wrapper

Хабарҳо

   19 уми марти соли 2019 дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари маърифатӣ - фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз таҳти унвони “Наврӯзи байналмилалӣ ҳамчун падидаи ҳамгироии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ баргузор гардид.
   Дар ҳамоиш ҷашнӣ, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбар Турсон, узви вобастаи АИ ҶТ, профессор Мирзо Муллоаҳмад сарходими илмии Институти мазкур, профессор Хоҷамуродов Олимҷон ва дигар олимону пажӯҳишгарон ширкат ва суханронӣ намуданд.
   Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо қайд намуд, ки Наврӯз тарғибгари арзишҳои неки мардумон буда, инсонҳоро ба сулҳу ҳамбастагӣ, таҳаммулгароӣ ва ҳамзистӣ роҳнамоӣ месозад.
   Номбурда дар идома Наврӯз рамзи ҳамбастагии оламу одам, рамзи пирӯзии рӯшноӣ бар зулмот дониста, зикр намуд, ки ин ҷашни муборак бо ободиву бунёдкорӣ пайванди қавӣ дорад. Муҳимтар аз ҳама, Наврӯзи ҷаҳонафрӯз бо сулҳу ваҳдат, дӯстиву рафоқат, пиндору гуфтору рафтори нек иртиботи ногусастанӣ пазируфтааст.
   Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбар Турсон дар мавзӯи “Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор” баромад намуда, қайд кард, ки расман пазируфтани Наврӯз ба унвони иди давлатӣ дар шоҳроҳи ташаккули миллати муосир иқдоми саривақтие буд. Аҳамияти бузурги тарбиявии ин тасмими ояндасоз аз иборат аст, ки вай аз тариқи барқарор ва мустаҳкам кардани пайванди наслҳо дар қаринаи тамомияти фарҳангии силсилайи маротиби аслҳои миллӣ сурат пазируфт. Ва бад-ин тариқ уфуқи маънавии меҳанпарастии тоҷикона аз ҳисоби суннатҳои ғании фарҳанги бостониаш вусъат ёфта ваҳдати миллии тоҷикон тобишу ҷилои хоси таърихию фарҳангӣ пайдо намуд. Чаро ки ҷашни Наврӯз ба унвони суннати зиндаи муколама ва муҷоласаи муваккалони макону замонҳо як навъ рамзу рози наҷоти тоҷикон дар масири замонҳои гузашта ва истиқбол бувад.

   Қайд гардид, ки бадеҳист, ки ҷашни Наврӯз замонҳои пеш аз зуҳури ислом ҷорӣ буд ва бад-ин сабаб ба дини мусулмонӣ на ин ки ҷиҳати ташаккул, балки фақат ҷиҳати таҳаввул робита дорад. Лекин ҳақиқати дигарро низ ба назар гирифтан мебояд: бар хилофи ақидаи маъмул, дини зартуштия низ падари таъмидии ҷашни Наврӯз набуд! Рост аст, ки одобу русуми ҷашни Наврӯз дар муҳити рӯҳонии зардуштия ба камоли маънавӣ расидааст, вале дар воқеъ миёни онҳо алоқаи мустақими ирсӣ нест. Наврӯз ва зартуштия аз рӯйи таърихи пайдоишашон аз ҳам ҷудостанд: дар масири таърих Наврӯз аввал асту зартуштия сонӣ.
   Ба гуфтаи академик ҷашни Наврӯз яке аз аслҳои рукнгузори ҳамин тамаддуни дерину ғанӣ буда акнун, дар асри ҷаҳонисозӣ, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуда шаъну шукӯҳе андӯхтааст бесобиқаву беназир...
    Акбар Турсон ҳодисае, ки дар Амрико гузашту ӯ шоҳид буд, ёдовар шуда, қайд намуд, ки дар Маҷмаи Куллии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди Тоҷикистон, Озарбойҷон, Эрон ва дигар аъзои Созмони Конфронси Исломиро дар бораи Рӯзи байналмилалӣ эълон намудани Наврӯз ҷумла кишварҳои араб, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, ки бонии исломи рошидин аст, дастгирӣ карданд. Зеро ки ҳамагон дарёфтанд, ки Наврӯзи Аҷам зотан иди қавмӣ, мазҳабӣ ё табақотӣ нест; ҷашни ҳам хосу ҳам ом аст.
   Узви вобастаи АИ ҶТ, профессор Мирзо Муллоаҳмад дар мавзӯи “Рамзҳои Наврӯз” суханронӣ карда, қайд намуд, ки Наврӯз бо ҳама ҳусни табииву заминиаш намунаи як фарҳангу тамаддуни олӣ ба ҳисоб рафта, аз давраҳои дерин барои муҳаббату самимият ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати байни инсонҳо заминаи беҳтарини маънавӣ фароҳам овардааст.
   Гуфта шуд, ки яке аз рамзҳое, ки ҷараёни омодасозии он шумораи зиёде аз мардумро ба худ ҷамъ намуда, хурсандиву нишоти ҳамагониро ба миён меорад, ин маросими суманакпазӣ мебошад. Дар ҷараёни он пиру барно ширкат намуда, бо хондани сурудҳои наврӯзӣ ва рақсу бозӣ ба базм шукӯҳу шаҳомати хосса мебахшанд.
   Олимҷон Хоҷамуродов дар мавриди ҷашни Наврӯз дар Эрон сухаронӣ намуда, қайд кард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон бо вуҷуди давлати исломӣ будан ҷашни Наврӯзро қайд мекунанд ва то ҳол солшумории он ориёӣ аст. Ба гуфтаи ӯ ҳарчанд баъзе кӯшишҳо иваз кардани солшуморӣ буданд, вале он то ҳол бенатиҷа аст.
   Инчунин, оид ба дигар вижагиҳои Наврӯз ба мисли Чаҳоршанбесурӣ, Қошуқзанӣ ва ғайра, ки имрӯз дар Эрон дар арафаи Наврӯз баргузор мешавад, ба тафсил маълумот дод.

   Мудири шуъбаи Аврупо ва Амрикои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Санавбар Воҳидова оид ба “Баҳори Аврупо”, сарходими илмии Институт, Ғиёсиддин Қодиров дар мавриди “Ҷашни Наврӯз дар Афғонистон”, ходими калони илмии Институт Сафаргул Давлиёрова дар мавзӯи “Наврӯз дар Қирғизистон”, ходими калони илмии Институт Субҳиддин Зиёев оид ба “Бозтоби Наврӯз ва оинҳои он дар шеъри суханварони асрҳои IX-XI” ва ходими калони илмии Институт, Мирсаид Раҳмонов дар мавзӯи “Анъанаҳои наврӯзӣ дар Покистон” маъруза намуда, дар бораи Наврӯз, хосиятҳо ва суннатҳои он, арзишҳову таърихи он, тарзи нигоҳ доштани сунатҳои наврӯзӣ ва муосиртар кардани он пешниҳодҳои мушаххас баён карданд.
   Қироати шеърҳои Наврӯзӣ аз ҷониби магистрони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо ҳамоиши мазкурро ҳусни дигар бахшид.
Последнее изменение Чоршанбе, 20 Март 2019

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/