wrapper

Хабарҳо

Тунис Тоҷикистонро ба гурӯҳи кишварҳои «сабз», ки хатари пасти сирояти коронавирус доранд, дохил кард ва дарҳояшро барои сайёҳони мо боз намуд.
Мувофиқи гурӯҳбандии кишварҳо, ки аз ҷониби Вазорати тандурустии Тунис аз рӯи сатҳи таҳдиди паҳншавии коронавирус тартиб дода шудааст, мақомоти Тунис Тоҷикистонро дар гурӯҳи «сабз»-и кишварҳое, ки вуруди сайёҳони онҳо ба қаламрави ин ҷумҳурӣ иҷозат аст, ҷой кард. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора 25 июн радиои «Mosaique FM» бо истинод ба хадамоти матбуоти ҳукумати Тунис иттилоъ дод.
Вазорати тандурустии Тунис ба ин гурӯҳ ба ҷуз аз Тоҷикистон ҳамчунин Германия, Чин, Австралия, Италия, Япония, Эстония, Хорватия, Австрия, Швейтсария ва Ветнамро низ шомил намуд.
Ба гурӯҳи «норинҷӣ»-и кишварҳо Франсия, Албания, Озарбойҷон, Канада, Испания, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Ӯзбекистон, Полша, Португалия ва Сербия ворид шуданд.
Ба гурӯҳи манъшудаи «сурх» Россия, ИМА, инчунин аксари кишварҳои Америкаи Лотинӣ ва Алҷазоир, ки яке аз таъминкунандагони асосии мавҷи сайёҳон ба Тунис мебошад, дохил гардидаанд. Барои сайёҳони ин кишварҳо вуруд ба Тунис новобаста аз боз гардидани сарҳадҳои миллии ин ҷумҳурӣ аз 27 июн манъ аст. «Иҷозати вуруд аз кишварҳои гурӯҳи «сурх» танҳо ба шаҳрвандони Тунис, ки ба ватан бармегарданд, дода мешавад», – гуфта шудааст дар хабари радиои «Mosaique FM».
Барои одамоне, ки аз кишварҳои дорои хатари пасти сирояти коронавирус (гурӯҳи «сабз») ба Тунис меоянд, мақомот ягон тадбири маҳдудкунандаи санитариро ба нақша нагирифтаанд. Сайёҳони кишварҳое, ки хатари муътадили сироятшавӣ доранд (гурӯҳи «норинҷӣ») бояд ҳангоми убури сарҳад натиҷаи санҷишро барои муайян намудани коронавирус, ки на дертар аз 72 соат пеш сурат гирифта бошад, пешниҳод намоянд. Ҳаракати сайёҳон аз кишварҳои шомили ин гурӯҳ, инчунин ҷойгиркунии онҳо дар меҳмонхонаҳо аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккил мутобиқи протоколи санитарии дар ин кишвар қабулшуда сурат мегирад. Барои соқит намудани маҳдудиятҳои санитарии нисбат ба онҳо ҷоригардида сайёҳон ҳуқуқ доранд дар рӯзи шашуми иқомат дар ин кишвар аз ҳисоби худ барои муайян намудани мавҷудияти коронавирус санҷиш гузаронанд.
Маркази миллии тадқиқоти бемориҳои нав бо мақсади ворид намудани тағйирот ба гурӯҳбандии кишварҳо, ки аз тарафи мақомоти Тунис аз рӯи сатҳи хатари сироятшавӣ ба коронавирус қабул шудааст, вазъи эпидемиологии ҷаҳонро назорат мекунад.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Тунис, дар ин кишвар ҳамагӣ 1 162 ҳолати сироятёбӣ ба коронавирус ошкор шуда, 50 нафар вафот кардаанд ва 1 023 нафар беморон шифо ёфтаанд.
 
 
 
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/