Нусхаи чопи
  Санаи 17 майи соли ҷорӣ дар Шӯрои дифои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупо ва Амрикои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Шозиёева Гулмо Парвонашоевна рисолаи докториашонро дар мавзуи "Масъалаҳои таҳқиқи муқоисавии адабиёти форсии тоҷикӣ ва англис (дар асоси осори А. Фирдавсӣ ва В. Шекспир)" муваффақона дифоъ намуданд.
 
                                                         

  Ҷиҳати ин дастоварди илмӣ Раёсат ва ҳайати кормандони Институт ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупо ва Амрико Шозиёева Гулморо самимона табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳои беназирро таманно мекунанд.