wrapper

Хабарҳо

Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Саъдии Шерозӣ

Устод Муҳаммад Осимӣ яке аз шахсиятҳои намоён ва чеҳраи мондагори таъриху фарҳанг дар ҷомеаи мо буданд ва абадан ҳастанд.
Академик М. Осимӣ бо дастгирии бевоситаи аллома Бобоҷон Ғафуров ба Душанбе омада, дар риштаи таърихи фалсафаи физика кори илмиашонро оғоз намуда, сипас барои дифои он ба шаҳри Москав фиристода мешаванд. Рисолаи номзадиашонро бо муваффақият баъди се сол таҳти роҳбарии узви пайвастаи Академияи байналмилалии таърихи илм Кедров Бонифатий Михайлович дифоъ кардаанд.
Маврид ба зирк аст, ки  устод дар вазифаи Вазири маорифи халқи Тоҷикистон ҳам кору фаъолият кардаанд.
Соли 1964 устод Осимӣ баъди даргузашти Президенти Академияи Илмҳои ҷумҳурӣ, донишманди маъруф, шахсияти барҷастаи олами илму дониш дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Султон Умаров бо қарори Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон (15.05.1965) ба вазифаи Президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ интихоб гардиданд. Устод дар ин вазифа 23 соли умри хешро бахшида парчамбардори илму маърифати Тоҷикистон ва берун аз он кишварҳои дуру наздик буданд. Дар ин вазифаи пурмасъули давлатӣ устод М. Осимӣ тавонистаанд, ки  чӣ қадар корҳои хайрро дар ҷодаи илм бо муваффақият ба анҷом расонданд.
Бояд зикр намуд, ки М. Осимӣ ҳамчун чеҳраи мондагор дар қалбҳои миллатҳои дигар низ ҷой гирифтаанд. Ногуфта намонад, ки Конференсияи умумииттифоқии шарқшиносони Иттиҳоди Шӯравӣ, (моҳи марти соли 1957) дар Тошканд асосан бо ташаббуси Б. Ғафуров баргузор шуда буд, ки ин оид ба таъсиси муассисаи Академияи илмии шарқшиносӣ дар Тоҷикистон такони муҳим эҷод карда буд.[1] Дар як муддати кӯтоҳ баъд аз ин конференсия моҳи январи соли 1958 Қарори  К.М. ҲК Тоҷикистон ва Шӯрои вазирони ҷумҳурӣ оид ба таъсиси шуъбаи шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ қабул шуд ва моҳи март дар заминаи ин қарор шуъбаи шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ дар назди Раёсати Академияи илмҳои ҶТ таъсис ёфт ва устод Абдулғанӣ Мирзоев сарвари он таъин гардиданд. Баъд аз вафоти А. Мирзоев барои муайян намудани самтҳои асосии таҳқиқоти илми шарқшиносии тоҷик, ҷалб кардани кадрҳои болаёқат, ташкили ганҷинаи осори хаттӣ, тарбияи олимони шарқшиноси тоҷик боиси таҳният ва қадршиносӣ гардид. Баъд аз вафоти академик А. Мирзоев, М. Осимӣ солҳои зиёд аниқтараш аз соли 1976 то 1986 сарпарастии институти шарқшиносиро доштанд ва дар таъбу нашри осори бузургони илму фарҳанги тоҷик кӯшишҳои зиёде ба харҷ додаанд. Дар ин давра бо ташаббуси М. Осимӣ чандин Институтҳо дар Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон таъсис ёфтанд.
Бояд гуфт, ки М. Осимӣ барои таҳкими робитаҳои илмии Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии Иттиҳоди Шӯравӣ, кишварҳои дигар махсусан кишварҳои Шарқу Ғарб кӯшиши зиёде ба харҷ додаанд. Бо роҳбарии некбинона ва сулҳҷуёнаи устод М. Осимӣ робитаҳои илмии Тоҷикистон бо Эрон, кишварҳои Араб, Афғонистон, Ҳиндустон, Олмон, Чехия, Полша ва Амрико бештар густариш ёфтаанд.
Устод дар таъсису пешрафти муассисаҳои академӣ алалхусус устод М. Осимӣ дар таъсиси Академияи илмҳои Афғонистон нақши муҳим бозидаанд. Қобили зикр аст, ки устод М.Осимӣ дар нашри асарҳои Абулқосим Фирдавсӣ, Ибни Сино, Абурраҳмони Љомӣ, Абурайҳони Берунӣ, хидмати ниҳоят бузург кардаанд.
Маҳз бо саъю талошҳои олимони маъруфу барҷаста Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммад Осимӣ ва Абдулғанӣ Мирзоев Институти Шарқшиносӣ сиёсати «Дарҳои кушода»-ро дошт. Қобили зикр аст, ки Иститути шарқшиносӣ ҳамзамон «Институти дараҷаи якум» ҳисобида мешуд, ин ҳам хидмати назарраси устод М. Осимӣ буд. Хидмати бузурги эшон боз дар он буд, ки кормандони институти шарқшиносӣ нисбати дигар институтҳо аз 20 % то 30 % барои забондонӣ зиёд маош мегирифтанд.
Устод академик М. Осимӣ дар таълифи китоби шашҷилдаи «Таърихи тамаддуни Осиёи Марказӣ», ки аз тарафи ЮНЕСКО ба нашр расидааст, саҳми назарраси хешро гузоштаанд. Агар мо ба оинаи таърих назар андозем, яке аз омилҳои асосӣ ин буд, ки Душанбеи онвақта ба маркази илмиву фарҳангӣ табдил ёфта буд.[2]
Соли 1968 дар шаҳри Душанбе «Симпозиуми байналмилалӣ оид ба фарҳанги Бохтариҳо, Суғдиён ва Кӯшониён» баргузор гардид. Дар ин Симпозиум ҳайати олимон ва донишмандони зиёде қариб аз тамоми ҷаҳон аз ҷумла аз Олмон Вернер Зундерманн, аз Амрико Ричард Фрай, аз Чехия Иржи Бечка аз Эрону Афғонистон ва аз Руссия Бобоҷон Гафуров, Дорри, Н.И. Пригарина ширкат варзида буданд. Устод академик М. Осимӣ таъсискунанда ва раиси ин Симпозиум буданд. Баъди дидан кардан аз шаҳри Душанбе донишманди шинохта  аз Академияи Бранденбурги Олмон Вернер Зундерманн чунин менависад: «Аҷинатеппа яке аз ёдгориҳои аҷиб ва диданибоб аст. Аз зиёрати ин макони муқаддас, сарфароз шудам ва ман аҷдодону қавмҳои Осиёи Марказиро бори нахуст мебинам. Аслан бозёфтҳои бостоншиносони тоҷик бебаҳоянд». Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардум ва қавмҳое, ки дар ин сарзамин аз қадим сукунат доштаанд, ҳамчун «Довар» нақши хешро дар инкишофи «Буддоизм» дар минтақаи Осиёи Марказӣ бевосита гузоштаанд.3
Боиси ифтихор аст, ки бо даъвату кӯмаки шодравон Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Осимӣ собиқ Раиси Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИҶТ донишмандони хориҷӣ борҳо ба Тоҷикистон сафар кардаанд ва аз ҷумла аз шаҳрҳои Душанбе, Исфара, Хуҷанд, Бадахшон, Панҷакент, Истаравшан ва ғайра дидан карда ҳамзамон шиносоӣ пайдо кардаанд. Вақте ки олимон аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон меомаданд, бевосита устод М. Осимӣ онҳоро ба Институти шарқшиносӣ даъват карда суҳбатҳо меоростанд. Дар ин нишастҳо устод шахсони барҷастаро низ даъват мекарданд, аз ҷумла Ричард  Фрай, Иржи Бечка, Манфред Лоренс, Бурхард Брентес, аз шоирони Эронӣ хонум Жола Бадеъ, Сиёвуши Касроӣ, устод Ёршотир, олимони Руссия Бертелс Брагинский Е.Примаков ташриф оварда буданд.
Ногуфта намонад, ки қариб барои ҳамаи олимоне, ки аз Аврупову Амрико ба Тоҷикистон алалхусус ба Академияи илмҳо меомаданд, банда ба сифати тарҷумон ва роҳбаладӣ мекардам. Вақте ки дар қабули устод М. Осимӣ бо олимони Олмонӣ аз Донишгоҳи Мартин Лютери Ҳалле Виттенберг, Бурҳард Брентес будем, устод Осимӣ ӯро вазифадор карда буданд, ки “Ман ҳамаи харҷҳоро ба ӯҳда мегирам ва бо як шарте, ки Шумо доир ба таъриху фарҳанги Тоҷикон китобе нависед”. Маҳз бо хоҳиши устод М. Осимӣ китоби “Тақдири мардуми Ҳиндукуш” «Афғонҳо, Балуҷҳо, Тоҷикон» рӯи чоп баромад.[3]  Зеро, Б.Брентес қариб дар тамоми Тоҷикистон аз ҷумла Бадахшону Хуҷанду, Исфараву Истаравшан ва Панҷакент сафарҳои тадқиқотӣ кардааст. Саҳми устод Осимӣ барои ин китоб роҷеъ ба ҳунарҳои Осиёи Марказӣ хело назаррас аст, ва ҳам бузург аст.
Китоби дигари ин донишманди маъруф «Осиёи Марказӣ ва ҳунарҳои исломӣ»[4] ном дорад, ки ҷолиб ва пурмуҳтаво буда, муаллиф аз ҳунарҳои қадимаи тоҷикон аз ҷумла кулолгарӣ, кашидадӯзӣ, шоҳибофӣ, зардӯзӣ, ҳунари сохтани ороиши занона аз нуқраву фирӯза ва дигар сангҳои гаронбаҳо бо як муҳаббати хоса тадқиқот кардааст.
Аҷиб ин ки ин китоб дар муддати 2 рӯз дар шаҳри Вена 5 ҳазор нусха ба фурӯш рафтааст. Ин боиси ифтихор аст, ки китоб асосан ба ҳунарҳои зебои Тоҷикистон бахшида шудааст ва маҳз бо ташаббусу кӯмаки дастгирии устоди арҷманд М. Осимӣ рӯи чоп омадааст. Ин ифтихори бузург аст, ки дар Аврупо ин китоб - “Албом” хонотарин шудааст!
Дар интиҳо қайди чанд нуктае ба маврид аст, ки устод Осимӣ баъди сафарҳояшон ба Институти шарқшиносӣ омада аз сафарҳояшон нақлҳои ҷолиб мекарданд. Устод М. Осимӣ он қадар меҳанпараст буда, ба ҳар як муқаддасоти миллӣ арҷгузорӣ мекарданд. Бузургвор М. Осимӣ ба ман тавсия дода буданд, ки ба масоили “Тоҷикшиносӣ” дар кишварҳои Аврупо тадқиқот гузаронам. Ҳаминтавр ҳам шуд, дар самти тозаи илмӣ муваффақ ҳам шудам ва билохира ҷоизаи М. Осимӣ шарафёр шудам. Устоди бузургвор М. Осимӣ инсони поксиришту накӯкор, некдилу хайрхоҳ дар қалбашон анъаноти шарқӣ мафтункунандаро доштанд.
Имрӯз чеҳраи мондагори устод Муҳаммад Осимӣ ҳамчун шахсияти барҷастаи илму фарҳанги тоҷик дорои хираду дониши воло, истеҳзо ва тамасхури нозук дар фарзонагӣ намунаи ҳамаи тоҷикону тоҷикистониён дар арсаи байналмилалӣ мебошанд.
Рӯҳи поки устод ҳамеша шод бошад.
 
Санавбарбону Воҳидова д.и.т., профессор,
мудири шуъбаи Аврупо ва Америка
 
 
 
[1] Муҳаммад Осимӣ Шарқшиносии тоҷик (1958-2018) Душанбе, 2009. с. 69.
[2] Ҳамон ҷо; с.69-70
3.Воҳидова С. Душанбе - ҳамчун маркази илмӣ ва фарҳангӣ // Тамаддуни Эрониёну тоҷикон дар таърихнигории мамолики олмони-забони Аврупо (қарни XVII-авв. XXI) Душанбе, -2007, -с 239.
ҳамон ҷо:  Китоби навиштаҷоти хонаи дӯстӣ бо мамолики хориҷӣ. 10.09.1968.
[3] Brentjes Burchard.  Volkers am Hindukusch, Atghanen, Belutschen Tadshiken, Leipziq, 1983.-387s.
[4] Brentjes Burchard, Ruerrdanz Karin // Mittelasien-Kunst des Islam // Kunstverlag-Leipzig. 1979,-1360 s.
Последнее изменение Сешанбе, 15 Сентябр 2020
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/