wrapper

  ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПОИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
  ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ ВАЗИФАҲОИ ХОЛӢ
 
  Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ
  1. Мудири шуъба – 1 ҷой;
  2. Сарходими илмӣ – 2 ҷой;
  3. Ходими пешбари илмӣ – 1 ҷой;
  4. Ходими калони илмӣ – 1 ҷой;
  5. Ходими илмӣ – 1 ҷой;
 
  Шуъбаи Осиёи Марказӣ
  1. Мудири шуъба – 1 ҷой;
  2. Ходими калони илмӣ – 1 ҷой;
 
  Шуъбаи Аврупо ва Америка
  1. Мудири шуъба – 1 ҷой;
  2. Ходими калони илмӣ – 1 ҷой;
  3. Ходими илмӣ – 1 ҷой;
  4. Ходими хурди илмӣ – 2 ҷой;
 
  Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздик
  1. Мудири шуъба – 1 ҷой;
  2. Ходими хурди илмӣ – 2 ҷой.
 
  Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
  Дар озмун барои ишғол намудани вазифаи холии сарходими илмӣ – шахсоне, ки дараҷаи илмии доктори илм ва доктор ҳабилитат доранд, иштирок карда метавонанд; ба вазифаи ходими пешбари илмӣ – шахсоне, ки дорои дараҷаи илмии доктори илм, доктор ҳабилитат, номзади илм ва доктор PhD – аз рӯи ихтисос, ки на камтар аз 5 (панҷ) сол собиқаи кории илмӣ доранд; ба вазифаи ходими калони илмӣ – шахсоне, ки дорои дараҷаи илмии доктори илм, доктор ҳабилитат, номзади илм ва доктор PhD – аз рӯи ихтисос ва ба таври истисно кормандоне, ки дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон на кам аз даҳ сол собиқаи кории илмӣ доранд; ба вазифаи ходими илмӣ – шахсоне, ки номзади илм ва доктор PhD – аз рӯи ихтисос ва шахсоне, ки дорои маълумоти олии касбӣ ва ҳадди аққали собиқаи кории илмӣ на кам аз 3 (се) сол дошта бошад; ба вазифаи ходими хурди илмӣ – шахсоне, ки номзади илм ва доктор PhD – аз рӯи ихтисос ва шахсоне, ки маълумоти олии касбӣ (магистр ё мутахассис) ва лаёқати пеш бурдани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ доранд.
  Инчунин донистани яке аз забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла итолиёӣ, испанӣ, индонезӣ, даниягӣ, кореягӣ, ҷопонӣ ва хитоӣ ҳатмӣ мебошад.
 
  Барои озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
  • ариза ба унвони роҳбари Институт;
  • варақаи шахсӣ (бо дасти худ пуркарда) бо 4 дона расми 3х4;
  • тарҷумаи ҳол;
  • нусхаи шиноснома;
  • нусхаи ҳуҷҷатҳо (диплом) дар бораи таҳсилот ва унвони илмӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ (шакли 038 УЕ);
  • дафтарчаи меҳнатӣ;
  • варақаи ҷои истиқомат;
  • маълумотнома дар бораи доғи судӣ;
  • папка-файл;
  • маълумотнома (CV);
  • СИН ва РМА
  Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо - 21 рӯз  баъди нашри эълон дар матбуоти даврӣ.
 
Телефон барои тамос:  221-03-40, 987-66-57-37.
 
http://www.zoofirma.ru/