Нусхаи чопи
Қаблан мамлакати мо Галл номида мешуд ва сокинони он галлҳо номида мешуданд.
"Таърихи Фаронса"
Оё  метавонад гузаштагони фаронсавиҳоро галлҳо  номид? Гуфтан душвор аст: мо дар бораи онҳо хеле кам медонем. Франсузҳо Галлро, ки дар қаламрави Фаронса дар охири ҳазораи дуюми пеш аз  мелод пайдо шудаанд, ҳамчун авлодони мустақими худ мешуморанд. Қабилаҳои ҷангие, ки румиён онро Галлҳо меномиданд ва юнониёни қадим Келтҳо меноманд, аз шарқ ба Аврупои Ғарбӣ омада, тадриҷан бо аҳолии маҳаллӣ омехта шуданд.
Мустамликадории  Келтҳо, ки дар натиҷаи ба вуҷуд омадани ба ном Келтҳои Галли  оғоз ёфта буд, зиёда аз ҳазор сол давом кард. Дар ин муддат, Галҳо  қисми зиёди Аврупои Ғарбиро, аз ҷумла Фаронса, Швейтсария, Белгия ва шимоли Италияро забт ва ишғол  карданд. Дар ҳудуди Фаронсаи муосир тақрибан даҳҳо қабилаҳои гуногуни галлиҳо  зиндагӣ мекарданд, ки ҳамеша бо ҳам ва ҳамсоягони  берунмарзӣ меҷангиданд. Тибқи шаҳодатҳои муаллифони қадим, Галлҳо одамони қавӣ,  одамони таҳҷоӣ буданд ва чашмҳои кабут ва мӯйҳои малла (зард) доштанд. Онҳо баъзан мӯйҳои жӯлидамӯйи худро   ранги сурх мекарданд. Мардон муйлабҳои дарозу хами овезон доштанд. Галлҳо дар нуқтаҳои аҳолинишини васеъ ҷойгир буданд, ки баъдан дар он ҷо шаҳрҳои бисёри Фаронса ба вуҷуд омаданд . Онҳо дар кулбаҳои чӯбин, ки бо коҳои (пахол) пушида щуда зиндагӣ мекарданд ва бо кишоварзӣ ва чорводорӣ машғул буданд. Галҳо деҳқонони моҳир буданд:онҳо зироат ва сабзавот кишт карда, киштзорро чӣ гуна моддаҳои минералӣ андохтанро метавонистанд, аз сипори (омоч) чархӣ ва мошини дарав мукаммал истифода мебурданд. Онҳо рамаҳои калони чорворо, хусусан аспҳо ва хукҳоро нигоҳ медоштанд. Маҳсулоти ҳунармандони галлиҳо   оҳангарӣ, заргарӣ, яроқсозӣ, кулолгарӣ, бофандагӣ буда, берун аз қаламрави Галл машҳур   шуда буд. Аксарияти Галлҳо ҷамъиятҳои озод буданд, аммо дар бисёре аз қабилаҳо ҷудо шудани авлод  аллакай пайдо шуда буданд, ки соҳиби хизматгор ва ғуломони сершумор буданд.  
Сардори қабилаҳои галлиҳоро  роҳбарони ҳарбӣ ва друидҳо (коҳин, келтҳои қадим) сарварӣ мекарданд, ки вазифаҳои коҳинон (фидоиён), муаллимон ва ҳокимонро  иҷро мекарданд. Бардҳо (дурда), овозхонҳо ва ровиҳообу руи калон доштанд. Пеш аз ҳама, Галл шӯҳрат ва далериро қадр мекарданд. Онҳо қувваҳои табиат, чашмаҳо, сангҳо ва дарахтонро парастиш мекарданд. Баъзан Галлҳо ба худоҳо одамонро  қурбонӣ  мекаррданд. Шавҳарон нисбати занҳо ва кӯдакон ба ҳаёт ва марг ҳақ доштанд. Рамзи  аҷдодии Галл  хурӯс буд ки онро хурӯси галлягӣ меномиданд. Аввалин шарҳи нисбатан муфассал ва на он қадар таҳсиномез ба расму оин ва хислати Галлро фармондеҳи румӣ ва арбоби давлатӣ Юлий Сезар ва таърихнигор ва ҷуғрофидони юнонӣ Страбон қайд кардаанд. Сезар мепиндошт, ки Галлҳо ҷанговар буданд, аммо ноустувор, сабукфикр, ҳавобаланд ва ҳардамхаёл буданд.
Дар “Ёддоштҳо дар бораи ҷанги Галлҳо” ӯ навиштааст: “Ҳангоме ки Галлҳо бо ҷасорат ва қатъӣ ҷанг оғоз мекунанд, ҳамон қадар сустирода ва ноустувор  дар нобарорӣ мебошанд”. Ба фикри Сезар, “ин миллат бо зеҳни бузург ва қобилияти ғайриоддӣ барои қабул ва такмили ҳама чизи таълимдиҳии дигарон фарқ мекунад”, аммо Галлҳо “бе андоза ба ҳукм ва одатан ба ҳама гуна тағйирот майл доранд”.  Онҳо аксар вақт қарорҳои муҳимтаринро аз овозаҳо ва сухани холӣ қабул мекунанд  ва баъдан албатта, онҳо дарҳол пушаймон мешуданд. Бе тааҷҷуб  Сезар қайд кард, ки Галлҳо ба низои дохилӣ майл доранд ва  Галлҳо, на танҳо дар ҳама ҷамоаҳо ва дар ҳама ноҳияҳо ва дигар бахшҳои кишвар, балки тақрибан дар ҳама хонаҳо дастаҳо доштанд.
Страбон, “Ҷуғрофия”-и худро ки зиёда аз 40 сол пас аз “ Хотираҳо”-и Сезар навишта  буд, ба Галл хислати муносиб дод. Ба гуфтаи вай, тамоми қабилае, ки  Галл номида мешуданд... шайдои ҷанг буда, бо ҷасорат фарқ карда ва зуд ба ҷанг  медароянд: вале, содда ва бекина мебошанд."Галлҳо бо ҳам ба зудӣбо шумораи зиёди  ҷамъ мешуданд ва онҳо бо соддагӣ, ростқавлӣ фарқ карда ва ҳамеша ба ранҷу азоби наздикони худ, ки ба фикри онҳо, беадолатӣ мешуморанд,  дилсӯзӣ мекунан. Хотирнишон кард, ки ҳамаи келтҳо баҳс карданро дуст медоранд, Страбон дар бораи баъзе хислатҳои дигари онҳо хеле манфӣ изҳор кард. “Илова ба соддагӣ ва ҷасорат, онҳо ҳанӯз ҳам аблаҳӣ ва мағрурӣ  ва инчунин ба зебоию ороиш рағбат доранд ...
Бинобар ин сабаб бо рӯҳафтодагӣ онҳо ҳамчунин тоқатнопазирона комёбанд, ва пас аз мағлуб шудан комилан ошуфтаанд”. Дар Фаронсаи муосир ақидаи мусбат нисбати Галлҳо бештар аст. Онҳо ҳамчун шахсони ҷасур, ҷанговар ва зиндадил, дӯстдорони ҷашнҳо, ҳузуру ҳаловат ва ҳама гуна дилхушиҳо ҳисобида мешаванд. “Онҳо зиёфатҳо, суханрониҳои зеборо дӯст медоранд, аммо беш аз ҳама, ҷангро”--  қайд карда шудааст дар  яке аз китобҳои дарсии мактабии Фаронса.
Душманони асосии Галл қабилаҳои олмон дар шарқ ва римиҳо  дар ҷануб буданд. Соли 120 пеш аз милод, Римиҳо қисми ҷанубии Галлро  дар соҳили баҳри Миёназамин забт карданд. Он ба як музофоти Рим табдил гашт ва баъдтар номи Провансро гирифта дар қисми ҷанубии Фаронса ҷойгир мебошад .
Соли 58 пеш аз милод,  Юлий Сезар барои истилои  қисми боқимондаи  Галлҳаракат кард, бо сабаби он ки дар он ҷо Галлҳои сермӯй  зиндагӣ мекарданд, аксар вақт онҳоро“ Галлии пахмоқмӯй”  меномиданд. Галлҳо муқибилияти сахт нишон медоданд. Хусусан қабилаи арвернҳо бо сарварии Версингеторикс (яъне подшоҳи ҷанговарон), алайҳи Румиён  муборизаи шадид мебурд. Дар соли 53, ӯ якчанд қабилаҳои галлро муттаҳид намуд ва  исёне кард, ки румиён  муддати тӯлонӣ тоб оварда натавонистанд. Танҳо соли 52 пеш аз милод ба Сезар муваффақ шуд, ки лашкари Версингеториксро дар деҳаи Алезия (ҳоло деҳаи Ализе-Сен-Ренн дар шимолу ғарби Дижон) ба даст оранд. Румиён дар теппаи деҳа онхоро миёнагир карда, онро бо чоҳҳо ва девори сетабақаи ғӯлачӯб иҳота карда, умед доштанд, ки галлро аз гуруснагӣ шикаст диҳанд.
Пас аз 40 рӯзи муҳосира, Версингеторикс тасмим гирифт, ки таслим шавад, то муҳосиронро аз марг наҷот диҳад. Мувофиқи Плутарх, вай зиреҳи беҳтаринро пӯшида, аспашро оро дод ва ба қароргоҳи Сезар рафт. Версингеторикс аз асп фаромада, силоҳашро гирифта, хомӯшона дар назди Сезар нишаст. Сарлашкари Рум фармон дод, ки ӯро бо занҷирҳо банданд. Пас аз шаш сол, вақте ки ғалабаи Сезар дар Рум ҷашн гирифта шуд, Версингеториксро бо аробаи дучарха дабдабанок бо ҳамроҳии муҳосирон оварданд ва пас аз он ба қатл расонданд.
Ҷанги Алезиа бо забт кардани Галл хотима ёфт. Дар тӯли 500 сол, ҳамаи инҳо ба як музофоти Рим - Рими Галл табдил ёфт. Дар муҳорибаҳо бар зидди румиён Галҳо талафоти калон доданд.
Ҳангоми пирӯзии Сезар маълумкарда шуд, ки як миллион галлҳо кушта шуданд, як миллион ба ғуломӣ гирифта шуд ва се миллион мутеъ гашт Мумкин шумораи  ин рақамҳо аз ҳад зиёд бошанд, аммо онҳо то ҳол дар бораи қурбониёни бузурги мардуми Галл маълумот медиҳанд. Мувофиқи маълумоти таърихнигорон, 6-8 миллион галлиҳо зинда мондаанд.
Мамлакати забтшударо румиён (мустамлика карданд Онҳо асосан дар қисмати ҷанубии Фаронса муосир, аз Баҳри Миёназамин то дарёи Луар, ҷойгир шуданд ва қисман бо Галҳо омехта шуданд. Румиён бо худ сохти ғуломдориро мустаҳкам карда, забони лотинӣ, қонун, фарҳанг технологияи Румӣ ва боғдорию токпарвариро ҷорӣ карданд
Маҳз дар ҳамон давра , боғҳои машҳури фаронсавӣ дар Бургундия, дар наздикии Бордо, дар водиҳои Ронна ва Луара ташкил карда шуданд. Дар ҷоиҳои нуқтаҳои аҳолинишини Галл шаҳрҳои галлоримӣ пайдо шуданд, ки баъзеи онҳо то имрӯз маҳфуз мондаанд: Лион (Лугдунум), Бордо (Бурдигала), Орлеан (Генебум), Тур (Сезародунум).
Дар асри II. эраи мо Масеҳият тадриҷан ба Галл ворид шуд. Дар асри IV. аввалин дайрҳои (монастир) насронӣ дар наздикии Тур, Орлеан ва Пуайер таъсис дода шуданд. Дар давраи муҳоҷирати бузурги халқҳо, дар асрҳои IV-V, қабилаҳои гуногуни барбарӣ - Вандалҳо, Висготҳо, Бургундҳо, Гунҳо, Франкҳо  ба Галл ҳуҷум карданд. Дар охири асри 5 Галро қабилаҳои олмонӣ, асилзодагони  Франкҳо , ки маънои “ ҷасур”-ро  дошт, забт кардаанд.
Франкҳо то ҳол ҷомеаи устувори ҳамсоягӣ ваҳуқуқи “урфӣ”доштанд. Аъёну ашрофи қабилавӣ нисбатан кам буданд. Дар ҷанг лашкари халқӣ иштирок мекард. Франкҳо ҷанговарони ҷасур буданд. Онҳо хусусан табарҳои ҷангиро моҳирона—“франсиск”-ро истифода мекарданд. Усқуф (епископ-мансаби олии руҳонӣ) Сидониус Аполлинариус ба мо оиди Франкҳо чунин ривоят мекунад: “Муйхои зарди онҳо  то пешонӣ қабза карда шуда. Бинобар ин пушти сар кушода мемонад. Онҳо сабзчашми тар ва риши тарошида дошта, дар он  муйлабҳои борики шонакардадида мешавад. Гуё бозикунон, табарҳои (франсиски) худро ба масофаи дур ҳаво дода ва итминон доранд, кизарбаи нишонрас хоҳанд расонд.
Онҳо моҳирона бо сипари худ пинҳон шуда, ба душман  ҳамла оварда ва бо як чолокӣ аз найзаи партофташуда худро ҳимоя мекунанд.  Аз хурдсолӣ онҳо ба ҷанг рағбат доштанд”.
Галлро тасарруф карда, франкҳо  дар шимол ва шарқи Луара ҷойгир шуданд, дар ҳоле ки аҳолии галло-румӣ дар ҷануби он афзалият доштанд. Ҳарчанд шумораи забтшудагон, на бештар аз 25-30% шумораи аҳолии Галро ташкил медод, онҳо дар он ҷо қувваи ҳукмрон буданд. Фатҳкунандаи Галлий Хлодвиг (аз авлоди Meровингов) қароргоҳашро дарсобиқ (пештараи) пойтахти галлӣ қабилаи паризиев - шаҳр дарсоҳили дарёи Сена сохт, ки дар замони Сезар Лютетсия номида мешуд, дар давраи  Хлодвиг—Паризий, ва ҳангоми  ворисони ӯ Париж  ном гирифт.
Соли 496, Хлодвиг бо ҳамроҳи дастаҳои худ, аввалин шуда аз истилогарони франкҳо, дар шаҳри Реймс ба дини насоро даромад, ва  масеҳиятро қабул кард . Аз номи Франкҳо гирифта, Галл минбаъд  Фаронса номида шуд, гарчанде ки он  вақт ҳамчун давлати мустақил вуҷуд надошт. Дар натиҷаи музафариятҳои франкҳова ҳамбастагии сохти ҷамъиятӣ франкҳо бо тартиботи галло-римӣ, унсурҳои муносибатҳои феодалӣ дар қаламрави забтшуда ба вуҷуд омаданд ва рушд карданд. Пеш аз ин, давлати феодалии франкӣ бо ҳукмронии сулолаҳои Меровинг ва баъдан Каролингӣ,  гузашта аз он Фаронса, дар ихтиёри худ заминҳои  Италия ва Германияи муосирро  дарбар мегирифт. Машҳуртарини аз Каролингиҳо – Карли Бузург (768-814)  империяи азимро идора мекард, ки қисми зиёди Аврупои Ғарбӣ дар ихтиёри ӯ буд.
Танҳо дар соли 843, вақте ки империяи Карли Бузург байни меросхӯронаш ба се салтанат тақсим шуда буд, набераи Карли Бузург – Карли Чоплус  ба салтанати Фаронсаи Ғарбӣ ҳукмронӣ кард, мавҷудияти мустақили давлати Фаронса оғоз ёфт. Аввалин ёдгории пайдоиши забони фаронсавӣ (с. 842), ба савганди Страсбург подшоҳии Карли Чоплус ва Людовики Олмонӣ, оиди  шартнома дар мубориза алайҳи бародарашон Лотаря (аз ҳамин ном Лотарингия пайдо шудааст) ба ҳамон давра рост меояд.
Аз давраи кӯдакӣ ҳар як фаронсавӣ дар бораи Франкҳо ва Галлҳо маълумот дошта,дар тамғаҳои почтаҳои фаронсавӣ хурӯси галлро тасвир кардаанд, аммо фаронсавиёни муосир бо одамони қадимӣ, Франкҳо ва Галл чӣ умумияте доранд? Дар назари аввал, ҳеҷ чиз! Дар байни мардуми имрӯзаи Фаронса одамоне, ки чашмони кабуд ё сабз ва мӯи малла дошта, на ҳама вақт пайдо мешаванд. Рафтор, тарзи ҳаёт, одатҳо, нуқтаи назари фаронсавиён, ба назар чунин менамояд, ки наметавонад бо рӯйдодҳои гузаштаи дур ташаккул ёбад. Аввалин президенти Ҷумҳурии Панҷум, генерал де Голль изҳор дошт, ки Фаронса ба", рағбати қадимаи Галлҳоба ҷангу ҷидол" зиндагӣ кардан монеъ мешавад
Президенти дигари Панҷум, В.Жискард д'Эстен  гумон мекунад, ки фаронсавиёни муосир майл ба рӯҳияи мухолифат "аз фардияти галлӣ ва ғайрати шуҷоъати қабилаҳои франкҳо" мерос гирифтаанд. Дар Фаронса, ки аз галлҳо баъзе хислатҳои психологии рӯҳияи фаронсавӣ боқӣ монда, маъмул аст,  масалан, "зеҳни галлигӣ", "шуури галлигӣ", майл, шавқ ба "ҳазлҳои галлигӣ" (озодона, бетакаллуфона ва дуруштона), рағбат ба  ғизои хуб ва суханварӣ
Сарбозони фаронсавӣ худро ворисони франкҳо меҳисобиданд, вале деҳқонони ситмдидаи онҳо,  ба авлодони Галлҳо мансуб буданд. Дар асри XIX. ин маълумотро таърихшиносони мактаби «олмоншиносӣ»-и фаронсавӣ, дар ҳодисаҳои муҳими музаффариятҳои франкҳо, дар таърихи Фаронса муайян кардаанд. Чунин нуқтаи назар аз ҷониби илм кайҳо рад карда шуда буданд, аммо ин бе шубҳа, байни Фаронса дар шимоли Луара (мустамлика кардаи франкҳо)  ва Ҷанубу Ғарбии Фаронса, ки онро Прованс меномиданд ва он ҷое, ки аҳолии галло-римӣ бартарӣ доштанд, фарқиятҳои бисёр вуҷуд доштанд ва ҳоло ҳам вуҷуд доранд. Дар ин минтақаҳо то асрҳои XIV-XV.  Ду  халқиятҳои ба ҳам наздик ташаккул ёфт: франсавиёни шимол ва франсавиёни ҷануб (провансалӣ), ки аз ҳамдигар бо забон (фаронсавӣ ва провансалӣ). Хусусиятҳои иҷтимоию иқтисодӣ, пеш аз ҳама сохти аграрӣ, шароити меҳнат ва зиндагӣ фарқ мекарданд. Фаронсавиёни шимол ва ҷануб  дер боз ба як миллате муттаҳид шуданд, ки бо забони ягонаи фаронсавӣ ҳарф мезананд, аммо тафовути  байни шимол ва ҷануб комилан аз байн нарафтааст. Дар Фаронсаи муосир, шимол ва шимолу шарқ минтақаҳои саноати аз ҷиҳати рушдёфта мебошанд, ҷануб ва бахусус ҷанубу ғарб асосан минтақаҳои аграрӣ мебошанд.
Дар ғарб аз роҳҳои Гавр-Марсель (ки Фаронсаро аз шимол ба ҷануб тақрибан нисф ҷудо мекунад) танҳо 15% иқтидори саноатии миллиро дар бар мегирад. Ҳатто аз ҷиҳати сиёсӣ, Фаронсаи Шимолӣ аз Фаронсаҳои Ҷанубӣ фарқ мекунад: дар ҷануб анъанаҳои зидди динӣ ва анъанаҳои радикалӣ - ҷумҳуриявӣ қавитаранд. Албатта, ҳамаи ин хусусиятҳо танҳо бо мероси галлҳо ё франкҳо алоқаманд буда наметавонанд. Аммо маълум аст, ки шароите, ки аҷдодони фаронсавии муосир миллат ва давлати худро бунёд кардаанд, наметавонанд ба ҳаёти наслҳои онҳо таъсир расонанд.

Исоқов Маҳмадлатиф,
ходими илмии
Шуъбаи Аврупо ва Америкаи
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ
Последнее изменение Сешанбе, 29 Июн 2021