wrapper

Нимҷазираи Корея дар минтақаи Осиёи Шарқӣ ҷойгир буда, як кишвари пешрафтаи минтақа ба ҳисоб меравад, ки дорои аҳамиёти сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ-фарҳангӣ ва амниятӣ мебошад. Нимҷазираи Корея баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар соли 1948 ба ду қисм, Кореяи Шимолӣ ва Кореяи Ҷанубӣ, тақсим шуд. Баъд аз ин тақсимот ин ду кишвар низомҳои сиёсиву иқтисодии гуногунро интихоб карда, суръати рушди аз ҳам фарқкунанда доштанд. Кореяи Ҷанубӣ дар минтақа нақши хосса дорад, зеро ин кишвар дар давраи истиқлолият ба пешрафтҳои бузурге ноил гардидааст. Дар замони муосир аз ҷиҳати техникаю технология ва иқтисодиёт кишвари тараққиёфта ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Корея бо зиёда аз 189 кишвари дунё муносибатҳои сиёсиву дипломатии худро барқарор намудааст.
Дар замони муосир рушди техникаю технология, бо мурури вақт, рақобатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва бархурди манфиатҳо миёни кишварҳо зиёд гардида, кишварҳои манфиатхоҳ дар он майдони сиёсӣ то рафт фаъол гардида истодаанд. Ҷумҳурии Корея ҳамчун бозингари сиёсии минтақавӣ дар ин майдон ворид шуда, манфиатҳои миллии худро дар ин рақобатҳо ҳифз менамояд. Бояд зикр кард, ки ин кишвар равобити дипломатию сиёсии худро бо ҳамаи минтақаҳо барқарор намуда, тариқи консепсияи пешгирифтаи худ амал менамояд. Яке аз минтақаҳое, ки аҳамияти сиёсию иқтисодӣ дошта, дорои захираҳои энергетикию зеризаминӣ мебошад, ин минтақаи Шарқи Миёна ва Наздик мебошад ва Кореяи Ҷанубӣ ба он таваҷҷуҳ дорад.
Тибқи маълумотҳо минтақаи Шарқи Наздик дорои захираҳои бойи зеризаминӣ аз қабили газу нефт, канданиҳои фоиданок ва ғайраҳо мебошад. Кишварҳои ин минтақа маҳз бо ин дороияшон машҳур гардидаанд. Рақобатҳои сиёсию иқтисодӣ дарак аз он медиҳанд, ки кишварҳои манфиатхоҳ аз ин минтақа беканор набуда, пайваста талоши ба даст овардани манфиат намуда, аз ҳар гуна роҳҳову усулҳо истифода хоҳанд бурд. Зеро дар шароити кунунӣ талабот нисбат ба нефту газ ва захираҳои обию энергетикӣ, рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст. Ҷумҳурии Корея ба қатори дигар кишварҳо ба ин минтақа таваҷҷуҳ дошта, ҷиҳати дарёфти манфиатҳои иқтисодии хеш пайваста талош мекунад. Ҷиҳати дарёфти манфиатҳо, Ҷумҳурии Корея ба кишварҳои Халиҷи Форс таваҷҷуҳ намуда, бо ин кишварҳо муносибатҳои дипломатии худро барқарор намудааст. Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Халиҷи Форс дар давраи солҳои 1962-1980 зери таъсири шадиди воқеии ҷанги сард барқарор гардида, Кореяи Ҷанубӣ ва ҳамаи кишварҳои минтақа дар сиёсати хориҷӣ, самти амрикоиро интихоб намуданд. Дар ибтидо Кореяи Ҷанубӣ ба кишварҳои Халиҷи Форс таваҷҷуҳ надошт, вале дар мобайнҳои соли 1970 дар партави рушди босуръати иқтисодиёти Кореяи Ҷанубӣ, зарурати барқарор ва рушди робитаҳо бо кишварҳои дорои захираҳои нефтӣ ба миён омад[1].
Таваҷҷуҳи нимҷазираи Корея асосан ба рушди иқтисодиёт ва энергетика бештар равона гардидааст. Дар авалҳои соли 1960 Кореяи Ҷанубӣ дар рушди иқтисодиёти худ як ҷаҳиши бузург бо номи “Муъҷизаи иқтисодии Корея”-ро анҷом дод. Кореяи кӯҳнае, ки қафомонда ба назар мерасид, аз як кишвари ҷаҳони сеюм бо ҷамъияти анъанавӣ ба як кишвари нави замонавии пешрафтаи Корея мубаддал гашт. Ин дигаргунӣ яксоата набуд, вале бо суръат гузашт, ки дар таърихи ҷаҳонӣ қариб ки ҳамто надошт. “Муъҷизаи иқтисодии Корея” на танҳо бо шарофати  бо диққат нақша кашидани рушди иқтисодиёт, балки натиҷаи фаъолияти ҳамаи ҷамъияти Корея, муносибати аъзоёни ӯ бо якдигар ба ҷаҳони беруна имконпазир мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Корея тавонист чунин як усули рушди иқтисодиро дарёфт намояд, ки ба табиати миллии ҳаёти одамони Корея мувофиқат мекард.
Роҳбари ҳамонвақтаи Ҷумҳурии Корея Пак Ҷон Ҳи (1963-1979) ба минтақаи Шарқи Наздик бо мақсади таъсис додани муносибатҳои судманд дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, ҳарбӣ-сиёсӣ ва паст шудани вобастагии кишвар аз ИМА таваҷҷуҳ намуд. Дар давраи солҳои 1980-1990 фаъолгардонии ҳамкориҳои Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Халиҷ афзалиятҳо асосан дар соҳаи энергетика ва сохтмон қайд карда шуд, вале мавқеи сиёсии Кореяи Ҷанубӣ дар минтақа хело маҳдуд буд. Вазъият дар соли 2000 аз сабаби оғози дигаргуниҳои бунёдӣ дар фазои геополитикии Шарқи Наздик тағйир ёфт[2]. Мавриди зикр аст, ки сиёсати Ҷумҳурии Корея аз он иборат аст, ки мақомоти он принсипҳои муносибатҳои бисёрсамтаро бо кишварҳои тамоми дунё риоя мекунад. Яке аз мақсадҳои асосии сиёсати хориҷии Кореяи Ҷанубӣ ин рушд додани муносибатҳо бо кишварҳои Шарқи Наздик мебошад. Гузашта аз ин, ҳамкориҳо на танҳо дар соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ, балки нефту газ, ҳарбӣ, тиҷоратӣ, молиявӣ ва энергетикиро дар бар мегирад. То солҳои 1970-ум Шарқи Наздик чандон муҳим набуд, дар тӯли ин солҳо нимҷазираи Корея дар минтақа манфиатҳои маҳдуд дошт. Рушди иқтисодии Ҷумҳурии Корея аҳамияти Шарқи Наздикро барои нимҷазираи Корея зиёд намуд. Дар нимаи соли 1970 ширкатҳои Кореяи Ҷанубӣ дар лоиҳаҳои бузурги сохтмонии Шарқи Наздик фаъолияти худро шуруъ намуданд, ки дар натиҷа ҳаҷми тиҷорат ва хариди нефт аз минтақа зиёд гардид. Сеул аз ҳама гуна сиёсате, ки метавонад фаъолияти онро дар минтақа зери хатар гузорад, худдорӣ менамояд. Масалан, худдорӣ намудан аз ҳама гуна дахолатҳои ҳарбӣ дар минтақа ва дар муносибат бо Исроил сиёсати эҳтиёткорона дорад, то ки ба тиҷорати худ бо давлатҳои арабии Шарқи Наздик хатар эҷод накунад. Дар миёнаҳои солҳои 1990-ум  то ҳазорсолаи нав Корея тиҷорати худро бо Шарқи Наздик бо иштироки бештар дар минтақа, аз ҷумла равона кардани қувваҳои ҳарбӣ ба Ироқ ва қувваҳои сулҳҷӯёна ба ҷануби Лубнон зиёд намуд[4].
Бо ҳуҷуми Ироқ ба Кувайт (1990) ва оғози ҷанг дар Халиҷи Форс (1990-1991) робитаҳо қатъ гардиданд. Ин ҳуҷум на танҳо муносибатҳои Кувайтро бо Ҷумҳурии Корея пароканда намуд, инчунин ба қатъшавии таъмини нефт оварда расонд, ҳатто муносибатҳои Кореяро бо ҳамаи кишварҳои минтақа, аз ҷумла, бо Арабистони Саудӣ зери хатар гузошт. Аз ин сабаб Кореяи Ҷанубӣ дар ҳайати байналмилалии зиддиироқӣ ворид шуд ва ба он кумак расонида, кормандони хизматии худро ба минтақаи ҳолати ҷангӣ дар доираи амалиёти “Туфон дар биёбон” равон намуд[3].
Манфиатҳои Ҷумҳурии Корея равшан мебошад, вале дар муносибат бо Кореи Шимолӣ дар ояндаи наздик муносибатҳоро бояд густариш дод. Ҳамин тариқ Корея бояд таҳримҳо ва хариду фурӯши маҳдуд бо Эронро бо назардошти нархномаи зарурӣ ба даст орад. Тамоюлҳои монанд дар муносибати Корея бо дигар кишварҳои арабии монархӣ дида мешавад. Тибқи натиҷаҳои боздиди Президенти Ҷумҳурии Корея Мун Ҷе Ин аз Аморати Муттаҳидаи Араб дар моҳи марти соли 2018 ҷонибҳо як қатор созишномаҳоро дар соҳаи энергетика ва сохтмон ба имзо расониданд. Бояд қайд намуд, ки ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ самти муҳими муносибатҳои дуҷониба боқӣ мемонад ва ба Корея имкон медиҳад, ки як қатор афзалиятҳои иқтисодӣ бар ивази таҷҳизоти ҳарбии кишварҳои Халиҷро ба даст орад. Ҳамин тариқ ҳамкориҳои энергетикии Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Халиҷи Форс таҳти назорати шадиди омилҳои сиёсии хориҷӣ, аз ҷумла муноқишаҳои шадид дар Шарқи Наздик, аз қабили ихтилофоти Фаластин-Изроил рақобати Арабистони Саудӣ ва Эрон барои роҳбарии минтақавӣ идома ёфта истодаанд.
Дар чунин шароит Кореяи Ҷанубӣ пеш аз ҳама асосан ба субот ва кафолати интиқоли нафту газ аз минтақаи Халиҷ манфиатдор аст, то муносибатҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ бо кишварҳои минтақа ва мавқеи сиёсии худ дар минтақаи Халиҷ мустаҳкам кунад. Яке аз дастовардҳои бузурги иқтисодиву сиёсии Корея дар минтақа ин лоиҳаи энергетикии ядроӣ дар Аморати Муттаҳидаи Араб  буд, ки онҳо дар моҳи декабри соли 2009 бурд намуданд. Ин шартнома бо Аморати Муттаҳидаи Араб дар ҳаҷми 40 миллиард доллари амрикоӣ моҳиятан ба тиҷорат бо Шарқи Наздик таъсир расонд[7]. Шартномаи мазкур ба Кореяи Ҷанубӣ имконият дод, то ба бозори неругоҳи ҳастаӣ ворид шавад, ки дар он Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Япония, Россия, Чин ва Фаронса бартарӣ доштанд. Қобили қайд аст, ки айни замон дар минтақаи Шарқи Наздик нооромиҳо ва вазъияти басо ногувор вуҷуд доранд. Ин ҳолат, албатта нақши манфии худро дар муносибатҳои сиёсию дипломатӣ дар минтақа мегузорад. Асоси муносибатҳои иқтисодии минтақаи Шарқи Наздикро содироти нефту газ ташкил медиҳад. Кишварҳои манфиатхоҳ дар ин минтақа маҳз барои ба даст овардани манфиатҳои иқтисодӣ бо ин минтақа робитаҳои дипломатию сиёсӣ ва иқтисодии худро рушд медиҳанд. Сарфи назар аз вазъияти минтақаи Шарқи Наздик, бозингарони сиёсӣ пайваста кӯшиш менамоянд, то равобити худро дар минтақа дар мувозинат нигоҳ доранд. Вале вазъияти мураккаби минтақаи Шарқи Наздик ба аҳдофи иқтисодии Кореяи Ҷанубӣ дар Шарқи Наздик таҳдид мекунад.
Дар соли 2015 мулоқотҳои сатҳи баланд миёни намояндагони Ҷумҳурии Корея ва Аморати Муттаҳидаи Араб, Кувайт ва Қатар баргузор гардид. Бардоштани як қатор таҳримҳо аз Эрон дар соли 2016 ба Кореяи Ҷанубӣ имкон дод, ки ҳузури дипломатӣ ва иқтисодии худро дар кишварҳои минтақа пурзур намояд вале таҳримҳоро Трамп барқарор кард[6]. Тамоюлҳои монанд дар муносибати Корея бо дигар кишварҳои монархиявии арабӣ дида мешавад. Масалан дар натиҷаи боздиди президенти Ҷумҳурии Корея Мун Ҷе Ин дар Аморати Муттаҳидаи Араб дар моҳи марти соли 2018 ҷонибҳо як қатор шартномаҳо дар соҳаи энергетика ва сохтмон ба имзо расониданд. Қайд кардан зарур аст, ки ҳамкориҳои низомӣ-техникӣ яке аз самтҳои асосии муносибатҳои дуҷониба боқӣ мемонад ва ба Корея барои ба даст овардани як қатор афзалиятҳои иқтисодӣ, дар тиҷорати лавозимоти ҳарбӣ дар кишварҳои Халиҷ медиҳад.
Эрон низ яке аз кишвари дорои захираҳои табиӣ ба монанди нефту газ дар минтақа ба шумор меравад. Аз ин рӯ Ҷумҳурии Корея бо Эрон дар соли 1962 муносибатҳои сиёсию дипломатӣ, иқтисодӣ, энергетикиро ба роҳ мондаантд. Ҳаҷми тиҷорат миёни Кореяи Ҷанубӣ ва Эрон дар соли 2000-ум хело ночиз буд, вале баъдан ҳамкориҳои дуҷонибаи энергетикӣ бо суръат шиддат гирифт, ки ба коҳиш додани нафту гази кишварҳои арабии Халиҷи Форс дар Ҷумҳурии Корея мусоидат кард. Ҷорӣ намудани таҳримҳои байналхалқӣ бар зидди Эрон дар соли 2012 сабаби  паст гардидани содироти нафти эронӣ то 10-15% гардид. Сеул бо назардошти таҳримҳо кӯшиш мекунад, ки интиқоли нафт аз Эронро нигоҳ дорад ва Ҷумҳурии Корея маҷбур шуд, ки захираҳои нафтии худро аз ҳисоби афзоиш додани тиҷорат бо шарикони арабӣ пур намоянд. Дар асл, бӯҳрони байналмилалие, ки бар сари барномаҳои ядроии Эрон рух дод,  ба кишварҳои узви Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс иҷозат дод, ки на танҳо мавқеи худро дар бахши энергетикии Ҷумҳурии Корея мустаҳкам намояд, балки дар инкишофи ҳамкориҳои дуҷонибаи сиёсиву иқтисодӣ такони нав мебахшад. Ба ин Арабистони Саудӣ мисоли равшан шуда метавонад. Дар моҳи марти соли 2015 Президенти Кореяи Ҷанубӣ Пак Кин Хе сафари расмӣ ба Эр-Рияд анҷом дод, ки дар доираи он бо подшоҳи Салмон Ибн Абдул Азиз Ал Сауд вохӯрӣ намуд. Пак Кин Хе қайд намуд, ки Арабистони Саудӣ ҳамчун бузургтарин таъминкунандаи сӯзишворӣ ва шарики тиҷоратии Ҷумҳурии Корея буда, барои кишвари хеш аҳамияти бузург дорад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҷонибҳо муносибатҳои дӯстона дошта, асосан манфиатҳои иқтисодии тарафҳо бо ҳам мувофиқанд ва барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои гуногун доир ба принсипҳои эътимодноки тарафайн изҳори умед намуданд. Дар навбати худ шоҳ Салмон ташаббусҳои Ҷумҳурии Кореяро дастгирӣ намуд. Дар фарҷоми ин мулоқот ҷонибҳо ду меморандум оид ба ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ ба имзо расониданд[5].
Ҳамин тариқ муносибатҳои энергетикии Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Халиҷи Форс зери таъсири пуршиддати омилҳои сиёсати хориҷӣ қарор дорад, аз ҷумла ихтилофоти зиёд дар Шарқи Наздик ва муноқишаи Фаластину Исроил, рақобат миёни Арабистони Саудӣ ва Эрон барои роҳбариятии минтақавӣ таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Дар чунин шароит Ҷумҳурии Корея асосан ба субот ва кафолати интиқоли нефту газ аз минтақаи Халиҷ манфиатвор буда, роҳи густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи судманди иқтисодӣ бо кишварҳои минтақа ва таҳкими мавқеъи сиёсии худ дар минтақаи Халиҷро пеша намудааст.
Хулоса, метавон гуфт, ки вазъияти кунунии Минтақаи Шарқи Наздик хеле нигароникунанда мебошад, вале ба ин нигоҳ накарда муносибатҳои дипломатию иқтисодӣ, тиҷоратӣ, энергетикӣ миёни Кореяи Ҷанубӣ ва кишварҳои ин минтақа идома дошта, пайваста баҳри рушди ин муносибатҳо кушишҳои зиёд ба харҷ дода мешавад. Ҷониби Корея кӯшиш менамояд, ки бо ин минтақа ҳамкориҳоро дуруст ба роҳ монад ва бо ин роҳ манфиатҳои худро дар соҳаҳои иқтисодӣ, энергетикӣ, махсусан нафту газ ҳифз намояд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳар як бозингари сиёсӣ дар ин минтақа бештар ба манобеи энергетикӣ таваҷҷуҳ намуда, кушиш мекунанд аз он манфиати бештар ба даст оваранд. Ҷумҳурии Корея низ истисно нест ва дар оянда мо шоҳиди ҳузури бештари сиёсиву иқтисодии он дар минтақаи Шарқи Наздик хоҳем шуд.
Барои боз ҳам тақвият додани ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Шарқи Наздик ҷонибҳо метавонанд ба самтҳои дигари ҳамкориҳо таваҷҷуҳи хешро равона созанд. На танҳо самтҳои сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодиёт, балки илмӣ-техникӣ, маънавӣ-фарҳангӣ, тиҷорат, иҷтимоиёт ва сайёҳӣ дар муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба нақши муҳим мебозанд.
 
Адабиёт:
  1. Политика Южной Кореи в отношении Ближнего Востока - рассматривая исторические перспективы и оценивая политику Южной Кореи на Ближнем Востоке). [Electronic resource]. URL: http://www.
  2. “Влияние внешнеполитических факторов на энергетичесое сотрудрудничество Республики Корея и стран Персидского Залива”
  3. Levkowitz A. Korea and the Middle East Turmoil: A Reassessment of South Korea – Middle East Relations. [Electronic resource]. type=la0202e37d52c72d&control_no=f92e2e6c6f34ac8dffe0hdc3ef48d419 (mode of access: 16.04.2018).
  4. Алон Левковитц “Беспорядки на Ближнем Востоке (арабские восстания), которые начались в Тунисе и охватили через Египет, Сирию и другие части Ближнего Востока, продолжает дестабилизировать режимов в регионе.” Том Июни соли 2012. Саҳ 225-238
  5. В.В Хренов, В.В. Ситников «Влияние внешнеполитических факторов на энергетическое сотрудничество Республики Корея и стран Персидского Залива» 27.09.2018
  6. Восток и политика Кореи в отношении Ирана после снятия санкций). [Electronic resource]. URL: http://kamesl979.or.kr/cont/105/tabl_file/2012 063301-20121204215310.pdf (mode of access: 05.2018).
  7. Новости BBC, «Южная Корея выигрывает ядерный контракт», http://news.bbc.co.uk/go/pr/fr/-/2/hi/
 
 
Файзуллоева Нигора,
ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо
 
Последнее изменение Панҷшанбе, 28 Октябр 2021
 
http://www.zoofirma.ru/