wrapper

Хабарҳо

Самтҳои фаъолияти илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ин аз масоили кишваршиносӣ, геопалитика, таърихи муносибатҳои байналмилалӣ ва робитаҳои адабию фарҳангии кишварҳо иборат аст.

Номи лоиҳа: Геополитикаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ; Вижагиҳои таърихию фарҳангӣ ва мазҳабии равандҳои геопалитикӣ дар Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ.

Дар Шуъба мутобиқи барнома нишастҳои илмӣ, семинар, конфронс, симпозиум ва дигар чорабиниҳои илмӣ баргузор мешавад.

 

  • Мудири Шуъба - Доктори илмҳои филологӣ, профессор, Ҳабибулло Раҷабов

    Ҳабибулло Раҷабов соли 1945 дар деҳаи Чангоби Поёни ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст. Соли 1962 мактаби миёнаро дар деҳаи Қипчоқи ҳамин ноҳия бо баҳои аъло тамом карда, ҳамонсол ба шӯъбаи филологияи Ҳиндӣ ва урдуи Донишгоҳи давлатии Ленинград (ҳозира Санкт Петербург) дохил шуда, онро соли 1967 бомуваффақият хатм намудааст. Фаъолиятикориро  худи ҳамонсол дарИнститути шарқшиносии Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оѓоз намудааст.

    Пас аз хатми аспирантура дар Институти шарқшиносии Академияи Илмҳои  СССР дар шаҳри Маскав,  дар Институти шарқшиносии АИ ҶТ ба ҳайси ходими илмӣ ва котиби илмӣ кор кардааст. Дар  Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносов дар шаҳри Маскав ва Донишгоҳи ба номи Ҷавоҳирлол Неҳру дар шахри Деҳлӣ такмили ихтисос намуда, рисолаҳои илмӣ навиштааст.

    Дар солҳои 1981-1983 дар гурӯҳи мушовирони Шӯравӣ дар Афѓонистон кор кардааст. Дар солҳои  1984-2005  мудири кафедраи филологияи Ҳинди ДМТ. Аз охири соли 2005 то  охири солоҳи 2008 муовини аввали ректори ДМТ. Айни ҳол профессори кафедраи филологияи Ҳинд, мудири шуъбаи Ҳиндустон ва Покистони Институти шарқшиносӣ ва осори хаттии АИ ҶТ ва сармуҳаррири маҷаллаи «Оинаи Ҳинд» мебошад. Дар ДМТ аз забон ва адабиёти ҳиндӣ ва урду ва санъати Ҳиндустон дарс мегӯяд.

    Шеърҳо ва мақолаҳояш аз солҳои талабаи мактаб буданаш дар рӯзномаҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ чоп мешуданд. Ба тарҷумаи асарҳои муаллифони хориҷӣ аз забонҳои ҳиндӣ, урду, англисӣ ва русӣ аз солҳои донишҷӯ буданаш машѓул аст.

    Ҳабибулло Раҷабов ҳамчун ҳиндшинос ва урдушинос шинохта мешавад. Номи ӯ дар қатори 31 ҳиндшиносони шинохтаи ҷаҳон сабт шудааст. Вай муаллифи рисолаҳои «Новеллистикаи Моҳан Ракеш», «Премчанд», «Ташаккул ва инкишофи ҳикояи муосири ҳиндӣ», «Се насли ҳикоянависони ҳиндӣ», «Муҳовараи тоҷикӣ - ҳиндӣ», «Ин аст Ҳиндустон» ва «Пҳанишварнатҳ Рену» ва мақолаҳои зиёд бахшида ба адабиёт,  забон, таърих ва маданияти Ҳиндустону Покистон мебошад. Дар як қатор конференсияҳои умумиҷаҳонии илмӣ дар мамлакатҳои гуногун бо маърӯзаҳои илмӣ баромад карда бо мукофотҳо сарфароз гардидааст. Як силсилаҳикояҳо ва шеърҳои адибони маъруфи Ҳиндустону Покистонро ба забонҳои тоҷикию русӣ тарҷума кардааст. Ба қалами ӯ тарҷумаҳои маҷмӯаҳои «Ҳикояҳои ҳиндӣ», «Зиндагии талх» «Як қатраи меҳрубони борон» «Ҳикояҳои интихобии Равиндранатҳ Тҳакур» (тарҷума аз ҳиндӣ) ва «Рӯҳи озод» (тарҷума аз урду) тааллуқ доранд. Номбурда тамоми ашъори Файз Аҳмад Файзро аз забони урду ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.

    Ҳамчун раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон барои тақвияи дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон ва Тоҷикистону Покистон саҳми назаррасе дорад.

  • Кормандони Шуъба:

    •        Доктори илмҳои таърих профессор, Н. Ғаффоров (муаррих)

    •        Доктори илмҳои таърих С. Муллоҷонов  (забон ва адабиёт, таърих)

    •        Номзади илмҳои таърих С. Усмоналӣ (дипломатия ва таърихшинос)

    •        Номзади илмҳои таърих, достсент Т. Турсунов (таърихшинос)

    •        Номзади илмҳои таърих, К. Қудратов (дипломатия)

    •        Ходими илмӣ, Н. Душанбиева (сиёсатшинос ва минтақашинос)

    •        Ходими илмӣ, З. Малахова (ҳиндушинос ва адабиётшинос) 

    •        Ходими калони илмӣ, М.Раҳмонов (забон ва адабиёт, минтақашинос)

    •        Ходими илмӣ, Виктор Ким (кореяшинос)

    •        Ходими илмӣ, Ш. Арабова (филмшинос ва таҳиягир)

    •        Ходими хурди илмӣ, А. Одинаев (дипломатия, хитойшиносӣ)

    •        Ходими хурди илмӣ, Ҳ. Мирзоев (дипломатия, хитойшиносӣ ва кишваршиносӣ)

    •        Ходими хурди илмӣ Н. Файзуллева

    •        Лабарант  М. Қурбонова

    •        Ходими хурди илмӣ, Рузибоиён Нодирпур

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/