Семинарҳо

МУЛОҚОТИ МУФИД
Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрмаҳмад Ниёзӣ бо мудири ширкати табъу нашри «Дор Ёсамин»-и Амороти Муттаҳидаи Араб хонум Марям аш-Шиносӣ, ки бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот доир намуд. Ҳангоми суҳбат оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баҳс ҷараён гирифт.
Муфассал ...
«Ведҳо» беназиртарин ёдгории ориёиҳост
31-уми июли соли равон бо ташаббуси Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон ва Ҷамъияти дӯстии Ҳиндустону Тоҷикистон дар Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ведҳо асоси фарҳангу илми сарзамини Ҳинд» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.
Муфассал ...
Ташрифи олимони мавлавишиноси Туркия ба Институт
22-юми майи соли 2018 дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузоршавии Конфронси байналмилалӣ оид ба мероси Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, вохӯрӣ бо олимону муҳаққиқони мавлавишиноси Туркия баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ ноиби президенти намояндагии Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (TIKA), Меҳмет Суреййа Йер, профессори Донишгоҳи Анқара Ҳиҷаби Кирлангич, профессори Донишгоҳи Кориккали, Аднан Кара Исмаилоғлу, директори минтақавии Қуния оид ба кор бо дастхатҳо Бекир Шаҳин, муовини Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Олимов, шоир Аскар Ҳаким, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ниёзӣ Ёрмаҳмад, кормандони Институт ва дигар шахсони расмӣ ширкат ва сухаронӣ намуданд.
Муфассал ...
БОЗДИДИ ВАЗИРИ ДАВЛАТИИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҲИНДУСТОН АЗ ИНСТИТУТ
2-юми майи соли 2018 вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Мубошир Ҷовид Акбар, сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош ва дигар меҳмонони расмӣ аз Академияи илмҳо ва Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо боздид ба амал оварданд.
Зимни боздид меҳмононро ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Абдураҳмон, директори Институт Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо, котиби илмии Академия, Қосимшо Искандаров ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.
Дар ҳамоише, ки баъди боздид, дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ноиби Прзеденти Академия, Муҳаммад Абдураҳмон меҳмононро хайрумақдам намуда, қайд кард, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи он мамлакатҳои Осиёи Марказист, ки ҳам аз лиҳози ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва ҳам аз лиҳози адабу фарҳанг ба Ҳиндустон ниҳоят наздик аст. Вохӯриҳои сарварони Точикистону Ҳиндустон аз замони соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон ва ба имзо расидани чандин санадҳои судманд имкониятҳои ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангии ҳарду кишварро густариш бахшида истодааст.
Муфассал ...