Нусхаи чопи
Имрӯз муовини якуми Вазири  корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид Абдурраҳмон ар-Рушайдонро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот масъалаҳои густариши бештари муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар заминаҳои гуногун баррасӣ шуда, пиромуни ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.
Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ба Сафири нави Арабистони Саудӣ дар фаъолияти дипломатияш дар Тоҷикистон орзуи комравоӣ намуд.