wrapper

Хабарҳо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо  муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омўзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

 Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди илми академикӣ вазифаҳои нав ва мураккабтаре қарор гирифтаанд, ки вобаста ба он дар сохтори институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ, самтҳои тадқиқот бояд таҷдиди назар шаванд. Мувофиқи анъанаи давраи Шӯравӣ дар АИ ҶТ фақат як институт, Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, доир ба омӯзиши кишварҳои Шарқӣ хориҷ, он ҳам чанд кишвари маҳдуд, фаъолият мекард, ки бо Институти забон ва адабиёт муттаҳид карда шуд.

  Дар ҳоле, ки Осиё имрӯз қисми аз ҳама босуръат тараққикунандаи дунё буда, дар он қариб ними аҳолии курраи замин зиндагонӣ мекунад, дар ҳеҷ ниҳоди илмӣ пурра мавриди омӯзиши илмӣ қарор нагирифтаааст. Масалан, Чин на танҳо кишвари бузургтарини Осиё аз руи масоҳат, балки инчунин сераҳолитарин кишвари ҷаҳон буда, дар соли 2014 аз рӯи ММД ба ҷои аввал баромад. Имрӯз Тоҷикистон бо ин кишвари пурқудрати ҷаҳон ҳамкориҳои пурсамари дуҷониба ва бисёрҷониба ба роҳ мондааст, аммо он аз доираи омӯзиши илмӣ берун аст.

  Ҳиндӯстон дар ҷаҳон ҷои дуюмро аз рӯи шумораи аҳолӣ ишғол мекунад ва аз рӯ пешгӯиҳо баъд аз ду даҳсола ба ҷои аввал мебарояд. Ё Индонезия аз рӯи шумораи аҳолӣ дар ҷои чорум қарор дорад, Ҷопон ба «ҳаштгонаи бузург» дохил шуда, аз нигоҳи молиявӣ яке аз кишварҳои пешқадами ҷаҳон аст. Ҳамин тавр, омӯзиши модели тарақкиёт, сохти сиёсӣ ва фарҳанги дигар кишварҳои осиёӣ ба мисли Корея, «кишварҳои бо ном «палангони осиёӣ» аз аҳамияти хос бархурдор аст.

  Дар қитъаи Аврупо, 44 кишвари мутараққии дунё қарор доранд ва бо Тоҷикистон робитаҳои наздик барқарор кардаанд, вале дар мамлакати мо дар ҳеҷ ниҳоди илмии дар бораи кишварҳои аврупоӣ тадқиқот сурат намегирад. Имрӯз, дар дар шароити васеъ гардидани робитаҳои Тоҷикистон бо ин кишварҳо, дар шароити идомаи раванди ҷаҳонӣ шудан тадқиқи илмии кишварҳои Аврупо ва Осиё дорои аҳамияти калон мебошад. Шинохти илмии вазъияти сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодиёт, фарҳанг ва робитаҳои хориҷии кишварҳо, равандҳои ҳамгироии сиёсию иқтисодӣ дар онҳо барои Тоҷикистони соҳибистиқлол, ташаккули ва рушди сиёсати хориҷии он хеле муҳим аст. Бо назардошти ин вазъият, пешниҳод мешавад, ки масъалаи дар заминаи Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудани Институти Аврупо ва Осиё (АвруОсиё) мавриди баррасӣ қарор гирад.

  Институт метавонад аз ду маркази муҳими тадқиқотӣ- Маркази тадқиқи Аврупо ва Маркази тадқиқи Осиё иборат бошад. Бо назардошти камбуди кадрҳо барои институти нав ва инчунин зарурати мутамарказ намудани потенсиали илмӣ дар атрофи проблемаҳои муҳимтарини кишварҳои Аврупо ва Осиё, зарур аст то самтҳои тадқиқотии Институтро проблемаҳои муҳимтарини илмӣ ташкил диҳад. Дар маркази тадқикоти Аврупо раванди тадқиқотӣ дар атрофи барномаҳои бузурги аврупоӣ, пеш аз ҳама масъалаҳои ҳамгироии аврупоӣ ва амният дар Аврупо, самтҳои ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои алоҳида ва Иттиҳоди Аврупо нигаронида шуда, омӯзиши ҳамҷонибаи кишварҳои алоҳида дар марҳилаҳои баъдии рушди Институт ва бо назардошти таъмини кадрии он ба роҳ монда шавад.

  Дар мавриди тадқиқоти Осиё заминаи муайяни тадқиқотӣ ва потенсиали кадрӣ, доир ба баъзе аз кишварҳо мавҷуд аст. Фақат ҷуғрофиёи омӯзиши қитъа бояд васеъ гардида, муҳимтарин кишварҳои осиёӣ ба мисли Чин, Ҷопон, Корея, Индонезия, Малайзия, Сингапур ва ғайра низ дар нақшаҳои тадқиқотии Институт дохил шаванд. Барои омӯзиш ва баҳс лоиҳаи сохтори Институти АвруОсиё пешниҳод мегардад.

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/