МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки 7 октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони “Ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ” баргузор менамояд.
Дар конференсия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор мегиранд:
- Ҳамкориҳои илмиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо.
- Ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо.
- Нақши САҲА дар низоми амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ.
- Стратегия ва манфиатҳои геополитикии Иттиҳоди Аврупо ва ИМА дар Осиёи Марказӣ.
- Манфиатҳои геополитикии абарқудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ.
- Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо вобаста ба масъалаи радикализми сиёсӣ, экстремизми динӣ ва терроризми байналхалқӣ.
- Ҳамкорҳои бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид алайҳи мубориза бо радикализми сиёсӣ ва терроризми байналхалқӣ.
- Ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Осиёи Марказӣ.
- Ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмонҳои минтақавӣ.
Дар кори конференсия иштироки олимон, коршиносон, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ватанӣ ва хориҷӣ дар назар дошта шудааст.
Забони кории конференсия: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.
Риояи меъёрҳои навиштани мақолаи илмӣ ҳатмист. Ҳаҷми мақола набояд аз 8- саҳифа (фармати- А4) зиёд бошад. Мақола бо шрифти Тimes New Roman TJ, андозаи ҳарф -14 ва фосилаи байни сатрҳо 1,5 ҳуруфчинӣ гардад.
Маводи конференсия чоп мешавад.
Муҳлати қабули мақолаҳо то 10 сентябри соли 2022.
Нишонӣ барои ирсоли мақолаҳо: Шӯъбаи Аврупо ва Амрикои ИОМДОА АМИТ, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33.
Телефонҳо барои тамос: 221-03-28, 917340294
Почтаи электронӣ:
This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.