wrapper

Хабарҳо

Дар мулоқот бо рӯзноманигорон, ки дар сафорати Афғонистон дар ш. Душанбе ороста шуда буд, сухангуи (спикери) маҷлиси намояндагони (Вулуси Ҷирга) Шӯрои Миллии Афғонистон ҷаноби Мир Раҳмон Раҳмонӣ аз сафари Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҷаноби Ашраф Ғанӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Эҳтимол меравад, ки сафари ҷаноби Ашраф Ғанӣ ба ш. Душанбе бо Конфронси 9-ми вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё – Раванди Истанбул», ки рӯзҳои 29-30 марти соли 2021 пешбинӣ шудааст, рабт мегирад.

Чорабинӣ аз ҷониби Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамраисӣ карда мешавад, ки дар робита ба он Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбата охиринашон бо Президенти Афғонистон, ҷаноби Ашраф Ғанӣ ӯро ба ш. Душанбе даъват карданд.

Президенти Ҷумҳурии Афғонистон ҷаноби Ашраф Ғанӣ дар охири моҳи марти соли 2021, қарор аст, бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф орад. Масъалаи марказии ин сафар на баррасии мушкилоти амният ва муҳокимаи воқеаҳои экстремистӣ дар тули марз, балки ҳалли мушкилот ва рушди равобити тиҷориву молиявӣ байни ду кишвари ҳамҷавор мебошад. Албатта, ба масъалаҳои амният дар минтақа низ бешубҳа таваҷҷӯҳи хоса дода мешавад. Мувофиқи назари сиёсатшиносон ва коршиносони соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ дар рӯзномаи ҷаласаи гуфтушуниди тарафайн ҳатман баррасии масъалаҳои анъанавии барномаи зиддиҷиноятии стандартӣ ҷой хоҳад дошт. Ин масоил аз қабили ҳифзи амният дар сарҳад, муқовимат ба қочоқи маводи мухаддир ва мубориза алайҳи зуҳуроти терроризму экстримизм дар шароити авҷи ҳаракатҳои Толибон (ташкилоти сиёсӣ-ҳарбии фундаменталистӣ дар Афғонистон) мебошанд.

Аз ҷумла, ҷонибҳо шартҳои механизми иҷрои экстрадитсияи ҷинояткоронро, ки аъзои гурӯҳҳои экстремистию террористии мамнуъ мебошанд, ё дар пиёда сохтани амалиёти қочоқи маводи мухаддир иштироки фаъол доштанд, баррасӣ ҳоҳанд кард. Пандемияи бемории коронавируси COVID-19 вазъи ҷиноиро боз ҳам муташанниҷтар гардонида, ҳам барои Афғонистон ва ҳам барои Тоҷикистон таҳдидҳои нав эҷод кардааст, бинобар ин, баррасии ин мавзӯъ ва пайдо намудани роҳҳои ҳалли мушкилоти он барои мақомоти ҳарду кишвар басо муҳим мебошад.

Дар рафти ташрифи навбатии раисҷумҳури Афғонистон, ҷаноби Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон сарони ду кишвари ҳамҷавор масоили иқтисодиву тиҷории мухталифро асоси мулоқоташон қарор хоҳанд дод. Ҳамин тавр, рӯзи 1 марти соли ҷорӣ сухангуи (спикери) маҷлиси намояндагони (Вулуси Ҷирга) Шӯрои Миллии Афғонистон ҷаноби Мир Раҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон сафар карда, бо Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон во хӯрд. Зимни ин мулоқот ҷузъиёти сафари расмии Президенти Афғонистон ба Тоҷикистон ва якчанд лоиҳаҳои минтақавӣ баррасӣ шуданд.

Муовини ӯ ҷаноби Маҳмад Маҳмадраҳим бо Вазири рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода мулоқот намуда, имкони таъсиси як терминали байналмилалии логистикиро дар қаламрави минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» бо ҷалби сармояи Афғонистон баррасӣ кард. Тахмин карда шудааст, ки ин иқдом интиқоли молҳо ва ба рафти фурӯши онҳо аз Афғонистон мусоидат мекунад. Ғайр аз ин, зимни мулоқот инчунин масъалаҳои сохтмони корхонаҳои муштарак дар соҳаи дорусозӣ ва саноати сабук баррасӣ шуданд. Аммо чихеле, ки дар боло қайд гардид, нақшаҳои мушаххаси рушди савдо ва истеҳсолот ягона масоиле нестанд, ки дар ояндаи наздиктарин сарварони ду кишвари ҳамсоя хоханд баррасиву ҳал кард.

Дар охири моҳи феврали соли ҷорӣ Ҳукумати Тоҷикистон мӯҳлати ба истифода додани иншоотҳоро дар доираи лоиҳаи CASA-1000 эълон кард. Ин лоиҳаи миқёсан бузурги энергетикӣ содироти барқи барзиёди тобистонаро аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва минбаъд ба Покистон пешбинӣ мекунад.

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон қисмати худро то охири соли 2021 ба итмом расонда, дар соли оянда нерӯи барқро ба як қатор минтақаҳои шимолии Афғонистон бе қатъшавӣ метавонад дастрас кунад. Дар ин замина баррасии як масъалаи муҳим ва стратегии навбатӣ, яъне таъмини бехатарии хатҳои баландшиддати интиқоли барқ ба миён меояд.

Беҳуда нест, ки роҳбарияти расмии Афғонистон ба масоили тиҷорат бо ҳамсоягонаш дар минтақа чунин аҳамияти калон медиҳад.

Дар муқоиса бо замони сарварии ҷаноби Ҳомид Карзай, ки пулу васоити дигари моляивӣ аз ҷониби акторҳои калидии муносибатҳои байналмилалӣ ба осонӣ ба Афғонистон ворид мешуданд, дар ҳоли ҳозир манбаъҳои молиявии берунии ҷаноби Ашраф Ғанӣ хеле маҳдуданд. Азбаски ба сармоягузориҳои хориҷӣ беохир такя кардан ғайриимкон аст, роҳбарияти кунунии Афғонистон мекӯшад, ки иқтисоди миллии начандон қавии кишварро ба як навъе ба пои худ рост монад.

Аз нигоҳи татбиқи иқтидори иқтисодӣ, лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ ва тиҷорати транзитӣ барои ҳарду кишвар, ба маънои аслӣ, як майдони нави ҳамкориҳои судманд мебошанд.

Афғонистон дар соҳаи тиҷорат ва лоиҳаҳои транзитӣ хеле самти умедбахш буда, сарфи назар аз мушкилоти минтақа, ҳамкорӣ дар ин соҳаҳои афзалиятнок ба манфиати ҳамаи шарикони равандҳои иқтисодии минтақа хоҳад буд.

Берун аз минтақаи Осиёи Марказӣ, Чин аввалин шуда инро фаҳмида, ба Афғонистон бидуни дастур ва оромона кредитҳо пешниҳод кард. Эҳтимоли зиёд аст, ки Чин дар ивази кредитҳо дар конҳои металлҳои қиматбаҳои Афғонистон саҳҳом хоҳад шуд.

Сафари Вазири корҳои хориҷии Афғонистон ҷаноби Ҳаниф Атмар ба Маскав ва ташрифи ҷаноби Муҳаммад Каргар – Раиси дафтари Президенти Афғонистон ба Боку, ки ба наздикӣ дар чорчуби стратегияи таъсис додани доираи шарикони Кобул, на дар асоси самти ҳалли мушкилоти амниятӣ, балки ба хотири эҳё гардонидан ва тақвият бахшидани иқтисодиёт ва инфрасохтори Афғонистон, анҷом дода шудаанд.

Раисҷумҳури Афғонистон шахсан кӯшишу ташаббусҳои баланди дипломатиро ҷиҳати ба даст овардани дастгирии кишварҳои ҳамсояи минтақа зоҳир мекунад. Дар муддати кӯтоҳ ҷаноби Ашраф Ғанӣ ба пойтахтҳои давлатҳои ҳамсоя, шаҳрҳои Тошканд ва Ашқобод ташриф овардааст.

Манфиатҳои Кобулро дар ш. Душанбе хуб дарк мекунанд ва аз ин рӯ мулоқоти ду президент аз ҷиҳати созишномаҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ пурмуҳтаво ва самарабахш хоҳанд буд.

Фаридун Юсуфҷонов,

ходими калони илмии

Шуъбаи Аврупо ва Америкаи

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ,

номзади илмҳои сиёсӣ

 

 

 
http://www.zoofirma.ru/