wrapper

Хабарҳо

Таълифоти арзишманди адабиётшиноси маъруфи тоҷик, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирзо Муллоаҳмад перомуни осори мондагори Абулқосими Фирдавсӣ ҳосили ҷустуҷӯ ва заҳматҳои тӯлонии муаллиф аст, ки тавассути нашриётҳои Тоҷикистон ва берун аз кишвар ба табъ расидааст.

Дар бораи “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ – ин шоҳкори адабии тамоми асрҳо ва наслҳо илова бар иттилооти фаровон ва манобеи гуногун, мақолаҳо ва рисолаҳои зиёд аз забони мухталиф таълиф шудааст, ки агар ҳамаи онҳо дар як ҷо ҷамъоварӣ гардад, китобхонае ба вуҷуд хоҳад омад. Ҳатто абёт ва пораҳое аз пандҳои ин асари бузург борҳо ба сурати маҷмӯа гирдоварӣ ва чоп шудааст. Тахлиси “Шоҳнома” низ кӯшиши дигарест, ки машҳур аст. Оғозгари он Масъуди Саъди Салмон, шоири шӯрбахти қарни шашум будааст. Бо ин ҳама масоили ахлоқӣ дар “Шоҳонома”-и Фирдавсӣ мавриди баррасии амиқ ва ҳамаҷониба қарор нагирифта, ба арзиши ин асар аз ин дидгоҳ равшан нагардидааст. Аз ин рӯ асарњои адабиётшиноси тоҷик устод Мирзо Муллоаҳмад, ки ба пажӯҳиш дар ин масъалаи муҳим ихтисос дорад, иқдоми шоиста ва қобили таваҷҷуҳ аст. Профессор Мирзо Муллоаҳмад дар ин таълифоти баландарзиш зиёдтар ба паёми ахлоқии Фирдавсии бузург таваҷҷуҳ зоҳир намуда, кӯшиш ба харҷ додааст, ки ситоиши хислатҳои нек ва мазаммати хислатҳои бадро аз рафтору гуфтори қаҳрамонони “Шоҳнома”−и безаволи Фирдавсӣ ва андешаҳои башардӯстии ин шоири бузургро мавриди пажӯҳиш қарор диҳад. Зеро муҳаққиқони “Шоҳнома” бештар ҷанбаҳои ҳамосиву қаҳрамонӣ ва асотириву таърихии ин шоҳасарро арзёбӣ намуда, ба ҷанбаҳои ахлоқиву тарбиявии он камтар таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Ғайр аз таълифоти хеш устод Мирзо Муллоаҳмад чандин шогирдонро тарбия намудаанд, ки атрофи масъалаҳои шоҳномашиносӣ асарҳои алоҳида ва таъсирбахш нигоштаанд.

Маврид ба зикр аст, ки дастовези ниҳоят пурарзиши ин олими маъруф аз “Паёми ахлоқии Фирдавсӣ”, Душанбе, 2003, 265 саҳ., “Ҷанг ва сулҳ дар «Шоҳнома», Теҳрон, «Нашри рӯзгор», 2005, 70 саҳ., “«Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем» (бо хатти кирилӣ), Душанбе, 2011, 268 саҳ.,  ва «Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем…» (бо хатти форсӣ), Теҳрон, Амири  Кабир, 1388, 203 саҳ., “Этические послания  Фирдоуси (в «Шахнаме»), Душанбе, 2018,  290 с., “«Очистим весь мир  от насилия и зла…», Берлин, Ламберт  Академик Публишинг, 2018, 329 с. иборат мебошанд.

Асарҳои мазкур, қабл аз ҳама аз он ҷиҳат қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар онҳо танҳо ба шарҳу тавзеҳи панду андарзҳои ҳокимонаи Фирдавсӣ басанда нашуда, балки бо равиши таҳқиқи илмӣ ва таҷзияву таҳлили амиқ, андешаҳои ахлоқии шоири бузург ва арзёбии зебоишинохтии онҳо таълиф шудааст. Дар фаслу бобҳои рисолаҳои иншо намудаи устод метавон баҳсу мунозираҳои илмиро мушоҳида намуд.

Тавре маълум аст, Фирдавсӣ бо унвони ифтихории “ҳаким” маъруф аст. Ин унвон дар осори муҳаққиқон тавзеҳи мухталиф пайдо кардааст. Муаллифи ин рисолаҳо пас аз баррасии андешаҳои гуногуни муҳаққиқон ба ин натиҷа расидааст, ки Фирдавсӣ ҳарчанд файласуфи ҳирфаӣ нест, вале аз он ҷо, ки ҳамчун донишмане мутабаҳҳир, аз донишҳои замони худ, аз ҷумла фалсафа, ахлоқ, фиқҳ, равоншиносӣ бархурдор аст. Дар воқеъ сазовори унвони “ҳаким” мебошад, мегӯяд Мирзо Муллоаҳмад ва ё муаллиф дар мавриди асли зарурати ҳикмат ва ахлоқ дар шеър ва адабиёт, ки муҳаққиқон андешаҳои гуногун изҳор кардаанд, ба баҳс пардохтааст. Баъзе донишмандон, лузум миёни андешаҳои ахлоқӣ ва панду ҳикматро дар шеър комилан инкор намудаанд. Устод Мирзо дар китобҳояш ба далелҳои устувор исбот мекунад, ки панду андарз ва тарбияи инсон аҳдофи аслии адабиёт дар ҳамаи давраву замонҳо будааст ва нодида гирифтани онҳо боиси маҳдуд кардани арзиши адабиёт мегардад.

Масъалаҳои ахлоқӣ метавонанд мавзӯи баҳси илмҳои зиёде чун фалсафа, ахлоқ ва ҳатто фиқҳ бошанд. Вале дар ин китоб масоили мазкур дар “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ қабл аз ҳама аз назари шинохти адабиёт мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Мирзо Муллоаҳмад дар рисолаҳои ба омӯзишҳи шоҳномашиносӣ ва фирдавсишиносии худ кӯшиш ба харҷ додааст, ки андешаҳои ахлоқии шоири бузурги моро аз нигоҳи зебошинохтӣ таҳлил кунад ва ба шеваҳову усули баёни онҳо таваҷҷуҳ намояд. Ӯ ба субут расонидааст, ки Фирдавсӣ дар адабиёти олам аз аввалин адибоне аст, ки шахсияти инсонро на як рангу якнавохт, балки ба таври мушаххас бо ҳамаи тазодҳояш воқеъгироёна ва воқеънигорона тасвир намудааст. Асарҳои таълифнамудаи Мирзо Муллоаҳмад оид ба “Шоҳнома”-ву Фирдавсӣ бори дигар ба субут мерасонад, ки панду андарзҳои ҳакимона, андешаҳои баланди ахлоқӣ ва чеҳраҳои офаридаи Фирдавсии бузург, имрӯз ҳам дорои арзишҳои воло ва дар парвариши маънавии аҳли башар хеле судманд аст. 

Мирзо Муллоаҳмад “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсиро гоҳ ба кохи бегазанд ва кӯҳи сарбаланд, гоҳ ба уқёнуси беканор ва осмони бекарон монанд карда, замоне онро бузургтарин ҳамосаи миллии тоҷик ва ҷаҳон дар ҳамаи даврон ва замонҳо донистаанд. Ин шоҳкори безаволи назм кӯҳи баланде аст, ки ганҷҳои шойгоне дар сина ниҳон дорад, осмони бекароне аст, ки пур аз ситораҳои дурахшон аст. Аммо пажӯҳишгарони ин шоҳкори нотакрори миллӣ ғаввосон, кӯҳнавардон, ситорашиносон ва қалъакушоёни ҳунар, бештар мафтуни фахомат ва бузургии зоҳирии он гашта, ба ганҷҳо ва дурахшиши ботинии он камтар таваҷҷуҳ кардаанд ва дар таъйини арзишҳои волои дурдонаҳои гаронбаҳои ин уқёнуси назм, яъне андешаҳои баланди ахлоқии шоир, таваҷҷуҳи ҷиддӣ нанамуда ва ба ишораҳо басанда кардаанд. Вале дар ин таълифоти фавқуззикр мо ин ҳама хасоил ва мардонагиву шуҷоатмандӣ ва ахлоқи ҳамидаи нақшофарони достонҳои “Шоҳнома”-и безаволро дармеёбем. Аз ин бар меояд, ки устод Мирзо Муллоаҳмад пайваста бо ҷаҳду талош ва лаҳзае ғофил набуда, неруи худро ба омӯзиши масоили муҳимми шоҳномашиносиву фирдавсишиносӣ бахшидааст.

Асарњои  М. Муллоаҳмад саҳми муҳимме дар  таҳқиқи масъалаҳои  ахлоқӣ дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ буда, дар тарбияи маънавии мардум арзишманданд ва  ба дарёфти  Ҷоизаи давлатии ба номи  Абӯалӣ ибни Сино сазовор мебошанд.

 

Зиёев С.Н.,

мудири Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ,

номзади илмҳои филологӣ                                        .

 

Последнее изменение Душанбе, 08 Июн 2020
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/