯзӣ (магистрантони соли якуми Институт

Боқизода Муҳаммадзикриё ва Ҷӯраева Савринисо)

11:00 -11:10

 

Ашъори наврӯзӣ. Суханронии н.и.фал. Комил Бекзода, сарходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АИ ҶТ

11:10 -11:20

 

“Наврӯз дар Афғонистон”. Суханронии Қодиров Ғиёсиддин, н.и.фил., сарходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ

11:20 -11:30

 

“Наврӯз дар Қирғизистон”. Суханронии Давлиёрова Сафаргул, н.и.фал., ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ

11:30 -11:40

 

Бозтоби Наврўз ва оинњои он дар шеъри суханварони асрњои   IX-XI”. Суханронии Зиёев Субҳиддин, н.и.фил.,  ходими калони илмии  Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ

11:40-11:50

 

“Анъанаҳои наврӯзӣ дар Покистон”. Суханронии Раҳмонов Мирсаид, ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ

11:50-12:00

 

Қироати шеъри наврӯзӣ (магистрантони соли якуми Институт Раҳматова Робия, Бобоҷонова Маҳбуба ва Сатторов Муҳаммадҷон)

12:00-12:10

 

Саволу ҷавоб ва баррасии мавзӯҳо

12:10 - 12:20

 

Сухани ҷамъбастии директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.фал., Ёрмаҳмад Ниёзӣ

12:30

 

Хӯроки нисфирӯзӣ

 
Последнее изменение Душанбе, 18 Март 2019

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/