wrapper

Хабарҳо

Семинарҳо

Робитаи санъати рассомии Ҳиндустону Тоҷикистон

        16-уми январи соли 2018 дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шашумин лексияи ҷашнии «Ҳиндустону Тоҷикистон: 25 соли дӯстӣ» дар мавзӯи «Ҳунари рассомии Ҳиндустон ва Тоҷикистон» баргузор гардид.

       Ин ҳамоиш бо ибтикори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон ва Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардид, ки дар он муовини директори Институт, Нарзулло Амиров, котиби дуюми Сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мидҳун Рагҳаван, раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон ва Ҳиндустон, профессор Ҳабибулло Раҷабов ва дигар ҳаводорони санъати рассомии Ҳиндустону Тоҷикистон ширкат намуданд.

Муфассал ...
Хондан 181 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

25 соли равобити дӯстии Тоҷикистон ва Покистон

15-уми декабри соли равон бо ибтикори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафорати Ҷумҳурии исломии Покистон дар Тоҷикистон нишасти илмӣ дар мавзӯи 25 соли равобити дӯстии Тоҷикистон ва Покистон” баргузор гардид.

Дар оғози нишаст Сафири Ҷумҳурии исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тариқ Иқбал Соомро ва ҳамроҳонаш аз рафти сохтмони бинои нави Институт, ки интизор меравад дар он гӯшаи адабии Покистон таъсис дода шавад, дидан намуданд.

Сипас, бо иштироки намояндагони Сафорати Ҷумҳурии исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандону магистрони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ нишасти илмӣ баргузор шуд, ки дар он бо маърӯзаи пурмуҳтаво ҷаноби Сафир шунида шуд.

Сараввад, директори Институт Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо баромад карда, қайд намуд, ки Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо Сафорати Ҷумҳурии исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондаст, ки он ба омӯзиши масъалаҳои марбути сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангии кишварҳои  минтақа ва ҷаҳон равона шудааст.

Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба барпо намудани ҳамкориҳои минбаъдаи Институт бо муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии Покистон, ташкили курсҳои омӯзиши урду барои магистрантҳо, ташкили конфронсу семинарҳои муштарак бо иштироки олимони Тоҷикистон ва мутахассисону коршиносони Покистон ва гузаронидани нишастҳои илмӣ вобаста ба масоили сиёсиву геополикии минтақа ва ҷаҳон дар соли 2018 низ баррасӣ карда шуд.

Зимни баромади худ Сафири Ҷумҳурии исломии Покистон дар Тоҷикистон Тариқ Иқбал Соомро қайд намуд, ки айни замон равобити дӯстии Покистону Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи хуб қарор дорад.

Номбурда таъкид намуд, ки ин ду кишвари ба ҳам дӯст дар доираи чандин созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла дар СММ, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, Конфронси исломӣ, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва ғайра ҳамкориҳои манфиатбахшро ба роҳ мондаанд.

Яке аз тарҳҳои бузурги муштарак ин лоиҳаи энергетикии CASA-1000 мебошад, ки ин тарҳ аслан ба манфиати Тоҷикистону Покистон нигаронида шудааст. Гуфта шуд, ки барқи Тоҷикитстон дар фасли тобистон зиёд истеҳсол мешавад, аммо Покистон мушкили барқ дорад. Вақте ки ин тарҳ омода мешавад яке аз харидорони аслии барқ аз Тоҷикистон ин Покистон ба ҳисоб меравад.

Инчунин сафири Покистон дар Тоҷикистон оид ба сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» ва аҳамияти он барои Тоҷикистон, ҳамсояҳои он ва Покистон қайд кард.

Сафири Покистон дар Тоҷикистон Тариқ Иқбал Соом пешниҳод намуд, ки ба хотири боз ҳам густариш додани равобити дустиии Тоҷикистону Покистон ва додани имконият ба соҳибкорону тоҷирони ин кишварҳо хуб мешуд, ки хатсайри ҳавоии байни Тоҷикистон ва Покистон роҳандозӣ карда шавад. 

Тариқ Иқбал Соом изҳори умед намуд, ки дар оянда ҳамкориҳои ин ду кишвар густариш хоҳад ёфт ва ҳамкориҳо боз ҳам зичтар ва мустаҳкамтар мегардад. Чунки таҳкурсии асосии дустиву рафоқати Тоҷикистону Покистон мустаҳкам аст.

Дар охир, табодули афкор ва музокироти судманд сурат гирифат ва ҳозирин ба суолҳои худ аз Сафири Покистон дар Тоҷикистон Тариқ Иқбал Соом ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

Муфассал ...
Хондан 111 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Робитаҳои фарҳангии Суғди қадим бо Ҳинди бостон

  12-уми декабри соли равон дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷумин лексияи ҷашнии “Тоҷикистону Ҳиндустон: 25 соли дӯстӣ” баргузор гардид, ки дар кори он директори Институт Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо, сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош ва дигар шахсони расмӣ ширкат намуданд.

Лексияи ҷашнӣ бо ибтикори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо ва сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Сараввал, директори Институт Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо баромад карда, миннатдории худро ба ҳозирин барои ширкат дар лексияи навбатӣ баён намуд.

Муфассал ...
Хондан 213 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

ЭЪЛОН: Панҷумин лексияи ҷашнии «Ҳиндустону Тоҷикистон: 25 соли дӯстӣ»

Ба таваҷҷуҳи донишмандон, пажӯҳишгарон ва хоҳишмандон расонида мешавад, ки 12-уми декабри соли равон бо ибтикори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон панҷумин лексияи ҷашнӣ «Ҳиндустону Тоҷикистон: 25 соли дӯстӣ» баргузор мегардад.

Дар лексияи ҷашнӣ директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо, сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош ва дигар меҳмонони расмӣ ширкат варзида, профессори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва корманди Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Олимҷон Хоҷамуродов дар мавзӯи «Муносибатҳои фарҳангӣ байни Суғд ва Ҳиндустони қадим» маъруза хоҳад кард.

Иштирок дар лексияи ҷашнӣ озод буда, он дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соати 9:30 то 11:00 баргузор мегардад.

Муфассал ...
Хондан 183 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/