wrapper

 (дар ҳошияи конфронси байналмилалии илмӣ – амалии “Таъмини аминияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ: андозагирии сиёсӣ, иқтисодӣ ва экологӣ”-и Институти Осиё ва Аврупои АМИТ)
  Мавриди зикр аст, ки конфронс, семинар, ҷаласаву форумҳо дар ҳампайвандӣ ва ҳамгироии мардумони сайёра ва ҷомеаҳои ҷаҳон хело муҳим арзёбӣ мешавад. Ҳамаи он барои эҳёву эҷоди пайвандҳои умумии башар таҳия ва барпо мегардад, то мардумони сайёра зери соябони озодӣ, ободӣ, оромӣ, хираду дониш ва ҳамкориҳои судманду созандаи худро идома диҳанд.
  Тоҷикистон бо дарёфти Истиқлол дар таърихи 9-уми сентябри соли 1991 чун кишвари озоду соҳибихтиёр муносибати дипломатии худро бо тамоми мамолики дунё оғоз намуд. Бо вуҷуди фарозу нишебиҳои даврони Истиқлол ва сар задани кашмакашиҳои таҳмилӣ ва тахрибӣ, мардумони бохираду бофаросат, фарзандони бономусу боорият таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ватанро аз вартаи ҳалокату даҳшат раҳонида, онро дар партави Озодӣ, Оромӣ ва Ободӣ гулгуншукуфон намоянд. Ҳамин ҳадафҳои олӣ ва донишмандона буданд, ки роҳбарияти Тоҷикистон барои эҷоди ҳамкориву ҳамдилии мардумони кишвару ҷаҳон нақши созмонҳову ҷамъиятҳоро муҳим арзёбӣ карда, аз машваратҳои хубу ҳасанаи онҳо ба маврид истифода кардаанд.
  Дар ҳошияи гуфтаҳои боло, дар таърихи 04 ноябри соли 2022 дар Институти Осиё ва Аврупои АМИТ дар сатҳи баланд дар конфронси байналмилалии илмӣ - амалии “Таъмини аминияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ: андозагирии сиёсӣ, иқтисодӣ ва экологӣ” баргузор гардид. Конфронси мазкур бо ташаббуси Институти Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дастгириҳои Фонди ба номи Конрад Аденауэр дар Осиёи Марказӣ ва фонди Шоҳроҳи Абрешим-шоҳроҳи Ваҳдат баргузор карда шуд. Конфронс бо суханронии муовини президенти АМИТ проф. Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз, директори Институти Осиё ва Аврупои АМИТ Ёрмаҳмад Ниёзӣ, раиси Фонди миллии “Шоҳроҳи Абрешим – Шоҳроҳи Ваҳдат Абдуғанӣ Мамадазимов ва раиси намояндаи фонди ба номи Кондрад Аденауэр дар ОМ Ронни Ҳайне оғоз гардида, дар бахши сиёсии конфронс коршиносону муҳаққиқон Фарҳод Толипов (донишгоҳи Вебстери Ӯзбекистон), Абдуғанӣ Мамадазимов (шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти Осиё ва Аврупо) Комрон Қудратов (мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти Осиё ва Аврупои АМИТ), Гузел Майтдинова (Донишгоҳи Славияни Тоҷикистон) ва Ҷаҳонгир Нарзиев (Phd докторанти Институти Осиё ва Аврупо) суханронӣ намуданд.
  Дар бахши иқтисодии конфронс коршиносон Хоҷимуҳаммад Умаров (ДМТ), Ҳусейнбой Қиёмуддинов (шуъбаи Осиёи Марказии Институти Осиё ва Аврупо), Булат Ауэлбав (Қазоқистон), Абдураҳмон Ҳабибов (шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти Осиё ва Аврупо), Некбахт Дороншоева (мудири шуъбаи Осиёи Марказии Институти Осиё ва Аврупо), Марҳабо Раҳимова (намояндаи минтақаи озодӣ иқтисодии Суғд) ва Раҳмон Улмасов (Донишгоҳи Славянӣ) андешаву назарсанҷиҳояшонро бо маърузаҳояшон ироа намуданд.
  Дар бахши ниҳоии конфронс коршиносон Ардамеҳр Ҳалимов (Маркази Пиряхҳои АМИТ), Серик Бекмаганбетов (намояндаи МФСА дар Қазоқистон), Дмитрий Калмиков (намояндаи Музеи экологии Қазоқистон) дар бораи масоили экологӣ ва муҳити зист баромад намуданд.
  Дар конфронси “Таъмини аминияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ: андозагирии сиёсӣ, иқтисодӣ ва экологӣ” инчунин, намояндагони сафоратҳои давлатҳои Осиёи Марказии муқими Тоҷикистон, роҳбарияти созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, коршиносони мустақил, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои илмӣ ва дигар коршиносон иштирок карданд.
  Бо дарназардошти аҳамияти конфронс дар раванди он масоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва экологӣ баррасӣ гардида, таваҷҷуҳи иштирокдоронро дар баробари таъмини амнияти минтақа ба масоили иқтисодӣ ва экологии дар минтақа ҷойдошта равона намуд. Чунин ташаббус андешаи коршиносони минтақаи Осиёи Марказиро доир ба масоили таъмини амнияти минтақа ва мушкилоти иқтисодиву экологӣ ба ҳам овард ва тавсия дода шуд, ки дар шароити ба вуҷуд омада дар ҳалли мушкилоти минтақавии ҷойдошта мо бояд дастаҷамъона мубориза барем.
  Мақсади конфронси “Таъмини аминияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ: андозагирии сиёсӣ, иқтисодӣ ва экологӣ” пеш аз ҳама, ҳалли мушкилоти ҷойдошта, таҳия ва қабули стратегияҳои нави рушд ва ҳамкорӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо ниҳодҳои илмиву таҳқиқотии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар соҳаҳои таъмини амнияти милливу минтақавӣ, сиёсат, иқтисод ва экологӣ мебошад.
  Мавриди зикр аст, ки дар қисми кушодашавии конфронс миёни Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ ва Фонди ба номи Кондрад Аденауэр ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд ва ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ин анъанаи некро барои рушди ҳамкориҳо ҷиҳати ҷилавгирӣ намудан аз хатару даҳшатафканиҳо дар минтақа, ба роҳ мондан ва таҳким бахшидани ҳамкориҳои илмиву таҳқиқотии муштарак ва фароҳам овардани шароити мусоид дар хусуси муҳокимаи масъалаҳои мубрами вобаста ба минтақаи Осиёи Марказӣ ҷойдошта, идома диҳанд.
 
Қудратзода Комрон,
н.и.т., мудири шуъбаи
Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ
 
 
http://www.zoofirma.ru/