wrapper

Хабарҳо

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Индонезия 27 августи соли 1994 барқарор шудаанд. Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Индонезия (соли 2003)  оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи маориф имзо гардида, танзимдарории он дар барномаҳои гуногуни таълимию омӯзишӣ амалӣ мегарданд [1]. Аз ин лиҳоз, ҳамасола аз ҷониби Ҷумҳурии Индонезия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бурсияҳои таҳсилӣ дар доираи Барномаи яксолаи омӯзиши забон, санъат ва фарҳанги Индонезия “Дармасисва” ҷудо мегардад. Соли 2016 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 нафар ҷихати иштирок дар Барномаи яксолаи омӯзиши забон, санъат ва фарҳанги Индонезия “Дармасисва” пешниҳод гардид.

Дар соли таҳсили 2017-2018 дар асоси созишномаҳои байниҳукуматӣ  ва  тибқи  шартномаҳои ҳамкории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Индонезия фиристонида шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 5 нафар зиёд аст. Дар солҳои 2015-2019 ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон 45 бурсия дар доираи ин барнома пешниҳод гардидааст. Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илм дар умум 23 донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин барнома таҳсил кардаанд[2].

Барномаи номбурда соли 1974 дар доираи созмони АСЕАН (Ассотсиатсияи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ) таъсис дода шудааст, ки танҳо аз кишварҳои аъзо донишҷӯён қабул карда мешуд, пас он дар соли 1976 барои дигар кишварҳо ин барнома пешниҳод карда шуд [3]. То имрӯз шумораи кишварҳое, ки дар ин барнома иштирок мекунанд, 185 давлатро ташкил медиҳад[4].

Ҳадафи асосии барномаи “Дармасисва” таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, муаррифии густариши забон, фарҳанг ва санъати Индонезия барои кишварҳое, ки ҳамкориҳои сиёсӣ ва дипломатӣ бо Индонезия доранд, равона шуддаст. «Дармасисва» барномаи бе дараҷаи илмӣ мебошад, ки дар он омӯзиши забони Индонезӣ, таълим дар соҳаи санъат, мусиқӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва фанҳои алоҳида дар 72 муассисаҳои таълимии интихобшудаи шаҳрҳои гуногуни Индонезия таълим дода мешавад [5].

                   1.Талаботҳои иштирок дар барнома:

Барои иштирок дар барнома бояд анкетаро ба сафорати Индонезия дар кишвари худ фиристеда шавад (дар сафорат ё дар вебсайти сафорат www.kbrimoskow.org ё www.info гирифтан мумкин аст -indonesia.ru).

Навиштани анкетаи онлайни дар сомонаи www.darmasiswa.diknas.go.id пур карда мешавад. Пас аз пур кардани варақаи дархост дар вебсайт зарур аст, ки тавсияномаи сафорат / консулгарии генералиро ба ҳуҷҷатҳо замима карда мешавад.

                    2. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:

  1. Пуркардани анкета;
  2. Нусхаи дипломҳо;
  3. Синну сол: аз 17-35;
  4. Вазъи саломатӣ бо маълумотномаи духтур тасдиқ карда шавад;
  5. 5 то сурати 4x6 см;
  6. Донистани забони англисӣ –(бо сертификати TOEFL / TOEIC / IELTS [6].     3. Стипендияи ҳармоҳаи донишҷӯён аз рӯи соҳаҳо ба 2 гурӯҳ тақсим карда мешавад:
  1. ба маблағи Rp. 2.950.000 (дар як моҳ як миллиону панҷсад ҳазор рупия), - (дар шаҳрҳои Батам, Ҷакарта, Бандунг, Сурабая, Бали, Макассар, Самаринда, Манадо дан Амбон);
  2. ба маблағи Rp. 2.550.000 (дар як моҳ як миллиону панҷсад ҳазор рупия), - (дар шаҳрҳои Ачех, Медан, Паданг, Палембанг, Лампунг, Пурвокерто, Семаранг, Йогякарта, Суракарта, Маланг) пешбини шуааст.

             4. Дар давраи таҳсил дар доираи барномаи “Дармасисва” ба иштирокчиён чунин корҳо манъ аст:
  1. Кор кардан дар кишвар;
  2. Машғул шудан ба тадқиқоти илмӣ;
  3. Фаъолияти сиёсӣ;

                 Хоҳишмандонро зарур аст, ки барои иштирок намудан дар барномаи мазкур ба сомонаи http://apply.darmasiswa.kemdikbud.go.id/  муроҷиат намоянд.

                                Адабиёт:

  1. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон папкаи Индонезия: https://mfa.tj/tg/main/view/21/munosibathoi-tojikiston-bo-indoneziya
  2. Бoйгoнии Вaзopaти мaopиф вa илми Ҷумҳурии Тoҷикиcтoн. Шӯъбaи мунocибaтҳoи бaйнaлмилалӣ. Пaпкaи Индoнезия.
  3. Папкаи эълонҳои Сафоратхонаи Ҷумҳурии Индонезия дар Венгрия (Маҷористон): http://www.indonesianembassy.hu/page.php?id=105&title=darmasiswa_scholarship_program_20202021&l=en
  4. Папкаи эълонҳои Сафоратхонаи Ҷумҳурии Индонезия дар Қазоқистон: https://www.gov.kz/memleket/entities/mfa-jakarta
  5. Папкаи эълонҳои Вазорати корҳои хориҷии Индонезия: https://apply.darmasiswa.kemdikbud.go.id
  6. Папкаи эълонҳои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон:http://tgfeu.tj/tj/about_the_university/adds/detail.php?ID=2065

 

Соҳиби Баҳруло

ходими хурди илмӣ ва

докторанти PhD курси 2-юм

 

 
http://www.zoofirma.ru/