wrapper

  23-24 декабри соли 2022 Вазири сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои иштирок дар даври сеюми Комиссияи байниҳукуматии муштарак байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе қарор дошт.
  24 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳро ба ҳузур пазируфтанд.
  Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.
  Баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва Форуми сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе, барои рушду тавсеаи бештари ҳамкории байнидавлатӣ дар ҳамаи соҳаҳо муҳим арзёбӣ карда шуд.
  Таъмини рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат таъкид гардида, ҷонибҳо доир ба масъалаи ҷалби сармояи Арабистони Саудӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон табодули афкор намуданд.
  Ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкорӣ дар самти сармоягузорӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуда, зарурати ба роҳ мондани ҳамкории байнидавлатии амалиро дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, дорусозӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, бунёди корхонаҳои муштарак дар ин соҳаҳо таъкид карданд.
  Дар мулоқот масъалаи рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар доираи ташкилоту созмонҳо ва хазинаву бонкҳои минтақавию байналмилалӣ низ баррасӣ гардида, саҳми Фонди Саудии Рушд дар татбиқи лоиҳаҳои барои Тоҷикистон муҳим дар соҳаҳои нақлиёт ва маорифу тандурустӣ таъкид карда шуд.
  Дар рафти суҳбат Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ аз номи роҳбарияти кишвари худ Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар бораи эълон кардани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо табрик гуфт.
  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ ба ҷониби Арабистони Саудӣ миннатдории хешро барои мусоидат ва ҷонибдорӣ аз қабули қатъномаи мазкур иброз намуданд.
  Форуми сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ барои рушду тавсеаи бештари ҳамкорӣ мусоид хоҳад кард. Ин нуктаро имрӯз Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳ пас аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
  «Дар мулоқот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф баррасӣ гариданд», — гуфт Холид Ал-Фолеҳ.
  Ба таъкиди ӯ, баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва Форуми сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе барои рушду тавсеаи бештари ҳамкории байнидавлатӣ дар ҳамаи соҳаҳо муҳим хоҳад буд.
  Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ зикр намуд, ки аз номи роҳбарияти кишвари худ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар бораи эълон кардани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо шодбош гуфт.
  Бояд тазаккур дод, ки аҳамияти густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмию техникӣ, Комиссияи муштараки Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон даври нахустини худро 26 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор намуда, даври дуюми Комиссия 1 апрели соли 2018 дар пойтахти Арабистони Саудӣ шаҳри Риёз баргузор гардид.
  24 декабр дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода ва Вазири сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Холид ал Фалиҳ ҷаласаи 3-юми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар кумитаи мазкур хабар доданд.
  Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, саноат, нақлиёт, маориф ва илм, кишоварзӣ, муҳоҷират, энергетика ва захираҳои об, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
  Зимни нишасти Комиссия аз ҷониби ҳамраисон ба мақомоти давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидории ду давлат барои тақвият бахшидани ҳамкории мутақобилан судманд ва муҳайё намудани шароити мусоид барои афзоиш додани гардиши савдои дуҷониба тавсияҳои судманд дода шуданд.
  Зимни мулоқот тарафҳо оид ба масъалаи таҳкими ҳамкорӣ дар самти ҷалби сармоягузориҳои мутақобила, ташкили корхонаҳои муштарак ва дар ин замина тақвият додани ҳамкории судманд баҳри татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ба мувофиқа расиданд.
  Аз натиҷаи кори ҷаласаи Комиссияи мазкур Протоколи ҷаласаи 3-юми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ба имзо расонида шуд.
  Ҳамчунин дар доираи ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ 24 декабр дар бинои Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ бо иштироки Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода ва Вазири сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Холид ал Фалиҳ баргузор гардид.
 
                                 

  Дар форуми мазкур намояндагони зиёда аз 200 ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, аз ҷумла энергетика, сохтмон, нақлиёт, логистикӣ, кишоварзӣ, молияву бонкдорӣ, телекоммуникатсия, суғуртакунӣ ва тиҷорат, инчунин роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ иштирок намуданд.
  Дар доираи форум ба иштирокчиён фазо ва имконияти сармоягузории ҳарду кишвар дар соҳаҳои гуногун муаррифӣ карда шуд.
  Зикр гардид, ки солҳои охир тавсеаи робитаҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ба назар мерасад, ки заминаи ин иродаи сиёсии роҳбарони ду кишвар, тақвияти ҳамкорӣ дар доираи комиссияи байниҳукуматӣ ва якчанд чорабиниҳои муҳиме, ки дар ин муддат баргузор шуданд, аз ҷумла сафарҳои сатҳи олӣ ва форумҳои сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ мебошанд.
  Ҳамзамон дар доираи форум вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорони ҳарду кишвар дар формати «Соҳибкор бо соҳибкор» (B2B) ва бахши давлатию хусусии ҳарду ҷониб баргузор гардида, масъалаҳои тиҷоратию сармоягузорӣ матраҳ карда шуданд.
  Аз натиҷаи вохӯриҳо баимзорасонии санадҳои ҳамкорӣ миёни доираҳои соҳибкории ҳарду кишвар дар назар дошта шудааст.
  Ҳамзамон пас аз қисмати расмии Форум ба сармоягузорони Арабистони Саудӣ имконият фароҳам оварда шуд, ки аз корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе боздид намоянд.
 
                                                                          Манбаъ:

таҳияи
Шаҳлохон Муродалӣ
ходими хурди илмии шуъбаи
Шарқи Миёна ва Наздик
 
http://www.zoofirma.ru/