wrapper

  Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки 10 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе ба ифтихори 30-солагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро таҳти унвони “Осиёи Марказӣ ва ИДМ – 30 соли ҳамкорӣ: таърих, дастовард ва дурнамо” баргузор менамояд.
  Дар конференсия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор мегиранд:
  • Заминаҳои қонунӣ, омилҳои пайдоиш ва тамоилҳои  рушди ИДМ
  • Рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ    бо   кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи амният ва муқовимат бо чолишҳо ва таҳдидҳои нав.
  • Имкониятҳо ва дурнамои рушди ҳамгироии кишварҳои ИДМ.
  • Нақши ИДМ дар рушди иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ.
  • Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баланд бардоштани эътибор ва ҷаҳоншавии ИДМ.
  • Ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчӯбаи ИДМ 
  • Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ИДМ алайҳи мубориза бо радикализми сиёсӣ ва терроризми байналхалқӣ.
  Дар кори конференсия иштироки олимон, коршиносон, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар назар дошта шудааст.
  Забони кории конференсия: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.
  Риояи меъёрҳои навиштани мақолаи илмӣ ҳатмист. Ҳаҷми мақола набояд аз 8- саҳифа (формати- А4) зиёд бошад. Мақола бо шрифти  Тimes New Roman TJ, андозаи ҳарф -14 ва фосилаи байни сатрҳо 1,5 пешниҳод гардад.
  Муҳлати қабули мақолаҳо-то 10 майи соли 2022.
  Нишонӣ барои ирсоли мақолаҳо: Шуъбаи Осиёи Марказии ИОМДОА АМИТ, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33.
  Телефонҳо барои тамос: 221-03-28, 227-05-76,
  Почтаи электронӣ: nekbaht2004@mail.ru
 
 

                                                                     Замима

                                      Дархост

барои иштирок дар Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ ба ифтихори 30-солагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони “Осиёи Марказӣ ва ИДМ – 30 соли ҳамкорӣ: таърих, дастовард ва дурнамо”

Ному насаб

 

 

Дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ

   

Маълумотномаи мухтасари биографӣ

 

Ҷойи кор, вазифа (номи пурра)

 

Нишони хизматӣ ва рақами телефон

 

Суроғаи зист ва рақами телефон

 E-mail,

рақами телефони мобилӣ

 

Соҳаи илм

 

 

Мавзӯи маърӯза дар симпозиум (бо нишон додани бахш)

 

 

Иттилооти иловагӣ

 

 

 
 
 
 
http://www.zoofirma.ru/