wrapper

Хабарҳо

   Ба таваҷҷуҳи донишмандон, пажуҳишгарон ва хоҳишмандон расонида мешавад, ки Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи кории худ ҷиҳати омӯзишу баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ, хосатан кишвраҳои Осиёи Марказӣ тасмим гирифтааст, дар мавзӯи “Равандҳои муосири иҷтимоиву сиёсии Ҷумҳурии Қазоқистон” мизи мудаввари илмиро баргузор намояд.
   Мизи мудаввари илмӣ 17 майи соли 2019 соати 10:00 дар Маркази мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ширкат дар он озод аст.
   Дар назар аст, ки дар он ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АИ ҶТ Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо ва дигар олимону пажӯҳишгарон ширкат ва оид ба ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон ва дурнамои рушди он суханронӣ намоянд.

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/