wrapper

Тавре огаҳӣ дорем, Шавкат Мирзиёев рӯзи 24 октябр бо касби бештари раъйи мардум дубора президенти Ӯзбекистон интихоб шуд. Собит гардидааст, ки  сафари аввалини сарвари нав ва ё дубора интихобшудаи  ҳар  як  давлат ба хориҷа ҳамеша, аҳамияти бузурги рамзӣ дорад. Маъмулан президентони тозаинтихобгардидаи фазои пасошȳравӣ  кȳшиш  мекунанд, ки  сафари аввалини худро ба Федератсияи Россия анҷом диҳанд. Зеро, ин кишвар дар ҷаҳон дар қатори ИМА ва ҶХХ нақши калидиро ҳамчун  абарқудрати  минтақавӣ  иҷро мекунад. Ш. Мирзоев низ ин анъанаро вайрон накарда, 19 ноябри соли 2021 ба Москва сафар намуд.
Аз ин лиҳоз, бо итминони комил  метавон гуфт, ки сафари Ш. Мирзиёев 19 ноябри соли 2021 ба Федератсияи Россия  ва вохȳриҳояш  бо В. В. Путин  дар сиёсати берунаи  Ҷумҳурии Ӯзбекистон нақши  муҳим дорад. Дар ҳошияи  ин сафар байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 18 санад, аз ҷумла Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти иттилоотии байналмилалӣ; Барномаи маҷмӯавии ҳамкорӣ байни ҳукуматҳои ду кишвар барои солҳои 2022-2026; Ёддошти тафоҳуми байниҳукуматӣ оид ба амнияти биологӣ; Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, барномаи ҳамкориҳои вазоратҳои хориҷаи ду кишвар барои солҳои 2022-2023; созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Фонди сармоягузории мустақими Россия ва Фонди сармоягузории мустақими Ҷумҳурии Ӯзбекистон; созишномаи қарзӣ байни Иттиҳоди давлатии рушди Федератсияи Россия ва Корхонаи кӯҳӣ-металлургии Олмалиқ барои маблағгузории сохтмони корхонаи коркарди  мис дар шаҳри Олмалиқ; созишномаи қарзӣ байни Иттиҳоди давлатии рушди Федератсияи Россия ва Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекнефтегаз»  барои  маблағгузории  таҳвили маҳсулоти Россия, кор ва хидматҳо;  созишнома байни Бонки универсиалии тиҷоратии Россия ва Вазорати рушди иқтисоду коҳиши камбизотии Ӯзбекистон; тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни Агентии рушди стратегии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва як қатор ташкилоти Россия, аз ҷумла Агентии ташаббуси стратегӣ оид ба пешбурди лоиҳаҳои нав, ба имзо расиданд.
Дар маҷмуъ, президентҳои ҳарду кишвар сатҳи баланди муносибатҳои дуҷонибаро, ки бар асоси шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ асос ёфтаанд, муқаррар карда, таъкид бар он намуданд, ки ба тавсеаи минбаъдаи  ҳамкориҳои тиҷоратию  иқтисодӣ ва сармоягузорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд. Вохӯрӣ дар фазои самимӣ ва дӯстона сурат гирифт.
Бояд гуфт, ки Россия яке аз шарикони пешбари тиҷоратии Ӯзбекистон буда, дар гардиши савдои хориҷии он ҷои дуюмро ишғол мекунад.  Тибқи омори расмӣ  соли 2020 гардиши  мол  тақрибан 16 дарсад  афзоиш  ёфта, ба 6 миллиард доллар  наздик шуд ва дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ рушди он беш аз шаш дарсадро ташкил додааст.
 
Шозедов Х.Н.
ходими илмии шуъбаи ОМ
ИОМДОА АМИТ
 
http://www.zoofirma.ru/