Нусхаи чопи
(ба муносибати 110-умин солгарди Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода)
Дар ибтидои солҳои 30-юми қарни XX ба арсаи адабиёт шахсияте ворид гардид, ки дар густариши адабиёт ва тавсеаи равобити тоҷик ва халқҳои ҷаҳон нақши намоён гузошт. Ин шахсият Мирзо Турсунзода буд. Дар байни адибони тоҷик касе ба андозаи М. Турсунзода дар ташаккули равобити адабӣ бо кишварҳои хориҷӣ, бахусус бо Ҳиндустон мақоми болотаре надорад ва осори гаронарзише наофаридааст. Мирзо Турсунзода ҳамчун мубориз ва мубаллиғи сулҳу амонӣ ва ғояҳои гуманистиву инсонмеҳвариву интернатисоналӣ борҳо сафарҳои хориҷӣ намуда, дар роҳи мустаҳкам гардонидани сулҳу дӯстии кишварҳои Шарқу Ғарб хизматҳои беназир кардааст. Дар натиҷаи сафарҳо ба Деҳливу Исломобод, Парижу Варшава, Венаю Қоҳира, Стокголму Хелсинки, Доруссалому Ҷакарта ва ғайра (дар харитаи сафарҳои М. Турсунзода зиёда 25 кишвари дунё тасвир шудааст) ҷаҳонбинии Мирзо Турсунзода ташаккул ёфт ва ӯ чун шахсияти барҷастаи фарҳангию иҷтимоӣ камол ёфта, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Дар шеъри “Ватан” М. Турсунзода сафарҳои худро ба хориҷ бо чунин мисраҳо тасвир кардааст ва ҳофизи миллат, Борбади замон Ҷӯрабек Муродов бо оҳанги хеле дилнишин ин сурудро ҷаззоб месарояд:
Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт,
Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт.
Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам,
Агарчи нисфи умри беҳтаринам дар сафар бигзашт.

Мирзо Турсунзода ба ҳайси узви ҳайати намояндагони шӯравӣ барои ширкат дар аввалин конфронси кишварҳои Осиё ба Ҳиндустон сафар карда буд. Силсилаи шеърҳои ӯ «Қиссаи Ҳиндустон» (1947) намунаи олии корбасти шоир мебошад, ки пас аз сафар ба Ҳиндустон иншо шудааст. Пас аз ин сафар ӯ дар мавзӯи Шарқ бештар иншо мекунад.
Барои як зумра шеърҳо “Қиссаи Ҳиндустон”, “Рӯди Ганг”, “Меҳмони мағрибӣ”, “Тара Чандри”, “Боғи муаллақ”, “Дар ёди кас” Мирзо Турсунзода соли 1948 ба ҷоизаи давлатии ИҶШС сазовор гардид.
Дар солҳои 50-60- уми асри ХХ байни адибони шӯравӣ ва ҳинд муносибати дӯстона барқарор гардид. Соли 1955 ҳайати адибони шӯравӣ бо сарварии А. Сурков ва Н. Тихонов ду маротиба ба Ҳиндустон сафари дӯстона намуданд.  Дар  ҳайати  гуруҳи  адибон  шоири забардасти тоҷик Мирзо Турсунзода низ ширкат варзида буд.
Дар достони “Садои Осиё” (1957) мавзӯи муҳими ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, бедорӣ, ҳаракатҳои милливу озодихоҳии халқҳои Осиё ва Африқо, соҳибистиқлолии ин халқҳо инъикос гардида, шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намуданд. Мирзо Турсунзода аз  сафари Ҳиндустон ва дидорбини бо кишвари афсонавӣ ба ваҷд омада, достонҳои “Қиссаи  Ҳиндустон” ва «Садои Осиё»- ро эҷод кард ва барои ин достонҳо шоир ба ҷоизаи давлатии ба номи Ленин мушараф шуд.
Шоири озар Самад Вурғун чунин менигорда, ки: “Қиссаи Ҳиндустон”-и Мирзо Турсунзода яке аз муҳитарин асарҳои замони мо ба ҳисоб меравад. Шоир бо ҳамдардиву ҳиссиёти бузург тарзи зиндагии халқҳои Ҳиндустонро бо тасвирҳои қавӣ баён намуда, бадкориҳои мустамликадоронро сахт нафрин мекунад”.
Дар шеъри “Сайёҳи Ҳинд” М. Турсунзода ҳаёти фоҷиавии афғонбачаеро тасвир кардааст, ки барои пайдо кардани қутти лоямут ватанашро тарк карда, ба Бомбей рафтааст. Дар шеър бо нишон додани ҳаёти афғонбача шоир мустамликадоронро мазаммат мекунад.
Мавзӯи ашъори Мирзо Турсунзода иттиҳоду дӯстии халқҳои ҷаҳон буд ва пас сафарҳо ба хориҷа мавзӯи дӯстӣ дар ашъори шоир тавсеа меёбад. Мирзо Турсунзода шоири башардӯуст ва мубаллиғи сулҳу амонӣ буд. Барои ӯ ирқу нажод, мазҳабу миллат муҳим набуд.
Нависандаи маъруфи Ҳиндустон Хоҷа Аҳмади Аббос соли 1967 ба воситаи мактуб халқҳои Иттиҳоди Шӯравиро ба муносибати 50 солагии Инқилоби Октябр табрик  намуда буд ва дар мактуби нависанда сатрҳои зерин инъикос шудааст: «Ман ин мактубро ба Москва мефиристам, аммо он на фақат ба москвагиҳо дахл дорад. Ман инчунин ба бисёр дӯстонам, ки номи онҳо машҳури ҷаҳон аст, муроҷиат менамоям. Вақте, ки ман шеърҳои Мирзо Турсунзодаро дар ҳуҷраи меҳмонхонаи Москва ё дар хонаи дар Бомбей  воқеъ  будаи шоири ҳинду Сардор Ҷаъфарӣ хондам, садои дӯстиро эҳсос намудам». Барои хизматҳои бузурги адибию ҷамъиятияш соли 1967 М. Турсунзода сазовори унвони олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ гардид. Ҳамзамон барои иншои достони “Аз Ганг то Кремл” (соли 1967) - соҳиби Ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷавоҳиралаъл Неҳрӯ шуд.
Дар моҳи августи соли 1982 ба хотири бузургдошт ва 35 – умин солгарди истиқлолияти Ҳиндустон ва ёздаҳумин солгарди имзои шартномаи сулҳ, дӯстӣ ва ҳамкории байни Ҳиндустону Иттиҳоди Шӯравӣ  фестивали  филмҳои ҳиндӣ баргузор гардид. Яке аз  зуҳуроти ҳамкории фарҳангӣ филми муштараки киносозони ҳинду ва тоҷик «Субҳи Ганг» (1975) буд, ки он дар тоҷикфилм аз рӯйи достони Мирзо Турсунзода «Аз Ганг то Кремл» таҳия гардида буд.
М. Турсунзода шоири башардӯсту сулҳпарвар ва муборизи барҷастаи дӯстии халқҳои Осиё ва Африқо буд. Ӯ солҳои зиёд раисии Кумитаи якдилии кишварҳои Осиё ва Африқоро ба ӯҳда дошт ва барои бедории маънавӣ ва талошҳои озодии халқҳои Осиву Африқо заҳматҳои калон кашидааст.  
Барои хидматҳои бузургу беҳамто дар назди халқу ватан, фидокориву ҷоннисориҳои бесобиқа барои пойдориву шукуфоии Тоҷикистон ва тарғиби сулҳу дӯстӣ миёни халқҳои чаҳон Мирзо Турсунзода 7 майи соли 2001 бо унвони Қаҳрамони Тоҷикистон шарафёб гардонида шуд.
Ба зодрӯзи арбоби ҷамъиятиву сиёсӣ, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, собиқ раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, собиқ раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Неҳру, Ҷоизаи давлатии СССР, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ ва тарҷумон, шоири шаҳир Мирзо Турсунзода 110 сол пур мешавад.
110-умин солгарди зодрӯзи Мирзо Турсунзодаро ба аҳли фарҳангу адаб ва ҳаводорони ашъори шоир таҳният мегӯем.

         Зиндаву ҷовид монд ҳарки накуном зист,
         К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
 
 
Турсунов Т.Х. –
сарходими Институти омӯзиши масъалаҳои кишварҳои
Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмии Тоҷикистон, н.и.т., дотсент
 
Последнее изменение Сешанбе, 20 Апрел 2021