wrapper

Хабарҳо

ИОМДОА

ИОМДОА

Сиёсати “дарҳои боз”: мазмун ва моҳияти он дар шароити ҷаҳонишавӣ

   Татбиқи стратегияи минтақавӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят ҳассос, мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳон дар оғози асри XXI ҷараён мегирад, ки равандҳо ва таммоюли он ба мазмуни таҳаввули ҳастии иҷтимоии кишвар ва мардум таъсири амиқ ва рӯзафзун доранд.

   Ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷӣ, ки меҳвари онро сиёсати «дарҳои кушода» ташкил медиҳад, яке аз дастовардҳои бузурги давлати миллии мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад.

Муфассал ...

Ҳамкориҳои энергетикӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

   Энергетика як соҳаи муҳиме мебошад, ки рушд ва нумуи он дар некӯаҳволии мардум неруи тозае мебахшад. Тоҷикистон яке аз кишварҳоест, ки дорои иқтидори энергикии худ мебошад. Роҳандозӣ ва дуруст истифода бурдани иншооти энергетикии он метавонад кишвар ва минтақаро ба як манбаи неруманд ва мустаҳками пуриқтидор табдил созад.

Муфассал ...

Муаррифии китоби «Рӯдакӣ ва адабиёти араб»

   Дар доираи баргузории анҷумани илмии байналмилалӣ дар мавзӯи “Фалсафаи ашъори Рӯдакӣ, ки 25-уми январи соли 2019 дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент баргузор гардид, китоби арабшиноси тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор Тоҷиддин Мардонӣ - «Рӯдакӣ ва адабиёти араб» рӯнамоӣ гардид.

   Зимни муаррифии китоби мазкур қайд гардид, ки Тоҷиддин Мардонӣ дар рисолаи худ нишон додааст, ки эҷодиёти устод Рӯдакӣ аз адабиёти қадими араб натанҳо таъсир пазируфтаааст, балки худ ба эҷодиёти шуарои арабзабон таъсир гузоштааст.

Муфассал ...

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/