wrapper

Интихоботи парлумонӣ, ки дар Олмон 26 сентябри соли 2021 баргузор шуд, мувозинати қаблии нерӯҳои сиёсиро дарбундестаги 20-ум тағйир дод. Даровоздиҳӣ, кикариб 76 фоизи интихобкунандагон иштирок карданд, Ҳизби Сотсиал-Демократии Олмон бо 25,7 дарсади овозҳо ғолиб омада, иттиҳоди Баъд аз интихоботи соли 2021-и Бундестаг Ҳизби Озоди Демократи Олмон, «Сабзҳо»-ро ташкил дод. Ин се ҳизб қарор карданд ҳукуматро бо канслери федералӣ Олаф Шолтс дар чор соли оянда идора намоянд. 
 
Ва инак, 8 декабр Канслери нави Ҷумҳурии Федеративии Олмон сиёсатмадори сотсиал-демократ Олаф Шолтс (Olaf Scholz) интихоб гардид. Ба тарафдории ҷойгузини Ангела Меркел (Angela Merkel), ки ҳукумати Олмонро 16 соли охир сараврӣ мекард, 395 вакили Бундестаг овоз доданд. Баъдтар президентиОлмон Франк-Вальтер Штайнмайер (Frank-Walter Steinmeier) ба Шолтс дар Кохи Белвшаҳодатномаи расимии канслерросупурд.
Тибқи моддаи 63 Қонуни Асосии ҶФО, канцлерродар асоси натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ парламент - бундестаг –интихоб карда, барои тасдиқ ба президенти федералӣ пешниҳод мекунад.Он кас ба сифати канслер интихоб мешавад, ки на кам аз 369 овозро ба даст орад. Шолтсба шарофати дастгирии ҳизби худ – Ҳизби Сотсиал-демократии Олмон ва «Сабзҳо» ва Ҳизби озоди демократӣ 395 овоз ба даст овард ва дар натиҷа ин се ҳизб ҳукмати нави эътилофӣ ташкил намуданд.
Колатсияи сеҳизбӣ барои Олмон чизи нав аст, тӯли чанд даҳсола эътилофи дуҳизбӣ Олмонро идора мекард. Аммо натиҷаҳои интихобот ин суннатро иҷоза надод. Зимнан, дар гузашта Ҳизби Озоди Демократӣ ва Ҳизби «Сабзҳо» аксаран ҳамчун ҳизбҳои оппозитсионӣ шинохта мешуданд.
Олаф Шолтс нуҳумин канслери Олмонба ҳисоб меравад. Сиёсатмадор, соли 1958 дар Оснабрюк таваллуд шуда, дар риштаи ҳуқуқ таҳсил кардааст, хидмати алтернативии ҳарбиро адо карда ва ба ҳайси ҳуқуқшинос кор кардааст. Шолтс ду маротиба – аз соли 1998 то 2001 ва аз 2002 то 2011 вакили Бундестаг буд. Азсоли 2007 тосоли 2009 дар вазифаи вазири меҳнат дар ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон, аз соли 2011 то соли 2018 бургомистри Ҳамбург ва аз моҳи мартисоли 2018 роҳбарии Вазорати молияи Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва ҳамзамон ноиби канслер шуда кор мекард. Ин собиқ адвокат сиёсатмадори пуртаҷриба, ки ҳанӯз дар 17-солагӣ ба сафи ҳизби сотсиал демократӣ пайваста буд, аллакай чанд сол боз худро ҷойгузини Ангела Меркел медонист, менависад нашрияи Die Welt. 
Зимнан, Шолтс соли 2000, дар замони Шрёдер, ба раисии Ҳизби сотсиал-демократ расида буд ва матбуоти олмонӣ Герхард Шрёдерро мураббии ӯ ба ҳисоб оварданд.
Сардабири Hamburger Abendblatt Ҳайдер, ки китоби ӯперомуни тарҷимаи ҳоли Шолтс (Scholz) санд рӯз пеш ба забони олмонӣ нашр шуд, гуфт, ки танҳо аз он сабаб, ки канслери нав ба Меркел монанд аст, маънои онро надорад, ки ӯ сиёсати ӯро идома медиҳад. Меркел пешвое буд, ки ба эҳсосоти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ такя мекард. Шолтс хеле қатъитараст. "Вай ҳадафҳои равшан дорад ва вазифаҳое дунбол мекунад, ки ӯ барои ноил шудан ба онҳо нигаронида шудаанд [...]. Агар коре натиҷа надиҳад, ӯ мегӯяд:" Хуб, дафъаи оянда беҳтаркормекунам " – менависад Ҳайдер.
Вақте ки соли 2005 Меркел ба ҷои Шредер омаду в  авваин  эътилофи худро бо сотсиал-демократҳо созмон Шольц вазифаи вазири меҳнатро ишғол кард ва узви ҳукумате буд, ки кишварро аз буҳрони сахти молиявӣ гузаронд. Соли 2011 ӯ мири Ҳамбург интихоб шуда, хеле шуҳрат ёфт, кӯдакистонҳои роёгон кушод, ба иҷрои барномаи густурдаи сохтмони манзил парохт. 
Соли 2018 Шолтс дар дувумин эътилофи бузурги Ангела Меркел вазири молия ва ҳамчунин ноиби канслер эинтихоб шуд.
Дар сиёсати хориҷӣ ҳукумати нав эълом дошт, ки ба асосҳои озмудаи уҳдадориҳои аврупоӣ, дӯстӣ бо Фаронса, шарикӣ бо ИМА ва пойбандӣ ба сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷаҳон такя мекунад. Ин равиши бисёрҷониба ҳамчунин ба таҳкими Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаҳои сиёсӣ, молӣ ва кадрӣ такя хоҳад кард. Ҳукумати нав ҳамчунин дар нақша дорад дар соҳаи ҳифзи иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ пешоҳанг бошад.
Ҳукумати муттаҳида лоиҳаҳои сиёсати дохилиии худро зери шиори «Аз дастёбии бештар наҳаросед» таҳия кардааст, ки мавзӯъҳои асосии он инҳоянд:
Мубориза бо тағйири иқлим. То соли 2030 Олмон бояд 80 дарсади нерӯи барқро аз манбаъҳои таҷдидпазир истеҳсол намояд. Ин рақам тибқи нақшаи қаблӣ ба 65 баробар буд. «Хориҷ шудан аз ангишт» то соли 2030 бояд муяссар гардад.
Ҳадди ақалли музди маош то 12 евро дар соат баланд мешавад. Ҳоло он 9,60-ро ташкил медиҳад. Ин афзоиш ба 10 миллион нафар дахл мекунад.
Барои ҳамаи хатмкунандагони мактабҳо кафолати таълими касбӣ. Ислоҳот ба кумак молӣ ба омӯзиш – судаи донишҷӯӣ ба амл меояд.
Салоҳияти синнӣ бояд дар интихоботҳои федералӣ ва аврупоӣ ба 16 фароварда шавад. ин алҳол 18 аст.
Фирориён бояд дар оянда бе душворӣ пайвандони худро ба Олмон оварда тавонанд. Раванди пайвастан ба оила барои ин гурӯҳ бояд осон кардашавад.
Ҳаҷми нафақа бояд собит монад. Дар Олмон нафақа то ҳол тибқи низоми тақсимотӣ маблағгузорӣ мешавад. Дар оянда бимаи нафақа то андозае аз ҳисоби маблағгузорӣ дар бозори сармоя таъмин мегардад.
Ба таҳқиқот ва ихтироот маблағи бештар равона мешавад. Ҳиссаи хароҷот аз маҷмӯи маҳсулоти дохила тақрибан аз 3,2 дарсад то 3,5 дарсад (110 миллион евро) афзоиш меёбад.
 
                                                                                    Кайхусрави Субҳонзод, ходими илмии Институти омӯзиши
масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо
 
 
http://www.zoofirma.ru/